Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТЕРРОРИЗМ-ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

ТЕРРОРИЗМ-ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

by admin
301 views

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар ҷаҳони муосир таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯз аз рӯз, соат ба соат дар ин ё он нуқтаи курраи замин амалҳои номатлуби террористӣ сар зада истодааст.

Терроризм ва эктеризм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутарақии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз паёмади ногувори ин гуна амалҳо ҷилвагарӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди тероризм» қабул карда шуд. Пешвои миллат доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва сокини саёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст».

Мубориза бо терроризм ва эктремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умуми тақозо менамояд.

Сомон НАЗАРОВ,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment