Home АНДЕША АСАЛ: ИСТИФОДА АЗ ЗАМОНҲОИ ҚАДИМ ТО ИМРӮЗ

АСАЛ: ИСТИФОДА АЗ ЗАМОНҲОИ ҚАДИМ ТО ИМРӮЗ

by admin
261 views

Аҷоибот дар он аст, ки мисриёни қадим хосияти зиддибактериявӣ доштани асалро ошкор намуда, ҷасадҳои фиръавнҳои худро дар қатори дигар моддаҳо бо омехтагии асал мумиё мекардаанд. Аз таърих маълум аст, ки ҷасади лашкаркаши маъруфи асри қадим Искандари Мақдунӣ бо асал мумиё карда, ба ватанаш фиристода шуда будааст. Дар мамолики иқлимаш гарм одамон барои вайрон нашудан тухмии зироатҳои камёфтро дар дохили зарфҳои асалдошта нигоҳ медоштанд.

Аз илми тиб Буқрот (Гиппократ, солҳои 460-370 пеш аз милод) дар усули табобати худ асалро васеъ истифода мебурд ва гуфта буд: «Агар асал саҳари ба қадри лозима истеъмол карда шавад, инсон аз ҳар гуна беморӣ эмин мемонад, умри дароз мебинад». Олими машҳури Юнон, асосгузори илми ҳандаса (геометрия) Балиғурс (Пифагор), ки соли 497 пеш аз милод вафот кардааст, сабаби умри дароз дидан ва ҷисмонан боқувват будани худро аз мутассил истеъмол кардани асал медонистааст.

Императори Рум Юлий Сезар боре ба ҷашни 100-солагии зодрӯзи сенатор Пол Румелия иштирок карда, сабаби дарозумрии ӯро пурсон шудааст. «Сабаби дарозумрии ман дар истеъмоли доимии асал аст»,-ҷавоб додааст Пол Румелия.

Табобати беморон тариқи истеъмоли асал махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ рои будааст. Асосгузори илми тиб, олими Шарқ, ифтихори миллати тоҷик, Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино дар китоби «Ал-Қонун» тайёр намудани 50 намуди дорувориҳоро, ки дар таркибашон асал мавҷуд аст, шарҳу эзоҳ додаанд. Фоидаҳои маҳсулотҳои занбӯри асал хеле зиёд мебошанд Масалан, дар китоби «Алқонун-фи-тиб»-и А. Сино омадааст, ки агар инсон тавонад шири модарзанбӯрро истифода барад, ҷавонии ӯ нигоҳ дошта мешавад. Агар меъдаи одам яра ё газак дошта бошад, асалро бо мум якҷоя карда хӯранд, ба меъда шифо мебахшад. Асал бошад, барои рафти тамоми давоҳо ва зуком, гирифтани газак, аз ҷумла асалро дар пой молида ба лата мебанданд, ки газаки пойро нест мекунад истифода мебаранд, ки ин дар китоби «9 ҳазор ретсепт» омадаст. Занбӯри асал ягон зарар надорад. Дар китоби олими турк (Охрани о природа) Ҳорун Яҳё омадааст, ки занбӯри асал ин муҳофизатгари табиат мебошад. Ягона ҳашаротест, ки бепартов ва кашфкунандаи асрори нав аст.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (дуруд ба ӯ) дар як ҳадисашон мефармоянд: «Барои шумо ду шифо мавҷуд аст: яке Қуръон ва дигаре асал». Дар ҳадисҳои Имом Бухорӣ, Муслим, Абӯ Мутаваккил аз Абӯ Саид ал-Ҳиҷр нақл карда мешавад, ки боре ба назди Паямбар (дуруд ба ӯ) шахсе омад ва гуфт: «Бародари ман аз дарди меъда шикоят дорад». Пайғамбар (дуруд бар ӯ) посух доданд, ки «Бародаратро асал хӯрон». Он шахс рафт ва пас аз чанде баргашта гуфт: «Асал хӯрондам, лекин фоида накард». Пайғамбар ин маротиба ҳам хӯрондани асалро маслиҳат доданд. Ҳамин тариқа, ин қазия се маротиба такрор ёфт ва оқибат паёмбар (дуруд бар ӯ) гуфтанд: «Худованд ҳақ аст, аммо меъдаи бародари ту фиреб медиҳад».

Дар ин ҳадис ҳикмате ниҳон аст. Мақсади такроран таъкид намудани истеъмоли асал аз ҷониби пайғамбар ин қабули меъёри муайяни асал, ки ба табобат мусоидат менамояд, мебошад, чунки миқдори ками он фоида намеорад ва миқдори зиёди он зараровар аст. Ҳадиси «Худованд ҳақ аст, аммо меъдаи бародари ту фиреб медиҳад» ба дуруст будани воситаи табобат ва вайрон гаштани амали меъда ё дар он мавҷуд будани миқдори зиёди моддаҳои зараровар ишора менамояд.

Дар ҳадиси дигар пайғамбари акрам (дуруд бар ӯ) тартибу низоми дини мубини исломро тавсиф намуда, рафтору кирдори умматони худро ба занбӯри асал нисбат медиҳанд: «Мӯъмин монанди занбӯри асал аст: Ҳама чизаш некист, ҳамон гуна, ки ҳама чизи занбӯри асал пок ва нек аст».

Аз ин ҷиҳат метавон зикр намуд, ки асал яке аз муҷизаҳои табиат бо амри Аллоҳ офарида шудааст ва ҳеҷ ширинӣ ба он баробар шуда наметавонад. Дар таркибаш тамоми макро ва микро элементҳо мавҷуд буда барои тамоми бемориҳо хусисияти шифобахширо дорост. Асали табиӣ ин ягона маҳсули заебӯри асал мебошад, ки бо хос ва хусусияти таркибиаш аз дигар маҳсулотҳои занбӯри асал тафовут дорад. Асали табиии тоза барои ҳамеша истифода намудан зарур буда аз он манфиат ҳасту зарар надорад.

Абдуаҳад ШАРИПОВ, муҳаққиқ

Related Articles

Leave a Comment