Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОБУРӮИ АҲЛИ ДИН

ОБУРӮИ АҲЛИ ДИН

by admin
348 views

Модар ба мисли замин яктост, меҳру муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Модар нахустин касест, ки ба фарзанд дарси одаму одамгарӣ, дарси ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дарси ватандӯстиву ватанпарвариро меомӯзонад.

Обурӯи аҳли дин аз хоки пойи модар аст,

Ҳарчӣ дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пойи модар аст.

Зан — модар ба қавми бузургон бо як  дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Воқеан зан-модар нерӯи инсон ва ҷомеа дар ин ҷаҳон буду ҳаст ва хоҳад монд. Агар садсолаҳо васфашро рӯи авроқи сухан биёрем то ҳол ҳам кам аст. Чӣ қадаре, ки бузургону олимон ва хирадмандон бо гирифтани дасти дуои модар бо мувафақиятҳо ноил гардидаанду сари таъзим пеши пояш фуруд овардаанд.

Суман ШАРИПОВА,  

донишҷӯи соли 2-юми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment