Home АНДЕША МУАЛЛИМРО БА МУЪАЛЛИМ БАРГАРДОНЕД!

МУАЛЛИМРО БА МУЪАЛЛИМ БАРГАРДОНЕД!

by admin
436 views

 

Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз муаллимӣ нест.
Ҳусейн Мазоирӣ

Муаллим, омӯзгор вожаҳое ҳастанд, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас аст. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Дар урфият мегӯянд, ки «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар». Оре, зеро падар аз ҳаёт ва устод аз наҷот баҳра медиҳад. Қабл аз ҳазор сол бузургони мо баҳри эҳтироми устод гуфтанду то ба ҳол мегӯянд.

Ҳар ки бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Мегуфтанд, ки омӯзгор то замони мавт омӯзгор мемонад ва ҳам марги ӯ дарси дигаре барои инсонҳост. Мегуфтанд, ки омӯзгор барои омӯзиши башар аз Офаридгор дастур дорад ва бад-он мардумро ҳидоят менамояд. Мегуфтанд, ки якумин омӯзгор Парвардигор аст, зеро илмро ба Одам (а) додаааст.

Мегуфтанд, ки омӯзгорӣ касби паёмбарист, зеро ҳар як паёмбар омӯзгори умматҳои худ буд. Яъне, мартабаи омӯзгорро аз падар боло дониста, ҳеҷ касро бештару беҳтар аз он гиромӣ намедоштанд.

Ҳикояи аҷибе ба хотирам расид, ки Аттори Нишопурӣ, дар «Тазкиратулавлиё»-и худ оварда: «Имоми Аъзам рӯзе мегузашт. Кӯдакеро дид, ки дар гил бимонда. Гуфт: «Гӯш дор, наяфтӣ». Кӯдак гуфт: «Афтодани ман саҳл аст. Агар бияфтам, танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор, агар поят билағжад, ҳама мусулмонон, ки аз паси ту оянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор бувад».

Имом бигрист ва асҳобро гуфт: «Зинҳор, агар шуморо дар масъалае чизе зоҳир шавад ва далеле рӯшантар намояд, дар он мутобиати ман макунед ва ба тақлиди ман таҳқиқи худро мамонед».

Пушида нест, ки омӯзгор чароғи маърифатро фурӯзон дошта, қабл аз вафот ба ҷои худ омӯзгоре тарбия карда, сипас ҷаҳонро падруд мегӯяд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5 ҳазор омӯзгор ва устод ба ҳимояи Ватан бархостанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат хонд. Инчунин, маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ кард.

Бо амри Сардори давлат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис ёфт ва бори аввал соли 2006, дар арафаи Рӯзи омӯзгор панҷ нафар фидоӣ ва собиқадори соҳаро сарфароз гардониданд.

Акнун сари масъалаи асосӣ бармегардем. Мо дар арафи Иди омӯзгор қарор дорем, вале касе ба ҷуз худи муаллим аз ин ид огоҳ нест. Албатта, касоне, ки аз ин рӯз огаҳӣ доранд, бо як табрики хушку холии шифоҳӣ дигар чизеро раво намебинанд. Дар донишгоҳҳои кишвар каме ба ёд мерасад, аммо дар муассисаҳо не. Агар амиқан аз рӯйи инсоф нигарем, муаллим ҳамон шахсест, ки тамоми вазирону кабирон, олимону сиёсатмадорони машҳури ҷаҳонӣ аз ҳамин нафар сабақ омӯхтаанд. Бо он ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд, пойдевори ҳама илму дастоварду сиёсату салобаташон маҳз аз ҳузури муаллим оғоз шудааст. Пас, агар чунин бошад, кадоме аз мо гуфта метавонад, ки маҳз дар Рӯзи муаллим ягон барнома дар ТВ ва ё ягон намоише дар театр баргузор гардидааст? Кадоме аз мо гуфта метавонад, ки маҳз дар Иди муаллимон конфронси васеи илмиву оммавӣ баргузор гардидааст?

Мебояд, ки Иди муаллим чунон ҷашн гирифта шавад, ки лоақал тамоми муҳассилину донишҷӯ эҳсос кунанд, ки ин рӯз рӯзи муқаррарӣ нест. Бигузор нафароне, ки муассисаро хатм кардаанд, ба мактабу донишгоҳ омада, аз ҳоли муаллим бохабар гарданд. Ин рӯз бояд рӯзи шодию фараҳ, рӯзи қаҳрамони муаллимон ва рӯзи хиради милати тоҷик бошад.

Мутаассифона, иди муаллимон хеле заминиву хоксорона мегузараду касе аз гузаштанаш эҳсосе намекунад, ҳатто муҳассилину донишҷӯ низ. Бояд фаромӯш накард, ки муаллимон аз қаҳрамон — ҷанговарон кам нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар замони сангини ҷанги алайҳи фашизм муаллимон қаҳрамонӣ нишон доданд, таълиму тадрисро ба ивази маоши ночиз, ки як хӯша гандуму як коса атола буд, шарафмандона ба ҷой оварданд. Аз ҳама муҳим, таърихи навини тоҷикон, ки аз соли 1990 оғоз меёбад, дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҷанги шаҳрвандӣ муаллимон нафақат бо маоши ночиз, ҳатто солҳо бепул кор карданд. Мактабу донишгоҳро мисли ибодатгоҳ муқаддас донистанд, дилашонро аз онҷо канда натавонистанд, бо сарулибоси солҳои шӯравӣ харидаашон ба мактабу донишгоҳ омаданд, насли наврасро аз бесаводӣ наҷот доданд. Ҳатто солҳои 1995-1996 муаллимон дар ивази як дона нон кор карданд.

Ба гумони ман, беҳтарин қаҳрамонии таърихи Тоҷикистони навин ин бемаош кор кардани муаллимон аст. Заводу фабрикаҳо қатъи фаъолият намуданд, баъзе ташкилоту муассисаҳо комилан аз байн рафтанд. Ҳатто бо чапону калӯш ба дарс мерафтанд. Воқеан, ин қаҳрамонӣ аст. Ин далелро ҳама медонанд ва касе чунин рӯзҳои паси сар кардаи муаллимонро инкор карда наметавонад. Садҳо заводу фабрикаҳо, ташкилоту муассисаҳо ба хотири он, ки маош набуд ва агар бошад ҳам, ночиз буд, тарки фаъолият карданд. Аммо муаллим тарки касбу вазифаи муқаддас карда натавонист. Магар ин қаҳрамонӣ нест? Магар чунин қаҳрамонии муаллимон шоистаи қадрдонӣ нест? Магар дар маркази шаҳрҳо зиёратгоҳ ва ё макони гиромидошти муаллимон сохтан бори дигар исбот намекунад, ки халқи адабпарвару хирадманди тоҷик заҳмату меҳнати муаллимро дар ҷойи нахуст медонад? Ҳадди ақал, барои гиромидошти муаллимоне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият намуданд, муҷассамаи рамзӣ сохтан аз манфиат холӣ нест.

Аммо дар қиёси он, ки муаллими тоҷик қаҳрамонӣ нишон додааст, ягон миллате ба гумони ман чунин қаҳрамонии бемаоширо паси сар накардааст.

МУАЛЛИМ Ё МУЪАЛЛИМ?

Калимаи «муаллим», ки дар асл бояд «муъаллим» бар вазни «муфаъъил» бошад, зеро дар забони арабӣ калимаи «муаллим» аст ва боз калимаи «муъаллим». Муаллим аз калимаи «алама» гирифта шуда, маънои «касалӣ», «беҳолу бемадору бечора»-ро мемонад. Аммо маънои «муъаллим» бошад аз калимаи «ъалама» гирифта шуда, маънояш «илмдиҳанда», «таълимдиҳанда», «мударрис» мебошад. Дар бораи муаллим ва муъаллим аз як устодам пурсидам, ки чаро муаллим шуд на муъаллим? Ҷавоби хело оқилона дод, ки дар қонуни қабулнамудаи кумитаи забон ҳарфи «ъ» дар мобайни ду садонок намеояд, илло «фаъолият» ва «фаъол». Акнун бинед, ки забондонҳои муосири мо барои калимаи «фаъолият» иҷозаи омадани ҳарфи «ъ» дар байни ду садонокро доданду калимаи бузурге, ки номаи «муъаллим» аст, надоданд. Банда бар он назарам, ки агар қолоби грамматикаи забони тоҷикӣ шиканад низ, муаллимро бар «муъаллим» иваз намоянд, зеро дар шаъни муаллим, ин «касалӣ» ва «дардманд» намеғунҷад.

Муҳаммад САИДЗОД, саромӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment