Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ РАВОНШИНОСӢ. СЕ АМАЛЕ, КИ ТО ҲОЛ НАМЕДОНЕД

РАВОНШИНОСӢ. СЕ АМАЛЕ, КИ ТО ҲОЛ НАМЕДОНЕД

by admin
231 views

Равоншиносӣ илмест, ки тамоми хислатҳои ҳамидаву разилаи инсонӣ тавассути он дарк карда мешавад. Шахсе, ки одамро ба шакли равонӣ ташхис карда мебарояд, ҳодисаро пешгӯӣ мекунад, вай дар ҳақиқат равоншинос аст. Донистани ин илм ба он хотир зарур аст, ки одами некро аз бад фарқ карда метавонад. Масалан, дар бораатон чизҳое ҳастанд, ки шумо худатон намедонед. Донистан мехоҳед? Пас, ин матлаб барои шумост.

Хотираи инсон чизест, ки дар он тамоми амалҳои кардаи ӯ ҷой дода шудаанд. Агар он қавӣ бошад, шахс ба ду ё се маротиба хондани матнеро онро забон зада мекунад. Агар заиф бошад, инсон барои матнро аз худ кардан танқисӣ мекашад. Оё боре аз худ пурсидаед, ки чаро хотираатон қавӣ ва ё заиф аст? Санҷидан мехоҳед? Пас, 10 рақамро аз ягон матн як бор хонеду бе ягон фикри дигар баъди 30 сония онро аз ёд гӯед. Агар бе ғалат онро талаффуз кардед, пас хотираи шумо қавист. Агар натавонистед, худатон қазоват кунед.

Биноии инсон чизест, ки шахс тавассути он чаҳонро тамошо мекунад. Мутаассифона, ба баъзе нафарон ин неъматро Парвардигор ато накардааст. Чашми шумо имкони дур ва наздик диданро дорад. Агар каме танқисӣ кашед, айнак ёвари шумост. Боре дарди чашматонро ҳис кардаед? Чаро дард мекунад? Нафаҳмидед? Агар шумо барои хондан ва ё тамошои чизе чашматонро маҷбур созед, пас шумо он вақт дард ва ё мондашавиро ҳис мекунед. Агар шумо гӯед, ки чашми ман дардро ҳеҷ гоҳ ҳис намекунад ва биноии ман боқувват аст, пас худатонро санҷед. Расмеро, ки аз рангҳои кабуди серанг ва сурх иборат аст, бодиққат назар андозед, баъди 30 сония назар кардан хулоса бароред. Дар он ҳолат шумо чи гуна будани биноиатонро ҳис мекунед.

Бисёриҳо худро аз дигарон беҳтар шуморида, мегӯянд, ки ман шабу рӯз кор мекунам ва дар як лаҳза якчанд корро ба анҷом мерасонам, аммо шумо ин тавр фикр накунед. Ҳеҷ шахс наметавонад дар як лаҳза ду ё се амалро иҷро кунад. Масалан, касе даъвои тавонистанро мекунад ва мегӯяд, ки ман дар ҳолати роҳравӣ боз гап ҳам мезанам, ду амалро иҷро мекунам-ку. Тадқиқотҳои психологии сотсиологӣ исбот карданд, ки инсон дар як лаҳза танҳо як амалро иҷро мекунад.

Вақте шахс зиёд механдад, ҳатто дар кӯчактарин чиз он шахс ботинан зиёд ғамгин аст. Вақте шахс зиёд хоб мекунад, танҳост. Вақте шахс кам гап мезанад ва ҳангоми гап задан тез сухан мегӯяд, ин шахс сиреро ниҳон медорад. Вақте шахс гиря карда наметавонад, заиф аст. Вақте шахс ғайритабиӣ хӯрок мехӯрад, ҳарос дорад. Вақте шахсе дар бораи шумо мепурсад, ба вуҷуди он ки он шахс бисёр бад аст, ӯ шуморо дӯст медорад. Вақте шахс муддати чанд рӯз ба зангҳои шумо ҷавоб намедиҳад ва баҳона мекунад, ки серкор буд, дурӯғ мегӯяд, шумо барояш муҳим нестед.

Пӯлод ҚОСИМОВ,

ассистенти кафедраи таҳсилоти

томактабӣ ва кори иҷтимоӣ

Related Articles

Leave a Comment