Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ШАҲРИ МАН!

ШАҲРИ МАН!

by admin
788 views

Шаҳри азизам! Маро аз овони хурдӣ дар оғӯшат парвариш кардӣ. Маҳз равшании офтобат буд, ки ба қалбу рӯҳам гармӣ ва нармӣ бахшид ва ба ин рӯзгор расидам. Ба хиёбонҳо гузар мекунаму аз рангорангию муаттарии гулҳоят ҳаловат мебарам ва аз сарсабзию хуррамият дилам равшан мегардад.

Бояд бигӯям, ки ту дар ҳама фасл зебоӣ, дар зимистон бо барфҳои сафедат, дар тирамоҳ бо баргҳои тиллорангат,  дар тобистон бо гармии офтобат ва дар баҳорон бо накҳати гулҳоят. Ҳамин қашангиҳоят ҳаст, ки маро ба худ мафтун сохтааст. Аз ҳавоят нафас мегираму ба худ меболам, чун туро дорам. Рӯз аз рӯз обод гардида истодаӣ бо биноҳои замонавӣ, бо боғҳои фароғатӣ ва бо гулгаштҳои зебою гулпӯшат. Хусусан шабонгаҳ ҳама гушаҳоят чароғон ва равшан аст. Ин ҳама  зебогиро дида, ман эҳсос мекунам, ки воқеан ҳам дар як шаҳри пурнуру обод истиқомат дорам. Ту хуршедеро мемонӣ, ки бо шуълаҳояш ба дилу дида равшанӣ бахшида, меҳреро дар қалби шахс меафрӯзад. Гарчанде хуб медонам, ки дар ҷаҳон шаҳрҳои зебою дилрабо зиёданд, вале барои ман аз ҳама зеботар туӣ. Ман аз Офаридгор шукргузорам, чун бароям ин гуна шаҳри дилписандро муяссар гардонидааст.

Дилрабо ОШИМОВА,

донишҷӯи соли 3-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment