Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҶАСОРАТИ ЗАН

ҶАСОРАТИ ЗАН

by admin
170 views

Хонандаи гиромӣ! Қиссаи воқеиеро аз ҳаёти як зани тоҷик баҳратон пешниҳод мекунем, то тавонем ҷасоратро аз ин зани танҳо омӯзем.

Дар деҳаи хурдакаке бо номи Сафедоби боло оилаи хушбахте соҳиби се фарзанд: ду духтар ва як писар зиндагӣ мекарданд. Онҳо деҳқонӣ мекарданду ризқу рӯзӣ ёфта, зиндагиашонро пеш мебурданд. Вақте фарзандони онҳо бо гузашти айём бузург шудан мегиранд, талаботи онҳо низ зиёд мешавад. Писари калонӣ ба мактаб меравад. Ба вай либоси мактабӣ, дафтару китоб ва дигар лавозимотҳои хониш лозим аст, аммо пули аз деҳқонӣ бадастомадаи волидайн барои таъмини оила басандагӣ намекунад. Падар аз сабаби нарасидани шароити иқтисодӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меравад. Марди бечора дар ватани бегона кор мекунаду маблағи ночизи бадастовардаашро ба фарзандон равон мекунад, то дар қатори дигар ҳамсолонашон бихӯранду бипӯшанд. Дар ғарибӣ зиёд мондани ин падари ба дил наздику аз чашм дури фарзандон зиёд давом намекунад. Падар ба бемории шуш гирифтор шуда, дар муддати 2 моҳи дар ғарибӣ буданаш олами фониро падруд мегӯяд. Ғаму андӯҳ ба хонадон, ба зиндагӣ бори гаронест, ки инсонро ба вартаи ҳалокат тела медиҳад. Дӯстон ва наздиконаш ҷасади ӯро гирифта, ба Ватан мефиристанд. Ғаму андӯҳ тамоми деҳаро фаро гирифта мегирад. Ҳамсари гирён, фарзандони ду чашм дар роҳи падар чор, ки омад-омади падар ва бо табассум нигоҳ кардани ӯро бесаброна интизор буданд, ногаҳон дар саҳни ҳавлӣ мурдаашро мебинанд. Оҳи зани танҳо, фиғону нолаи тифлони маъсум замину замонро  ба ларза дароварда буд. Духтари хурдиаш ҳатто чеҳраи падарро дар хотир надошт.

Барои як оилаи хушбахт чи хел вазнину сангин аст, ки як узви оиларо аз даст бидиҳад. Пас аз чанд соате майитро ба хок супориданд. Фарзандон  ҳарчанд бо доду фиғони баланд мегуфтанд: «Падарҷон, моро танҳо нагузоред, бе шумо зиндагӣ кардан намехоҳем, бе шумо зиндагӣ бароямон маъно надорад, ба шумо сахт эҳтиёҷ дорем», аммо фарёди бесадо.

Ғам мадор, эй покдил дар синаат,

Пок дор ,аз ҳар ғубор оинаат.

Зани босабру ботаҳаммул фарзандонашро дар оғӯш гирифта, он ҳама муҳаббате, ки ба онҳо дошт, дучанд зиёд намуд, то ғами падар аз ёдашон раваду набудани ӯро эҳсос накунанд, вале ҷойи муҳаббати падарро муҳаббати каси дигар гирифта наметавонад. Рӯзи кӯдакони ятим мегузарад, мардуми хайрхоҳи деҳа ятимонро аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Фарзандони аз муҳаббати падар дур гиряву зорӣ намуда, худро ба дару девор зада, мегуфтанд: «Падарҷон дар куҷоед, чаро садои моро мешунаведу намеоед? Дигар мо киро падарҷон гуфта, садо мекунем?»

Ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо сипарӣ мегардад, вале боз ҳам фарзандони дар орзуи падар роҳи ӯро мепоянд. Духтари хурдиаш, ки бузург шудан мегирад, ҳамеша аз модараш пурсон мешавад: «Модарҷон, падарамон дар куҷост? Чаро намеояд? Чӣ, ӯ дигар моро дӯст намедорад? Чаро ҳама дугонаҳои ман падар доранду ман надорам?»

Гиря модарро гулугир мекунад: «Духтарам, падаратон дар роҳи хело дур аст. Ӯ шуморо бисёр дӯст медорад, вай ба назди мо омада наметавонад. Худо хоҳад бо гузашти замон мо ба наздаш меравем.»

Духтарак аз сабабе, ки хурд буд, суханҳои модарро пай намебурд ва ҳамеша барои ба назди падар рафтан омодагӣ медид. Аз сабабе, ки модари фарзандон маълумоти олӣ надошт, дар муассисаҳои давлатӣ ӯро ба кор қабул намекунанд. Зани бечора сабру таҳаммулро пешаи худ намуда, ба корҳои хоҷагидорӣ машғул мешавад ва рӯзи фарзандонашро пеш мебарад.

Ҳоло ин модари мушфиқу ғамхор дар муассисаи деҳа ҳамчун фаррош кор карда, зиндагиашро пеш бурда истодааст. Ба ин модари қаҳрамон зиндагии осуда таманно дорем.

Гулбонуи НОЗИМ,

донишҷӯи соли 3-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment