Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ: ГУЗАШТА, ИМРӮЗ ВА ОЯНДА

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ: ГУЗАШТА, ИМРӮЗ ВА ОЯНДА

by admin
197 views

Эҳдо ба 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гардишҳои таърих бо гирудорҳои худ коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки 75 сол қабл аз ин (1945), дар баробари ғалаба бар фашизми Германия ва ибтидои азнавбарқароркунии хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва тибқи қарори Вазорати маданияти СССР аз 15 августи соли 1945, №1373 дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, ки қаблан номҳои курси педагогӣ (1931-1934), техникуми педагогӣ (1934-1935), комбинати педагогӣ (1935-1938)-ро доштааст, таъсис ёфта, бо Қарори Вазорати маорифи СССР аз моҳи августи соли 1945 аз Донишкадаи муаллимтайёркунии дусола ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола табдил дода шуд, ҳамакнун, ба 75-умин баҳори таъсиси он расонид.

Дар ибтидои фаъолияти Институт дар сохтори он факултетҳои таърих ва филология, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия ташкил гардида, ҳамагӣ 48 нафар довталаб ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки 9 нафар омӯзгорони соҳибмаълумот ба онҳо таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов буд, ки аз 25 августи соли 1945 ба ин вазифа таъйин мешавад. Ҷиҳати беҳтар гардонидани раванди таълим, ташкили синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, озмоишгоҳҳо ва хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён саҳми идораҳои марбутаи давлативу ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб хеле бориз аст. Баъди ба низом даромадани вазъи таълиму тарбия омӯзгорони соҳибтахассус аз дуру наздик ҷамъ оварда шуданд.

Сол то сол сохтори ин боргоҳи илму маърифат мукаммал гардида, теъдоди факултетҳо, шумораи донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон меафзуд. Дар соли таҳсили 1952-1953 шумораи донишҷӯён аз 48 ба 576 нафар, омӯзгорон аз 9 то ба 100 нафар афзуд. Барои пешбурди фаъолияти Институт русҳо, украинҳо, ӯзбекҳо ба кор ҷалб гардиданд, ки миёни онҳо омӯзгорони ботаҷриба — И.В. Тарасов, В.С. Миснер, М.М.Шматко, Э.И. Радишева, А.Г.Лиситская, В.В.Жабан, В.М. Венахин, Р.Усмонов, С.Хоҷаев, М.Худойназаров буданд. Дар ин миён мутахассисони лаёқатманд монанди Салоҳиддин Атоев, Ё.А.Бобоев, М.Г.Кабина, Ҳ.Назаров, Моёншо Назаршоев, Мирзо Султонов, Парвиз Ирфон, Ҳомид Хоҷаев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор қабул карда шуданд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз давраи оғози фаъолият бо таззодҳои зиёд даргир шуда, чандин маротиба кӯшиши барҳам додани он низ ба миён омада буд. Дар давраи фаъолияти худ ин махзани илму маърифат бо номҳои Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб (1945-1952), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1953-1959), филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) (1960-1962), Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1962-1992) ва ниҳоят бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи бисёр ҳассосу барои миллат муҳим — ҳаводиси солҳои 90-ум, ки бо баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири ояндаи миллат ҳаллу фасл мегардид, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» (24.07.1992, №235) қарор ба тасвиб расонд. Дар чунин вазъияти ҳассосу сангин ва ҳалокатбор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб раванди таълимро ягон соат қатъ накард.

Зимнан бояд гуфт, ки дастпарварони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар кору фаъолият доранд ва бо донишу касбияти хоссаи худ дар пешбурди низоми давлатдорӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолии кишвар саҳим мебошанд.

Дар марҳилаи нави рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — баъди барқарор гардидани ҳукумати конститутсионӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аниқтараш аз соли 1992 таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар, махсусан, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф бештар гардид. Дар он лаҳзаҳои хатарбор ва барои миллат ниҳоят муҳим нахустин вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 12.10.1994 дар арафаи маъракаи райъдиҳии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коллективи донишгоҳ ба ҳайси арзандатарин номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, коллективи муассиса ва мардуми шарафманди Кӯлоб худро ҳомӣ ва пуштибони сиёсати пешгирифтаи ин шахсияти наҷиб донистанд.

Рушди ҷомеа, пешрафти давлату миллат маҳз тавассути донишу заковат ва илмандӯзӣ таъмин мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти давлатро маҳз тавассути ҳамин дурнамо танзим намуда, маорифро соҳаи калидӣ унвон намудаанд. Дар партави ин ояндабинӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф соли 2015 бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2 сентябри соли 2014, №565″ ба тавсиб расида, 1 сентябри соли 2015 Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ баргузор гардид. Ин сафари Пешвои муаззами миллат барои коллективи муассиса басо хотирмону боиси сарафрозӣ буда, дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳ ба хатти зарин навишта шудааст. Дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 70-солагии донишгоҳ, биноҳои таълимии муассиса пурра аз нав таъмир гардида, бо ташкили сохторҳои нав ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода шуд; заминаи моддӣ-техникии муассиса таҳким ёфта, Пешвои муаззами миллат зимни сафари расмиашон як бинои 9-ошёнаи маъмурӣ ва 25 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон ба коллективи донишгоҳ ҳадя намуданд.

Коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат эътимоди комил дошта, сиёсати хирадмандонаи дохилию хориҷии ин абармарди дунёи сиёсат ва Пешвои асри XXI-ро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Коллективи донишгоҳ аз замони ташкили ҳукумати конститутсонӣ, новобаста ба шароити сангин ва ноустувори сиёсӣ, дар паҳлуи ин марди наҷиб заҳмату ҷонбозиҳо намуда, сулҳу суботи кишвари азизамон — Тоҷикистони биҳиштмаъворо чун гавҳараки чашм ҳифз намуданд. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб моҳи сентябри соли 2019 чунин таъкид намуданд: «Таърих гувоҳ аст ва ман ҳеҷ гоҳ хизмати қаҳрамононаи мардуми шаҳри Кӯлобро зимни барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик аз парокандагӣ, ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз нестӣ фаромӯш намекунам. Дар ҳамаи лаҳзаҳои вазнини таърихӣ хурду бузурги шаҳри бостонии Кӯлоб дар паҳлуи Роҳбари давлат буданд ва давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя намуданд…».

Дар рушду нумӯи донишгоҳ шахсиятҳои таърихӣ, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида саҳми бориз гузошта, симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин шакл муаррифӣ намудаанд. Дар ин росто, метавон исми академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А.Раҳимов, И.Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Б. Қодиров, Рустам Назаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Р.Акбаров, Абдулло Ҳабибулло, Ҷумъа Шарифов, А.Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М.Х.Абдуллоев, А. Нозимов, Махфират Хидирзода, Н.Н. Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А.Қурбонов, А.Кӯчаров, А. Ҳалимов, Г.Ҳоҷиматова, шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ — хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев, ҳамзамон, олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кордоне чун профессорон М.О. Ибодов, С.С. Мирзоев, И. Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, А. Ҳалимов А., М. Иззатова, дотсентон Д.Расулов, К. Иззатуллоев, Ғ.Мирзоев, Н. Расулов, М. Набиев, А.Алиев, С.Абдулвоҳидов, Г.Иброҳимов, Д.Сайдалиев, Қ.Сангов, Э. Пирназаров, Н.Ашӯрова, З.Холиқова, Ф.Гулмадов, М. Абдураҳмонова, Саъдӣ Маҳдиев, К. Маҷидова, Н. Давлатова, С. Раҳимова, Ф. Файзуллоева ва амсоли инҳоро, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, зикр кард.

Бо шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои таърих — Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва суботу амнияти комил Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун махзани илму маърифат — яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамакнун дорои заминаи пуриқтидори моддӣ-техникӣ, китобхонаи муосир бо шароити зарурӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи интернет, лагери истироҳатӣ-фароғатии «Истиқлол» воқеъ дар ноҳияи Муъминонбод, кӯдакистони «Ситора», қитъаи таҷрибавӣ, Маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминонбод Парки технологӣ, радиои «Суруши ҷавонӣ», рӯзномаи «Анвори дониш», озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, биотехнология, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ, маҷаллаи илмии «Паём», «Муҳаққиқ», марказҳои тестӣ, таҳсилоти фосилавӣ, иттилоотӣ, рушди касбият ва инноватсия, табъу нашр, маркази омӯзиши забонҳо, синфхонаҳои лингофонӣ, коргоҳи дузандагӣ, ошхона ва амсоли инҳо мебошад.

Ҳамкориҳои донишгоҳ дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо беш аз 120 муассиаҳои таълимии хориҷи кишвар ва марказҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик — Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Молдова, Озорбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Болотар иброз намудем, ки аз ибтидо коллективи донишгоҳ ҷонибдори сиёсати Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар буд ва дар оянда низ аз он ҷонибдорӣ хоҳад кард. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешбурди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллективи донишгоҳ дар ҳудуди шаҳр Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Сайдалӣ Вализодаро бунёд намуда, чунин иқдомҳои созандаву ободкориро пайваста амалӣ хоҳад кард.

Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар партави ҷашни 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда заминаи моддӣ-техникии муассисаро мустаҳкам намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим кӯшиш намояд ва соҳаҳои хоҷагидории кишварро бо мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат таъмин намояд.

Мирализода Абдусалом Мустафо,

 доктори илмҳои педагогӣ, профессор,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  

номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment