Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ИЛТИҶО

ИЛТИҶО

by admin
27 views

Сафар Айюбзодаи Маҳзун

Худовандо, ҷудо аз ман магардон дӯстонамро,

Макун холӣ зи нақши пойи ёрон остонамро.

Фурӯғи суҳбати огаҳдилон бошад ғазалҳоям,

Ба дасти ҷоҳилон маспор шеъру достонамро.

Зи базми беғамон дурам бикун, к-аз ғусса мемирам,

Дучори ман бигардон дилбари ороми ҷонамро.

Аё ширинзабон, бе ту, биё, ки коми ман талх аст,

Ба шаҳди бӯсаҳои худ бикун ширин забонамро.

Дами маргам зи Ҳофиз, ҷойи Ёсин, байт хон, Маҳзун,

Ки бо шеъри равон хоҳам супоридан равонамро.

Related Articles

Leave a Comment