Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ҲАҚҚИ УСТОД БУЗУРГТАР

ҲАҚҚИ УСТОД БУЗУРГТАР

by admin
213 views

Халқи кӯҳанбунёду маорифпарвари тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз ба устод эҳтироми баланд мегузорад. Натанҳо халқи тоҷик, балки дар тамоми сайёраи замин, қадри устод баланд аст. Шахсе, ки агар хоҳад дар оянда соҳиби илму ҳунар гардад ва мавриди эҳтироми дигарон қарор гирад, бояд пеш аз ҳама эҳтиром ва хидмати устодро ба ҷо орад, зеро аҳли хирад мардумро ба пос доштани қадру манзалати муаллим даъват намуда, ҳаққи ӯро аз падар беш медонистанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Ин гуна ҳақшиносӣ буд, ки гузаштагон оламро бо илму дониш мусаххар карданд, зеро бе устод наметавон ҳарфе омӯхт, дониш андӯхт ва ба ҷойгоҳе расид. Хуш ба ҳоли шахсе, ки сазовори ин номи бузургу касби пуршараф гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят мушкил аст. Гуфтору рафтори некро талқин намудан, илму донишро ба тифле, ки аз олами надорад омӯхтан, инсон сохтану ба сӯи камолу ҷамол ҳидоят намудан саҳл маъни хабар нест.

Аз ин ҷост, ки вақте устод шогирди ба ҷон парвардаро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самар додааст. Мо вазифадор ҳастем, ки эҳтироми ҳамешагии устодонро ба ҷо оварда, шаъну шарафи онҳоро ҳифз намоем.

Манучеҳри АШӮР,

донишҷӯи соли 4-уми факултети молиявию

иқтисодӣ, раиси созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён

Related Articles

Leave a Comment