Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВӢ

by admin
73 views

Таърихи 5-уми ноябр дар назди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ–назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия-кафили амалигардонии ҳадафҳои милли” баргузор гардид.

Ҷамъомадро мудири кафедра, саромӯзгор Ҳакимов Абдуразоқ оғоз намуда, оид ба мавзӯъ суханронӣ кард. Дар чорабинӣ мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Назаров Пиралӣ иштирок ва баромад карда, моҳияти мавзӯъро хеле ҷолиб баён сохт. Ҳамчунин, дар семинар ассистенти кафедра Миҷгона Нуралиева дар мавзъӯи “Саноаткунонӣ ҳамчун ҳадафи миллӣ ва амалигардонии он” бо маърӯзаи худ баромад кард. Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдухолиқ Каҷкулоев низ дар рафти семинар оид ба мавзӯъ суханронӣ кард.

Баъдан декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ Лутфия Расулова аз ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипосгузорӣ намуд. Чорабинӣ дар фазои баҳсҳои илмӣ пурмуҳтаво гузашт.

Related Articles

Leave a Comment