Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ НОКОМИИ МУСТАФО АҲМАДОВ ДАР ҶОМИ ҶАҲОН

НОКОМИИ МУСТАФО АҲМАДОВ ДАР ҶОМИ ҶАҲОН

by admin
109 views

Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод, бо иштироки беҳтарин варзишгарони дунё дар кишвари Сербия ҷарайён дорад. Дар даври 1/8 ниҳоии вазни 70 кг варзишгари тоҷик  Мустафо Аҳмадов бо намояндаи Украина — Игор Никифорук қувва озмуд.

Дар ин нерусанҷӣ — Мустафо Аҳмадов бо ҳисоби 8:1 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Имрӯз варзишгари дигари тоҷик — Муҳаммад Икромов дар вани 61 кг ба майдон мебарояд. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Реҷеп Топал аз Туркия мебошад. Тибқи иттиллои сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод Абдурозиқ Олимов яккачини мамлакат бинабар сабаби мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ вобаста ба бемории Ковид-19 пурра иштирок карда натавонист.

 

Related Articles

Leave a Comment