Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ ТАБРИКОТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАБРИКОТИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
139 views

Ба хотири аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуморо хеле хурсанд шудем.

Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба Шумо беҳтарин табрикоту таманниёти хешро иброз намуда, бароятон тансиҳативу комгорӣ ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон рушду шукуфоӣ таманно дорем.

Шумо дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар мақоми воло ҷой дода, пайваста мо, омӯзгоронро таъкид менамоед, ки давлати мо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа — ҳалли масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро бо боварии комил ба дасти омӯзгор месупорад ва омӯзгор дар навбати худ алоқамандии ҷомеаро бо насли наврас таъмин менамояд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо ибтикори Шумо Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2015 ҷашни 70-солагиаш дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил гардида буд, аз ҷумлаи яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат мебошад. Ба хотири 70-солагии донишгоҳ Шумо як бинои боҳашамати замонавӣ ба мо ҳадя намудед, ки айни ҳол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастем.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Шумо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд буда, дастуру супоришҳои Шуморо дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Имрӯз садорати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош мекунанд.

Имрӯз метавонем ба ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Шумо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ҷаҳони ақлонии ороста ва хираду адли Шумо Пешвои миллат буд, ки кишвари валангору ҷангзадаи моро то ба мақоми эътирофи ҷаҳонии он ба ҳайси як ҷомеаи озоди мардумсолор бурда расонид.

Муҳимтарин рӯйдод барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ташрифи аввалини Шумо ҳамчун номзад ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (12 октябри соли 1994) ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва донишгоҳ сурат гирифта буд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорони мо буд, ки аввалин вохӯрии номзад ба Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид ва ин яке аз санаҳои муҳимми таърихи донишгоҳ ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар толори донишгоҳ маҷлис баргузор гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректор оид ба таълим, профессор С. Азизов кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар маҷлис номзадро С.А. Патрикеев — сардори қувваҳои муштараки сулҳҷӯй дар Тоҷикистон, М. Убайдуллоев, ҷонишини аввали раиси Шӯрои вазирон, А. Салимов, раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ҳамроҳӣ мекарданд.

Раиси маҷлис изҳори миннатдорӣ намуд, ки Сардори давлат вохӯрии аввалини худро ба сифати номзад аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оғоз карда, яке аз шахсони бовариноки худро низ аз ҳамин донишгоҳ интихоб намудааст. Шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ ноиби ректор оид ба илм Т.Р. Раҳмонов дар бораи ҳаёту фаъолияти номзад сухан ронда, хизматҳои шоистаи ӯро дар назди халқу Ватан хотиррасон кард. Нотиқ воқеаҳои то соли 1992 ва баъди он, баромадҳои аввалини номзадро дар сессияҳои Шӯрои Олӣ, Сессияи таърихии XVI-уми ШО дар шаҳри Хуҷанд ёдовар гашта, ба Ватан баргаштани гурезаҳо ва ба қадри имкон хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷабҳа муфассал баррасӣ намуда буд.

Дар охир маърӯзачӣ ҳозиронро даъват намуд, ки ба тарафдории номзади арзанда Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

 Баъдан чанде аз омӯзгорон ва иштирокчиён ба сухан баромада, дар мавриди хислатҳои ҳамидаву инсонӣ ва маҳорати хуби ташкилотчигии номзади ҷавону серғайрат изҳори ақида намуданд.

Аз ҷумла, Салим Саидов, ки иштирокчии музокироти сулҳи тоҷикон буд, хизматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ қайд намуда буд: «Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу дӯстӣ ва мавҷудияти давлати тоҷикон аст».

Суханҳои С.А.Патрикеев — сардори қувваҳои муштараки сулҳҷӯй дар Тоҷикистон ба ҳозирин хеле писанд омад. Ӯ махсус таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳомии сулҳ дар Тоҷикистон аст.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада, ба музокирачиён изҳори миннатдорӣ намуд.

Хулоса, бори дигар бо орзуҳои нек Шуморо, Пешвои муаззами миллат барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиятон ва сулҳу пешрафт ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз бурдбориҳо таманно намуда, бароятон саломатии бардавом орзу дорем.

Ҳайати профессорон,омӯзгорони

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи АбӯабдуллоҳиРӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment