Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ ИМОРАТҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН

ИМОРАТҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН

by admin
459 views
  1. Бурҷи Халифа. Аз ҳама бинои баландтарин дар ҷаҳон ин Бурҷи Халифа мебошад, ки дар Дубай ҷойгир аст. Бино соли 2010 кӯшода шуда, баландиаш 828 метр мебошад. Бино дорои меҳмонхона, ширкатҳо, майдончаҳову толорҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаҳои тамошобоб аст. Ҳамарӯза ба инҷо аз тамоми кишварҳои ҷаҳон сайёҳон барои тамошо меоянд. Аҷибии бино дар ин аст, ки дар танаи иморат видеороликҳо намоиш дода мешаванд. Инчунин, ин ягона биноест, ки аз тамоми гӯшаву канори шаҳр ба чашм намоён аст.
  2. Манораи Шанхай. Дуюмин бинои баландтарин дар ҷаҳон Манораи Шанхай мебошад, ки дар Ҷумҳурии халқии Чин ҷойгир аст. Баландии манора 632 метр буда, аз 128 ошёна иборат аст. Баландтарин ширкати савдо ва яке аз гушаҳои беҳтарину тамошобоби Хитой ба ҳисоб меравад. Манбаи даромаднокии сайёҳии Хитойро низ маҳз ҳамин иморат ташкил медиҳад.
  3. Абрат-ал-Бейт. Ҷойи 3-юмро бинои Абрат-ал-Бейт, ки дар Арабистони Саудӣ махсусан дар паҳлӯи Макка ҷойгир аст, ташкил менамояд. Дар қисмати болои иморат манораи соати шоҳона қомат афрохта аст, ки диаметраш 43 метр мебошад. Дар онҷо ҳуҷраҳо барои шаҳрвандоне, ки аз тамоми мамлакатҳои дунё ба Хонаи Худо зиёрат мераванд, ба иҷора дода мешавад.
  4. Маркази байналмилаллии молияи Пинан. Дар мақоми 4-ум маркази байналмилаллии молияи Пинан қарор дорад, ки ин иморат дар шаҳри Шэнчжени Хитой ҷойгир аст. Баландии бино 600 метр буда, аз 115 ошёна иборат аст ва соли 2017 ба истифода дода шудааст.
  5. Lotte World Tower. Дар руйхати баландтарин биноҳои ҷаҳон мақоми 5-умро иморати Lotte World Tower ташкил мекунад, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ қомат афрохтааст. Баландии бино 555 метр буда, дорои 123 ошёна мебошад. Дар ошёнаҳои 1 то 6 маѓозаҳои фурӯши маҳсулотҳои бо талаботи мардум ниёзманд, аз 7 то 60 ширкатҳо, аз 61 то 85 ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва аз 86 то 119 меҳмонхонаҳо ҷойгир аст. Ошёнаҳои 120 — 123 кушода ҳастанд ва яке аз минтақаҳои зебоманзару тамошобоби Кореяи Ҷанубиро ташкил мекунанд.
  6. Маркази байналмилаллии савдои №1 ё Манораи Озодӣ. Дар мақоми 6-ум манораи Озодӣ ва ё калонтарин маркази савдои ҷаҳон, ки дар ИМА ҷойгир аст, қомат афрохтааст. Бино дар шаҳри Ню — Йорк ҷойгир буда, баландиаш 541,3 метр аст ва дорои 103 ошёна мебошад. Соли 2013 соли кушодашавии ин биноро ташкил медиҳад.

Исматзода ҲИКМАТУЛЛО,

донишҷӯи соли 4-уми

факултети молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment