Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МИРЗО ТУРСУНЗОДА — ТАРАННУМГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

МИРЗО ТУРСУНЗОДА — ТАРАННУМГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

by admin
1263 views

Роҷеъ ба сулҳу ваҳдат, озодию дӯстии халқҳо, ваҳдату ягонагӣ, шоирону адибони тоҷик таълифоти зиёде намудаанд, ки ганҷинаи адабиёти пурғановати моро боз ҳам ғанитар мегардонад. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳое, ки дар сурудани шеърҳои сулҳпарварона маъруф гардидааст, устод Мирзо Турсунзода мебошад.

Дар таърихи адабиёти муосир Мирзо Турсунзодаро ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ ва вассофи ваҳдати халқҳои сайёра эътироф намудаанд. Шоири тавоно дар мавзӯъҳои сулҳ, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии халқҳо шеъру достонҳои пурмазмуну баланғоя ба қалам дода, онро бо лаҳни хеле зебо ва равон ифшо намудааст.

Адиб дар яке аз шеърҳояш, ки «Суруди сулҳ» унвон дорад, бо ҳисси волои шоирона, хеле муассир фармудааст:

Менависам ман суруди

                         сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми

                                 рӯзафзуни дил.

Маврид ба ёдоварист, ки устод Мирзо Турсунзода сулҳу дустӣ ва ваҳдату якдилиро дар ашъораш дар ҷои аввал гузошта, шеърҳои зиёде дар васфи сулҳу дӯстӣ сурудааст. Дар ашъори шоир ваҳдату ҳамбастагии халқу Ватан бо каломи пуртаъсири шоирона васф мешавад. Мирзо Турсунзода ба ватани худ Тоҷикистони азиз меҳру муҳаббати бепоён дошт. Вай рангу буйи Ватан ва зебоиҳои Тоҷикистонро нотакрор дониста, ҳамеша бо Ватан ифтихор намудааст. Ӯ дар шеъри «Ватан» бо як завқи ватанпарварона ва меҳандустона меҳри зиёд доштанашро ба зодгоҳаш сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистон чунин ба қалам додааст.

Баҳор омад зи умрам

                бо як соли дигар бизашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста

                   аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун

                  ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам

                           дар сафар бигзашт.

Мирзо Турсунзода фарзанди содиқи халқ ва ба қавли шоир «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан» буд. Шоир пайваста мекушид, ки ба миллату ватани худ хидмати шоиста кунад ва манфиятҳои халқу ватанашро ҳифзу намояд. Зеро Ватан аз муҳимтарин муқадассот ва модари мушфиқ барои ҳар як соҳибватан ва худогоҳу хештаншинос ба ҳисоб меравад, ки дар канори худ фарзандони ба нангу номус ва номбардору оқилу доноро тарбият менамояд.

Мирзо Турсунзода низ яке аз чунин фарзандони ин Ватан мебошад, ки дар ҳар гушаву канори дунё бо ёди ин Ватан буд, ҳамеша дар васфи он шеърҳо месуруд:

Агарчи борҳо афтодаам

                            аз ёру диёрам дур,

Ба саёҳӣ маро карданд гарчи

                                 дӯстон маҷбур.

Вале ман дар ҳама ҷо,

             дар ҳама кунҷу канори даҳр,

Ҳамеша бо Ватан будам,

                Ҳамеша бо Ватан масрур.

Устод Мирзо Турсунзода шоири халқ буд, вай ҳамеша дар ашъораш роҷеъ ба сулҳу дӯстии халқҳо шеърҳо месуруд. Дар ин маврид Мирзошоҳрух Асрорӣ бахшида ба 100 солагии устод Турсунзода гуфта бад. «Устод Мирзо Турсунзода бидуни шак, барҷастатарин, пуртаъсиртарин шоир ва шахсияти сиёсӣ ва адабии рӯзгори мо буд, ки бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмуҳтаво ва сафарҳои расмӣ-эҷодияш дар кишварҳои дуру наздик ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро ба кишварҳои дигар армуғон бурдааст. Дар берун аз Тоҷикистон ӯро ҳамчун сафири сулҳу дӯсти ва шахсияти наҷибу вораста арҷ мегузоштанд».

Шоир дар ашъораш дӯстии халқҳоро ончунон моҳирона тасвир намудааст, ки кас аз мутолияи ашъори ӯ ба ваҷд омада, меҳру муҳабаташ нисбати Ватан ва сулҳу дӯстӣ ба дигар халқҳо бештар мегардад. Адиб дар яке аз шеърҳояш, ки «Бозгашт» унвон дорад, бо ҳисси волои шоирона, хеле таъсирбахш доир ба сулҳу дӯстии халқҳо сурудааст:

Шодам аммо мехӯрам

                         ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам

                 тороҷгшашта кишваре.

Халқи ҳиндуи ситамкашро

                          расон аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дори

                           ту ҳам болу паре.

Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҳастии он дар ҳама қувваҳои некии табиат эҳсос мешавад. Сулҳ монанди офтоб, баҳор, ё худ замин азизу мушфиқи ҳамагон аст:

Сулҳ дар гул-гул шикуфтанҳои

                         ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеъи

                                баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор

                              чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои

                              хуррам кӯдакон.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат аст. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Сулҳ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳасти давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зиндаи олам эҳсос мешавад.

Сулҳ чун офтоби дурахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини муборак ва боғи пурбор аст, ки ҳосили он осоиштагӣ ва ҳузуру ҳаловат инчунин хушбахтии мардумон мебошад. Ҳар як давлат дар ҳолати орому осоиштагӣ рушт мекунад ва арзи ҳастӣ менамояд.

Барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш ҳар як шахс бояд ҷони худро дареғ надорад ва барои он тамоми қувату тавоноии худро истифода барад. Шоир Миро Турсунзода ҳамеша тарафдори сулҳу дӯсти буда, онро ҳамчун меросбари аҷдодии милати худ медонад ва аз он ифтихор мекунад:

Сулҳу ваҳдат, ифтихори

                     миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд,

                         решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ,

                                     моро аз он,

Дарк бинмояд ситоиш,

                      мардуми барнодилам.

Хулоса, сулҳ дӯстӣ ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати тамоми дунё бисёр волотар аст. Ҳеҷ як дороиву сарват ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу суббот баробар намешавад. Сулҳ неъмати бебаҳост, ки моро ба ояндаи дурахшон ва сарзамини ҳамешабаҳору шукуфон раҳнамоӣ менамояд.

Ҳамин тариқ, устод Мирзо Турсунзода дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонистааст, ки хонандаро мафтун кунад ва ҳар инсоне, ки шеърҳои ин аломаи суханро мехонад ва аз бар мекунад бешубҳа, меҳри ватану ватандӯстӣ ва хештаншиносию худогоҳӣ, сулҳу дӯстиро дар дилаш ҷой мешавад ва то абад дар хотираш нақш мебандад.

Алишери АБДУЛМАҶИД,

докторанти PhD-и соли дуюми

кафедраи адабиёти тоҷик ва

журналистика, узви ИЖТ

Related Articles

Leave a Comment