Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢНАЗАРПУРСИҲО СУХАНИ РАВШАНФИКРОН ТО ЧӢ АНДОЗА ТАЪСИРГУЗОР АСТ?

СУХАНИ РАВШАНФИКРОН ТО ЧӢ АНДОЗА ТАЪСИРГУЗОР АСТ?

by admin
320 views

Дар ҳама миллатҳо гурӯҳе аз мардум бо фарқият аз дониш, илм, идрок ва заковату тафаккури густурда ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд. Пешиниёни мо ба монанди Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Румӣ, Саъдию Ҳофиз ва дигарон тавассути андешаҳои бикр тавонистанд, ки ба ҷомеа таъсир расонанд ва таҳаввулотеро дар ҷомеа ба миён оранд. Ин  гурӯҳро  имрӯз  равшанфикр  меноманд.  Олимон,  шоирон,  нависандагон, рӯзноманигорон, омӯзгорон, табибон ва ғайра ба ин гурӯҳ шомиланд. Акнун саволе ба миён меояд, ки сухани эшон дар ҷомеа то кадом андоза муассир аст?

Аз ин рӯ, вобаста ба ин мавзӯъ хостем аз чанде омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо саволи»Сухани равшанфикрон то чӣ андоза таъсиргузор аст?» пурсон шавем.

Гар шаб набувад сиёҳу дайҷур,

Дар хона чароғ кай диҳад нур?

Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Нақши равшанандеш дар пешравии ҷомеаи мо, хусусан ба хештаншиносии иллӣ расидани тоҷикон ниҳоят муҳим мебошад. Чаро? Барои он ки насли имрӯзаи мо дар марҳи-лаи ҷаҳонишавии олам қарор дорад. Аз ҷониби дигар дар назди насли имрӯзаи равшанандешон вазифаи вазнини сохтани ҷомеаи навин гузош-та шудааст ва чунин фикр вуҷуд дорад, ки дар замони кунунӣ андешаманди тоҷик бояд ба тарзи аврупоӣ мулоҳизаронӣ кунад. Яъне, дар пеши андешаманди тоҷик вазифа гузошта шудааст, ки паҳн кардани  донишҳои дақиқ ва ихти-роъкориро бояд дар ҷои аввал гузорад. Андешаи динӣ мисли мамлакатҳои Аврупо ҷойгоҳи худро дорад ва набояд ба илмҳои дақиқ пайваста шавад.

Ҷумъахон НАЗАРОВ, директори Коллеҷи тиббии Кӯлоб.

Ман фикр мекунам, ки рав-шанфикрон дар ҳама давру замон ба мардум таъсири нек мерасонанд. Як фикри солим метавонад бар силоҳбадаст ғолиб ояд. Бояд гуфт, ки ҳар як равшанфикр фаҳмиши худро дошта, ба касб ва соҳаи худаш ба мардум таъсир мерасонад. Дар навбати худ ҳастанд шахсоне, ки фаҳмиши олӣ доранд, лекин фикрҳояшонро ба мардум ё аудитория фаҳмонида наметавонанд.

Агар таъсири равшанфикронро дар соҳаи маориф ва тандурустӣ гирем бе ягон шаку шубҳа албатта равшанфикрон дар ин ду соҳа таъсири мусбии худро мерасонанд. Ҳарчанд дар ватани мо ҳоло тақрибан 3000 корманди миёнаи касбии тиб аз Бадахшон то Зарафшон  нарасанд  ҳам, Ҳукумати ҷумҳурӣ кушиш бар он дорад, ки ин мушкилиро бартараф намояд. Духтарон ва писароне, ки коллеҷи тиббиро хатм намудаанд, дар ҷумҳурӣ кор ва фаъолият карда истодаанд, ки ин ҳама маҳсули дасти устодону равшан-фикрон мебошад

Фирӯза ФАЙЗУЛЛОЕВА, мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Дар  ҳама  давру  замон ҷомеа  ба  равшанфикрон эҳтиёҷ дошт, зеро онҳо метавонанд ба мардум таъсир расонанд. Мо дар давраи тарақ-қиёти илм ва техника, вазъи мураккаби сиёсӣ, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб зиндагӣ мекунем. Ҷомеаи моро сели ахборотҳо, чӣ ба воситаи ахбори омма ва чӣ ба воситаи интернет пахш мекунад. Маҳз имрӯз ҷомеаи мо ба равшанфикрон эҳтиёҷ дорад, зеро таъсири равшанфикрон ба мардум метавонад, боиси баланд шудани шуури зеҳнии онҳо  гардад.  Дар  сатҳи ҷаҳонӣ омӯзондани сиёсати давлат ва ҳукумат, баҳра бурдан аз илм, фарҳанг ва кашфиётҳои ҷаҳонӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ бе таъсири рав-шанфикрон номумкин аст. Маҳз таъсири мусбии онҳо ба муваффақ шудан ба ҳадафҳои нек оварда мерасонад.

Қумринисо МАҲМУДЗОДА, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии Кӯлоб.

Рашанфикрон дар ҷумҳурии мо нақши муҳим доранд ва ба мардум таъсири хуб мерасонанд. Масалан, донишҷӯёне, ки навқалам ҳастанд ва қобилияти хуби эҷодӣ доранд, метавонанд, ки бо таъсири равшанфикрон шахсиятҳои бузург шаванд. Равшанфикрон метавонанд, ки дар бораи онҳо фикру ақидаи худашонро баён намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон соли2017-ро»Соли ҷавонон» эълон намуданд ва мо боварии комил дорем, ки ҷавонони мо имсолро бо дастовардҳои илмию фарҳангӣ ҷамъбаст хоҳанд кард. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҷавонон аз ҳарвақта бештару хубтар кору фаъолият намоянд, зеро тамоми техникаву технологияҳои инноватсинонӣ барои ҷавонон муҳайё аст. Мо метавонем ҷавононро ҳам равшанфикр ном барем. Омӯзгорони равшанфикр метавонанд дар дарсҳои худ ба донишҷӯён таъсири хуб расонанд.

Раҳмоналӣ  ШАРИФОВ, мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Коллеҷи  омӯзгории  ДДК  ба номи А. Рӯдакӣ.

Равшанфикрон  ба  аҳли ҷомеа метавонанд тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳиро бедор созанд. Ба ақидаи ман покандешон дар замони ҳозира каманд, чунки баъзе аз онҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта, барои таъсир расонидани шахсиятҳои гуногуни ҷомеа камтар кушиш ба харҷ медиҳанд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло мисол меорем шомил шудани ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ. Хуб мешуд, ки манфиати худро яктараф гузошта, фикри ояндаи миллату давлатро мекарданд ва тавассути андешаҳои возеҳу равшани худ ба ҷомеа таъсири мусбат мерасониданд.

Зайниддин ДАВЛАТОВ, мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Ба андешаи ман дар замони ҳозира равшанфикрон аз нигоҳи сиёсӣ ба мардум таъсири бештар расонида метавонанд.  Зеро  дар ҷомеаи имрӯза ба ҳар гуна ашхос вохӯрдан мумкин аст. Замоне фаро расидааст, ки ба инсонҳо на ба сурат, балки ба сираташон назар афканем. Равшанфикрон яке аз инсонҳое мебошанд, ки ақлу хирад ва дониши хуби сиёсидоштаи ҷомеаи мо мебошанд. Ҳар як равшанфикр метавонад дар ҷомеа бо ақлу хирад ва дониши худ таъсири хуб расонад. Мо на-танҳо зиёиёнро равшанфикр гуфта метавонем, балки хамаи он нафароне, ки андешаи солим ва пок доранд, равшанфикр мебошанд. Ми-сол оварда метавонем, ки нафақахӯрон ва баъзе аз нони хонанишинро, ки андешаи поку солим доранд ва бо ин ақидаашон метавонанд ба аҳли ҷомеа таъсири мусбӣ расонанд.

Шоҳрухи САИДҶАЪФАР, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.

Дар ҷомеаи муосир дар раванди ҷаҳонгароӣ нақши равшанфикрон хеле бузург аст. Инсоният дар даврае қарор дорад, ки хатарҳои зиёд дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст. Барои ҳар шахс лозим меояд, ки ба хотири зинда мондан ва аз ин хатарҳо огоҳ шудан рӯ ба илм ё равшанфикре орад. Падидаҳои номатлуб аз қабили терроризм, экстремизм,  кибертерроризм, биотерроризм, хариду фурӯши инсон, маводи мухадир ва ғайра, ки ба ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Маҳз равшанфикрон метавонанд ҷомеаро аз ин ҳолатҳо берун кунанд ва ба ҳолати рӯҳию равонии онҳо таъсири мусбӣ расонанд. Дар ҷумҳурии мо маҳз равшанфикрон  буданд,  ки роҳҳои ҳалли ҷанги шаҳрвандиро ёфта, инкишофи ҷомеаро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба пеш бурданд. Нақши таъсиррасонии равшанфикрон буд, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва умр ба сар мебарем.

Таҳияи

Алишери АБДУЛМАҶИД

Related Articles

Leave a Comment