Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ 16 РӮЗИ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ

16 РӮЗИ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ

by admin
402 views

Бо қарори СММ ҳамасола аз санаи 25-уми ноябр то санаи 10-уми декабр 16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон таҷлил карда мешавад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки 25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат нисбат ба занон оғоз ёфта, то 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон идома меёбад.

Ин маърака аз ҷониби фаъолони нахустин Институти пешвои ҷаҳонии занон дар соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамасола аз ҷониби Маркази пешвоёни ҷаҳонии занон ҳамоҳанг карда мешавад. Он ҳамчун як стратегияи ташкилӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилотҳо дар саросари ҷаҳон барои пешгирӣ ва бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон истифода мешавад.

Ҳадафҳои асосии маъракаи 16 рӯзи зидди хушунат ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ду масъалаи мубрам: пешгирӣ ва муқовимат бо хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон, инчунин баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муттаҳид сохтани кӯшишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошанд.

Даъвати маъракаи имсола дар доираи 16 рӯзи зидди хушунат бо даъвати «Ҷаҳонро бо ранги норинҷӣ ранг намо: Насли баробарӣ бар зидди таҷовуз» баргузор гашта истодааст.

СММ ин рӯзҳоро барои пӯшидани либоси норинҷӣ ё лавозимоти норинҷӣ даъват мекунад, то ҳамбастагии худро бо ҳаракат барои ояндаи аз зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон озод баён кунанд. Дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон чорабиниҳо баргузор мешаванд ва биноҳои машҳур бо ранги афлесун равшан карда мешаванд.

Ин рӯзро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1999 расман эълон кард, аммо он дар соли 1981 ба хотираи марги фоҷиабори се хоҳари Мирабелле, ки дар давраи диктатураи ҳокими Доминикан Рафаэл Трухило дар соли 1960 ба таври ваҳшиёна кушта шуданд, ҷашн гирифта мешавад.

Аз соли 1991 инҷониб маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ» дар 100 давлати ҷаҳон дастгирӣ карда мешавад, то фаҳмиш ва огоҳии ҳама гуна зӯроварӣ ва фароҳам овардани фазои иҷтимоӣ аз зӯроварӣ озод карда шавад.

Дар соли 2019 Шӯрои Ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид изҳор дошт, ки ҳар 8-ум зан аз 10 зан дар Тоҷикистон ҳадди аққал як маротиба дар давраи муайяни зиндагонияш аз ҷониби шавҳар, волидайни шавҳар ва ё аъзои дигари оила гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ё иқтисодӣ қарор гирифтааст. (Тибқи гузориши таҳлили омори давлатии соли 2017).

Яке аз оқибатҳои хушунат ин вайроншавии оилаҳо мебошад, ки мутаасифона солҳои охир ин нишондиҳанда дар кишвар афзоиш ёфтааст.

СОЛҲО НИКОҲ ТАЛОҚ

2014      95537    9037

2015      76956    8346

2016      72499    8845

2017      78638   10053

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

2014      36418   1882

2015      27857   1671

2016      26507   1707

2017      29733   1829

Бо мақсади пешгирии хушунат дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ба тасвиб расидааст, аз ҷумла «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила». Инчунин, қайд карда шуд, ки дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва «Конвенсия оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон»-ро эътироф намудааст, ки иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона шудааст.

Бо мақсади таъмини фазои солим дар оила ва ҷомеа, пешгирии хушунат ба камол расонидани насли рӯҳан ва ҷисман солим шиори «Интихоби ман — Ҳаёти бехушунат» ҳамрайъӣ ба маъракаи умумиҷаҳонии 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ ва ҳаёти бехушунат ба мақсад мувофиқ аст.

Муборак САФАРОВА,

саромӯзгори факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment