Home ХАБАР ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ –ТАҶАССУМГАРИ РАМЗИ ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ –ТАҶАССУМГАРИ РАМЗИ ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

by admin
95 views

«Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тacвиpи уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Эмомалӣ  Раҳмон

Яке аз рамзҳои давлатдорӣ парчами миллӣ аст, ки дорои маъно ва тарзу тартиби истифодабарӣ ба худ хос аст. Истилоҳҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ, аз ҷумла, «парчам» аз вожаи забони суғдии «раrcаm», дирафш бошад, аз забони авастоии «drafsa-», форси бостони «drafsa-», пахлавӣ «drafs», суғдӣ «ardasf» ва бохтарии «Лrафо» сарчашма гирифта, маънои «овеза», «ливо», ва «алам»-ро ифода мекунад. Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта,  ҳамчун ливои озодӣ ҳануз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳур буд.

Муқаддас будани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ  дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.

Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар даврони Шӯравӣ парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати ИҶШС буд. Вале раванди ташаккулёбии истиқлолияти давлатӣ бо мувофиқат накардани парчами қаблии кишвар бо моҳияту мазмуни Тоҷикистони муосир замина гузошт.  Бо дарки ин воқеият Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва комиссияи махсус оид ба таҳияи рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуду озмуни ҷумҳуриявӣ барои омода кардани рамзҳои давлатӣ эълон карда шуд. Комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷамъбасти озмун  дар Иҷлоисияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тасдиқи «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1992 ба вуқӯъ омад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6  ноябри соли  1994  Парчамро ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни асосии муқаддасоти миллӣ пазируфт  (моддаи  3)  ва онро дар боби аввал «Асосҳои сохтори конститутсионии кишвар» ҷой дод. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2007 қабул карда шуд, ки моҳият ва истифодаи расмии Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян кард. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5),  ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгариро барои таҳқири Парчам (моддаи 11) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуд,  ки ҳуқуқи тасдиқи Парчами давлатиро ба зиммаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби тайёр кардан,  андоза ва истифодабарии Парчамро ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур буда, баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва ватану миллат дар як саф қарор доштани фарзандони баору номуси кишварро ифода месозад.

Аз ин рӯ, дар таърихи 29 –уми октябри соли 2009 дар конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд ва баъдан 3 – юми ноябри ҳамон сол бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуд, ки тавассути ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли  2009  дар рӯзи алоҳида таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандустӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат, ифодагари муҳимтарин ғояҳои сиёсӣ, мақсаду маром, воситаи тарғибу ташвиқи соҳибистиклолии ҳар як давлату миллат мебошанд. Бинобар сабаб, ҳама сола рӯзи 24 ноябр дар кишвар чун рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гирифта мешавад.

Дар соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт, ки дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд, ки Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр, паҳноии 30 метр ва бо дарозии 60 метр афрохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гинес шомил гардид. Ҷанбаи байналхалқӣ-ҳуқуқии парчами давлатӣ дар муайян кардани доираи татбиқи юрисдиксия ва муқаррар кардани фазои давлатӣ ифода мегардад. Тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахс агар дар киштии обӣ ё ҳавопаймое,  ки таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир намояд, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (банди 3 моддаи 14) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Агар шахс дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намояд, новобаста  аз  маҳалли содиршавии ҷиноят, шахст ибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад. 

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир бозад.

Ҳамин тариқ,  парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандустӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд. Зеро парчами давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, арзишҳои миллию ҷуғрофии кишвар мебошад.

Бахтиёр НАЗАРОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment