Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ВНМО

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ВНМО

by admin
246 views

Ҳамасола 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешавад.

Бо ташаббуси саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак дар факултети иқтисод ва идора семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Қайд гардид, ки солимии аъзоёни ҷомеа аз ҳар як фарди он вобаста буда, зимни муаррифии мавзӯъ таърихи пайдоиши беморӣ, ошкор намудани ВНМО, роҳҳои гузариш ва пешгирии беморӣ, усулҳои ташхиси беморӣ, омори мубталоёни ВНМО дар ҷаҳон ва дар муқоиса бо бемориҳои дигар инъикос гардид. Инчунин, оид ба вазъи мубталоёни беморӣ дар Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ ва расонидани кӯмакҳои тиббӣ, аз ҷумла, дастрасии беморон ба табобати ройгони зиддиреторовирусӣ (АРВ) ва дигар намуди кӯмакҳои моддӣ маълумот дода шуд.

Дар рафти семинари имлӣ-назариявӣ дар доираи мавзӯъ видеоролик оид ба сохтори вирус ва паҳншавии он дар бадани инсон ва таъсири он ба системаи иммунологии одам намоиш дода шуд.

Чорабинӣ бо саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъ ва шиори «Ҷавонон бар зидди ВНМО» ва «Интихоби ҷавонон-ҳаёти солим» анҷом ёфт.

Related Articles

Leave a Comment