Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО ОРЗУ ДОРАМ, КИ ТЕЛЕФОНИ МОДАРАМ ШАВАМ

ОРЗУ ДОРАМ, КИ ТЕЛЕФОНИ МОДАРАМ ШАВАМ

by admin
297 views

Муаллимаи забон ва адабиёти рус дар ҷараёни дарс дафтарҳои вазифаи хонагии хонандагонро ҷамъ карда мегирад. Муаллима шаб дар хона дафтарҳои хонандагонро як-як аз санҷиш мегузаронад, ки ногаҳон сараш чарх зада, рангаш мепарад ва ашкҳои чашмонаш беихтиёр ҷорӣ мешаванд. Ӯ ҳатто як сухан ба забон оварда наметавонад, ашк ва андӯҳ ӯро ғасб мекунад. Шавҳараш ончунон саргарми телефон буд, ки аз ин ҳолати зан бехабар монд. Лаҳзае чашмашро аз телефон гирифта, ба ҳамсараш нигоҳ кард. Бо дидани ҳолати ҳамсараш аз ӯ пурсад:

Дуруд ба шумо хонандагони бениҳоят азизу гиромӣ!

Қиссаеро ба саҳми шумо мерасонам, ки дар оилаи муаллимае ба вуқуъ пайвастааст ва ин мушкил дар тамоми оилаҳои ҷомеаи имрӯза ба назар мерасад.

Муаллимаи забон ва адабиёти рус дар ҷараёни дарс дафтарҳои вазифаи хонагии хонандагонро ҷамъ карда мегирад. Муаллима шаб дар хона дафтарҳои хонандагонро як-як аз санҷиш мегузаронад, ки ногаҳон сараш чарх зада, рангаш мепарад ва ашкҳои чашмонаш беихтиёр ҷорӣ мешаванд. Ӯ ҳатто як сухан ба забон оварда наметавонад, ашк ва андӯҳ ӯро ғасб мекунад. Шавҳараш ончунон саргарми телефон буд, ки аз ин ҳолати зан бехабар монд. Лаҳзае чашмашро аз телефон гирифта, ба ҳамсараш нигоҳ кард. Бо дидани ҳолати ҳамсараш аз ӯ пурсад:

— Чӣ гап шуд, саломатиат хуб аст?

Аммо боз ба телефон таваҷҷуҳ кард. Пас аз гузашти муддате боз аз ӯ пурсид:

— Ба ту чӣ шудааст? Сабаби чунин ҳолатат дар чист?»

Муаллима бо чашмони ашколӯд ба тарафи шавҳараш нигариста гуфт:

— Вазифаҳои хонагии хонандагонамро санҷида истодаам. Ба онҳо дар мавзӯи «Орзуи қиматбаҳои ман!» иншо дода будам. Иншои охир тамоми дунёи маро дигар кард.

Бо шунидани ин сухан, шавҳараш телефонро канор гузошту ба ӯ гуфт:

— Муфассалтар бигӯ, чӣ шудааст?

Муаллима иншои хонандаро хонд:

— Аз ҳама бузургтарин орзуи ман — ин телефони волидайнам шудан аст. Падару модари ман телефонро хеле дӯст медоранд, онҳо аксари вақташонро бо телефон сипарӣ мекунанд. Ман мебинам, ки онҳо барои телефон чӣ чизҳоеро ҷудо мекунанд. Суҳбат бо ман ҳатто ба онҳо чунин ҳаловат намебахшад, онҳо соатҳо маро аҳамият намедиҳанд. Вақте ман мегӯям, падарҷон лаҳзае бо ман ягон бозӣ кун, ӯ мегӯяд, ки фақат имрӯз не, зеро рӯзи вазнин буд ва ӯ хеле хастаҳол аст, аммо мебинам, ки ӯ соатҳо телефонро ба дасташ гирифта, хастагияшро рафъ мекунад, ки ҳатто гузаштани вақтро нафаҳмида мемонад. Вақте модарам ба коре машғул аст ва медонад, ки пас аз ҳамин кораш вақташро бояд бо ман сарф намояд ва ман интизорам, ки ногаҳ занги телефон мешаваду модарам бо ҳамин маро фаромӯш мекунад. Ҳатто агар ман гиря ҳам кунам, телефонро хомӯш намекунад.

Волидайни ман мехонанд, гӯш мекунанд, бозӣ мекунанд, нигоҳ ва қадр мекунанд — телефони худро. Ягон хоҳиши ман барои онҳо аҳамият надорад, чун дар телефони онҳо чизҳои аз ман беҳтар мавҷуд аст. Вақте ба модарам мегӯям, ки модарҷон каме маро гӯш кун, гапи муҳиме дорам, вай дар ҷавоб доимо мегӯяд, ки каме баъдтар, аммо дар дасташ телефон аст. Барои ҳамин, ман мехоҳам, ки телефони волидайнам шавам, то ҳамеша бо падару модари азизам бошам.

Муаллима матнро хонда тамом кард, аммо чунин ҳолатро аз шавҳараш интизор надошт, зеро шавҳараш пас аз шунидани ин матн хеле дар ҳаяҷони сахт қарор гирифта, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Шавҳар ба тарафи занаш нигариста пурсид:

— Чи қадар сахт мехоҳам, ки худи ҳамин ҳозир ин кӯдак бошаду ман ӯро бар оғӯш гирам.

Занро ғамаш зиёд шуд ва об аз дидааш равон шуда гуфт:

— Ту ин корро ҳозир карда метавонӣ!

Шавҳар дар ҳайрат шуда пурсид:

— Чӣ хел?

Муаллима гуфт:

— Ин иншоро писари мо — Сиёвуш навиштааст.

Волидайн дар ин ҳолат хеле гиря карданд ва ин камбудии худро ислоҳ намуданд.

МАНТИҚ: Хонандаи гиромӣ! Агар Шумо падар ё модар ҳастед, пас амалҳои ҳаррӯзаи худро ба ин қисса муқоиса карда, худ хулоса бароред, ки телефонатонро аз фарзанди бо чӣ қадар ранҷу машаққати зиёд ба даст овардаатон бартарият додаед. Пас, аз ҳамин лаҳза боз истед! Фарзандон ҷону ҷигари Шумоянд.

Имрӯзҳо садҳо оила бо сабаби фарзандор нашуданашон дар ранҷу ташвиш қарор доранд ва садҳо оилаҳои дигар бо ин сабаб пароканда шуда истодаанд. Пас, аз ин неъмати бебаҳо шукургузор бошед! Ҳама он ранҷе, ки падар барои оиладорӣ ва фарзанд мекашад, ҳама он ранҷе, ки модар барои тавлид ва бузург шудани фарзанд мекашад, бо ҳеҷ гуна арзише ҷуброн намешавад. Пас, телефонро бо ин арзиши бузург баробар кардан ва ҳатто боло донистан нишони чист?

Фародил Ф.Ф.,

психологи ҷавон, мавод аз фейсбук

Related Articles

Leave a Comment