Home ХАБАР ТАШРИФИ РАИСИ КОА БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ РАИСИ КОА БА ДОНИШГОҲ

by admin
56 views

Санаи 19-уми феврал раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ омада, дар толори фарҳангӣ бо ҳайати Шӯрои олимон вохӯрӣ анҷом дод.

Нахуст, ректори донишгоҳ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом суханронӣ намуда, меҳмонро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, Розиқзода Абдулҳаким суханронӣ намуда, аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ёдовар шуданд. Инчунин, дар бораи фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва мушкилоту нофаҳмиҳо ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ суҳбат карданд.

Баъдан, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом ва розигии аъзоёни Шӯрои олимон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ҳамчун профессори фахрии донишгоҳ эътироф карда шуд.

Баъди суханронӣ аз тарафи омӯзгорони донишгоҳ саволҳо пешниҳод гардид, ки профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодгардида посух доданд.

Related Articles

Leave a Comment