Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БИРАФТӢ

БИРАФТӢ

by admin
196 views

Навқалам

Бирафтӣ ту зи кӯйи ман, нахоҳам ман туро дигар,

Биойӣ рӯзе гар наздам, нахоҳам ман туро дигар.

Кунун ҷойи туро бар дигаре додам, дилозорам,

Зи ишки ту гузар кардам, нахоҳам ман туро дигар.

Ҳамеша баҳри ту будам вафодор доимо, эй ҷон,

Зи куйи ту гузар кардам, нахоҳам ман туро дигар.

Маро мегуфтанд хешон, ки ҳастӣ булҳавас, эй ёр,

Накардам боварашон ман, нахоҳам ман туро дигар.

Пушаймонам, ки дилро бар туи бемеҳр биспурдам,

Надонистӣ ту қадрамро, нахоҳам ман туро дигар.

Хама мегуфтанд бар ман, ки ошиқ будан ин макр аст,

Надонистӣ ту қадри ишқ, нахоҳам ман туро дигар.

Биё Ошиқ, бирав аз баҳри ишқи ин Баноз бигзар,

     Надорӣ қадри як ҳарфам, нахоҳам ман туро дигар.

Юсуфзода Мавлоно Абдуқодир (Мавлоно Ошиқ), донишҷӯи соли 2-юми таҳсилоти фосилавии факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment