Home АНДЕША МУНОСИБАТИ ИНСОНГАРОНА БА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

МУНОСИБАТИ ИНСОНГАРОНА БА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

by admin
361 views

Масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани шароит ва истифодаи технологияҳои муосир барои ҳамгироии иҷтимоӣ-педагогии кӯдакони имконияташон маҳдуд тайи солҳои охир ба яке аз муҳимтарин масоили низоми таҳсилот табдил ёфтааст.

Дар бандҳои 7 ва 8-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» кафолатҳои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд равшану возеҳ ифода ёфтаанд:

  1. Давлат, таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.
  2. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ ба сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.

Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» барои таъмини кӯдакон бо таҳсил ва муҳайё намудани шароити хуби мутобиқшавии онҳо кафолат дода шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 17-и Қонуни мазкур чунин омадааст: «Давлат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад.

Давлат тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва махсус дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус таъмин менамояд. Дар моддаи 19-и ин Қонун қайд гардидааст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бунёди муассисаҳои таълимии муосир ҷиҳатҳои инфрасохтории мусоид ба таҳсилоти фарогир низ ба назар гирифта мешаванд. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидаст. Аз ҷумла, дар суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чунин омадааст: «Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои охир бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст».

Ғояи иҷтимоии сиёсати давлат дар замони муосир дар соҳаи маориф, аз ҷумла, раванди татбиқи таҳсилоти фарогир то ҳол мавзӯи амиқи таҳқиқоти илмии муҳаққиқони тоҷик қарор нагирифтааст. Ҳол он ки маҳз масъалаҳои марбут ба ҳукумати иҷтимоӣ, ки дар навбати худ сифати фаъолияти онро муайян мекунанд, сиёсати ҳақиқие, ки ба таъмини зиндагии шоиста ва рушди озоди шаҳрвандон равона шудааст, дар шароити кунунии инкишофи ҷомеа дар Тоҷикистон ба муҳимтарин масоили ҳалталаб табдил ёфтаанд. Функсияи давлат оид ба ҳифзи иҷтимоӣ аз муҳимтарин вазифаҳои он маҳсуб мешавад. Моҳияти ҳифзи иҷтимоӣ дар он зоҳир мегардад, ки азнавтақсимкунии даромадҳо байни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо худро дар ҳолати хоршуда ва тоқатфарсо ҳис накунанд. Ин чиз, махсусан, ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа-пиронсолон ва маъюбон тааллуқ дорад, ки тақрибан 7%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди чораҳои қобили назаре, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сол то сол дар ин самт андешида мешаванд, зикр кардан бамаврид аст, ки ҳанӯз нокифоятии таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа ба ин қишри аҳолӣ, ки сол то сол шумораи онҳо рӯ ба афзоиш аст, ҳамчунин, маҳдудиятҳои объективӣ барои таъмини иштироки пурраи онҳо дар ҳаёти ҷомеа мушоҳида мегардад, ки ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо вобаста аст. Ин мушкилот тавассути раҳёфтҳои иҷтимоӣ-педагогӣ ва фалсафавӣ бо он низ асоснок мегардад, ки масъалаи норасоии рушд аз нуқтаи назари офатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ба мушкилоти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ҳалли таъҷилии худро тақозо мекунад. Вобаста ба ин, мутобиқшавии иҷтимоӣ-педагогӣ аз муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоиест, ки метавонад ҳамгироии кӯдакони имконияташон маҳдудро бо ҷомеа таъмин намояд.

Ҳамин тариқ, барои дарки зарурати таъсиси ташкилотҳои башардӯстонаву хайриявӣ барои кӯдакони дорои норасоиҳо дар рушд, ҳадафмандии таълими онҳо барои кишварҳои аврупоӣ шаш садсола лозим гардид.

Инсофан бояд гуфт, ки адабиёти пурғановати форсу тоҷик низ пур аз изҳори меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони имконияташон маҳдуд аст. Ёдовар шудани суханҳои зерини бузургони шеъру адаб кофист, то ба умқи ғояҳои башардӯстонаи онҳо бирасем:

Гар бар сари нафси худ   амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

                                                  Рӯдакӣ

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.

                                                       Саъдӣ

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад банда ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошию шаб ба намоз,

Беҳ з-он набувад, ки як диле шод кунӣ.

                                                    Бобо Тоҳири Урён

Аммо ин андешаҳои бикр тайи қарнҳои зиёд ҳамчун орзуву омол боқӣ монданд. Дар кишварҳои Аврупо пайдоиши муассисаҳои таълимии махсус натиҷаи муборизаҳои тӯлонӣ, ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, таҳаввулоти зиндагии ҷамъиятӣ, рушди соҳаи қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқҳои инсон, инкишофи илму техника ва ғайра қаламдод мегардад.

Бахтовар ШАРИПОВ,

номзади илмҳои педагогӣ, саромӯзгори

кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ

Related Articles

Leave a Comment