Home АНДЕША ЧАРОҒАФРӮЗИ МАЪРИФАТ

ЧАРОҒАФРӮЗИ МАЪРИФАТ

by admin
167 views

(ба муносибати 75-солагии устод Туйчӣ Маҳмудов)

 Инсон дар пайроҳаи ҳаёт барои худ роҳеро интихоб мекунад ва умри хешро масраф месозад. Ҳар фард тӯли зиндагӣ барои он саъй мекунад, ки дар чорсӯи тақдир раҳгум назанад ва ба манзили мурод бехалал бирасад. Дар қалби инсон тухми орзую омол кишт шудааст ва он бояд рушд ёфта, ба камол бирасад ва соҳиби қалбро ба водии мақсуд бирасонад. Дар ин ҷода инсонҳое комёб мешаванд, ки иродаи навӣ, сабру таҳаммул, ҷиддият, азми комил ва саъй муназзам доранд. Роҳи пурпечутоби зиндагӣ, ғалаёнҳои мушкилэҷоди он инсонҳоро ба раҳгумӣ ва дарнаёфтани манзили мурод овора месозанд.

  Аз ин рӯ, инсонҳои асил дунёро на бо чашми сар, балки бо чашми дил дида, фирефтаи он намешаванд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

На бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст, в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бар-он гузарӣ.

Чун чашми хиради инсон ба дунё кушуда мешавад, ӯ сайди заифи рӯзгор намешавад, балки бо нерӯи қавӣ роҳ ба сӯи олами инсонӣ мекушояд. Чун роҳ пайдо шуд, чароғе зарур мешавад, ки ин роҳро равшан намояд ва барои таи манзил роҳнамо шавад. Бешакку шубҳа, ин чароғ маърифати инсонӣ аст. Бе маърифат роҳпаймоии инсон дар чорсӯи сарнавишт далели гумроҳист:

Бемаърифат мабош, ки дар манязиди ишқ,

Аҳли назар муомила бо ошно кунанд.

Инсоният аз пайдоиши худ ин ганҷи гаронмояро дар қалби худ ҷой дод ва дар ҳеҷ замоне онро дар канор нагузошт. Афкандани ин хазина барои инсон хатари нобудшавиро пеш меорад. Аз ин рӯ, ҳар тасмиме, ки инсон мегирад, албатта, онро дар тарозуи хирад бармекашад ва сипас бар асоси он амал мекунад. Шахсе, ки бе ин сармоя сафари умр дорад, сарнавишти хатарзое ӯро дар пеш аст ва кӯи парешоние интизораш аст. Ганҷи маърифатро дар қалби инсонҳо шахсоне нигоҳдорӣ мекунанд, ки соҳибдиланд, соҳибгиланд, соҳибтадбиранд. Ин зумраро омӯзгор, устод, таълимдиҳанда роҳнамои роҳи зиндагӣ унвон медиҳанд ва ба ӯ аз рӯи эҳтиром арҷ мегузоранд.

Барои инсон тамоми кору амал мушкил аст, аммо саъбтарин ва беҳтарини корҳо, кишт кардани тухми маърифат дар дили инсонҳо мебошад. Агарчӣ дар рӯзгор ҳазорон-ҳазорон омӯзгорон ҳастанду дари маънӣ ба рӯи шогирдон мекушоянд, дар ҳар давру замон омӯзгорони нодире ҳастанд, ки асолати ин пешаро бо худфидоии хеш соҳиб гаштаанд.

Устод Т.Маҳмудов аз зумраи чунин афроде ҳаст, ки сарнавишти хешро ба ин ҷодаи наҷиб пайванд кардааст. Аз нахустин қадамҳои ба ин роҳ гузоштааш маълум буд, ки ӯ ба касби худ, ба роҳи интихобнамудааш содиқ аст. Интихоби ӯ дуруст буд, зеро дар ниҳоди ӯ алангаю оташи ишқи ниҳонӣ нисбати пеша афрӯхта шуда буд.

Дар донишкада ҳангоми таҳсил пайваста ба мутолиа ва азбарсозии асосҳои илм машғул буд.

Устодонро чун падар гиромӣ медошт ва қадри онҳоро чун падар мешинохт. Аз шогирд будани хеш ифтихор дошт ва ба устод гардидани худ итминон дошт:

Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,

Расад рӯзе, ки худ устод гардад.

Аз душвориҳо ва монеаҳои дар пеш истода ҳарос надошт. Барои рафъи онҳо пайгирона мекӯшид. Фатҳи ҳар як мушкилот ӯро ба мушкилоти дигар меовард. Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ ноумед ва хаста намешуд ва бурдборона қадам монданро шиори зиндагии хеш намуда буд. Пандҳои падари бузургаш ӯро роҳнамоӣ мекарданд. Устуворӣ, сабру матонат, саъю талош ва ору номус зоди роҳи оғознамудааш буданд ва сари ҳар қадам дастгираш мешуданд. Беҳтарин донишҷӯи донишкада буд ва устодон чун падар ба ӯ дар роҳи интихобнамудааш фотиҳаи хайр медоданд. Тибқи озмун устоди донишкада гашт. Ин руйдод барои мутахасиси ҷавон ҳам падидаи неки зиндагӣ ва ҳам масъулияти ояндаи инсонӣ гашт. Дар роҳи оғоз намуда кулбори ӯ пур буд. Қалби худро бо нури маърифат равшан карда буд ва боварӣ дошт, ки ӯ ин равшаниро дар дили шогирдон меафрӯзад.

Дар баробари дониши хуби тахассусӣ доштанаш ӯ аз илмҳои педагогика, равоншиносӣ ва мантиқу фалсафа огоҳии комил дошт. Ба хубӣ медонист, ки устод будан бе надоштани ҷаҳонбинӣ ба он мемонад, ки бо чашми баста роҳравонро роҳнамо бошӣ. Шогирдонро таълим медод ва ба замми ин худ меомӯхт, зеро медонист, ки омӯзонидан бе омӯхтан муяссар намешавад.

Ба зиммаи ӯ ҳамчун устоди ҷавон таълими фанҳои гуногуни тахассусиро вогузор мекарданд. Ӯ аз ҳама озмоишҳои дар пеш гузоштааш ба хубӣ мебаромад. Ба дарсҳо ҳамеша бо тайёрӣ меомад, оид ба мавзӯъ ба донишҷӯён муосиртарин далелҳоро мерасонд. Ба ҷиҳатҳои тарбиявӣ, идеявӣ ва сиёсии дарс диққати махсус медод. Ӯ ба хубӣ медонист, ки таълиму тарбияи мутахасиси оянда ба пешравии ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар баробари масъулияти омӯзгорӣ ба ӯ иҷрои дигар вазифаҳои ҷамъиятиро бовар мекарданд. Бе чунучаро Туйчӣ Маҳмудов ҳамчун шахси масъул аз ӯҳдаи онҳо ба хубӣ мебаромад. Ба устодон эҳтироми самимӣ дошт ва маслиҳату машварати онҳоро чун тӯшаи роҳ қабул намуда, тибқи онҳо кор мебурд. Роҳбарии маҳфилҳоро ба ӯҳда мегирифт ва дар омода намудани донишҷӯён ба озмунҳо ҳиссаи сазовори худро мегузошт.

Шӯъбаи аспирантураро бомуваффақият хатм намуда, мавзӯи кори тадқиқотӣ, роҳбари илмиашро пайдо кард. Дар як муддати кӯтоҳ рисолаи номзадии худро дифоъ намуд ва дар донишкада кори худро идома дод.

Дар баробари кори пурмашаққат ва сермасъулияти омӯзгорӣ ӯ бори гарони олимиро низ бар дӯш дошт. Ҳамеша тадқиқоти худро дар доираи мавзуоти мухталифи тахассусӣ гузаронида дар паи натиҷагирӣ аз онҳо буд. Тезис, мақолаҳои илмӣ-методӣ ва дастурҳои таълимӣ менавишт ва барои зиёдтар ва амиқтар ба кори пурсамари эҷодӣ машғул гардидан вақти худро масраф месохт.

Олими ҷавон дар робита бо ҳамкорон барои пиёда гардидани мақсадҳои алоҳида ва умумӣ бурдборона талош мекард. Дар ташкил карда гузаронидани чорабиниҳои факултет ва донишгоҳ пешдастӣ мекард. Омодагии худ ва шогирдонро ба конференсияҳои донишгоҳӣ ва берун аз он таъмин мекард. Барои меҳнати софдилона ва арзишмандаш ӯро борҳо бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонидаанд.

Устод Туйчӣ Маҳмудов аз имтиҳони сангини рӯзгор дар айёми душвориҳои сиёсии ҷомеа гузашт. Аксари устодон тарки вазифа карданд ва барои худ роҳҳои дигарро пеша карданд. Истодагарӣ ва матонати устод, содиқ мондани ба вазифа ва муқовимат бо нобасомониҳо барои ӯ мактабе буданд, ки обу тобаш доданд.

Дар ин ҳангом ӯ шогирдонро дар рӯҳияи шуҷоат, мардонагӣ, ватандӯстӣ, халқпаварӣ ва рӯҳи шикастнопазир доштан тарбия менамуд. Бовари дошт, ки:

Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,

Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд.

Дар айёми душвору сарди солҳои 90-ум дар баробари содиқмондагон боқӣ монд ва бе маошу рӯзгори нобафарҷои умр ба сар бурд. Бори сангини ин давраҳоро бо иродаи қавӣ ва уммед бо оянда бар дӯш дошт. Фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқотии худро замоне қатъ накард. Баръакс, нерӯи тавонои маърифат, ки дар дилаш ошён дошт, ӯро сӯи рӯзҳои нек роҳнамун мекард ва шӯълаи умедро партавафшон мекард.

Лаҳзаҳои фориғ аз кор устод вақти худро дар китобхонаи худ, ки аз ҳазорон ҷилд китобҳо маҷалаҳо, бастаи рӯзномаҳо ташкил ёфта буд, мегузаронид. Дар симои китоб беҳтарин ҳамдаму ҳамроз ва дӯсти вафодори худро ёфта буд. Шабҳои зиёдро ғарқи мутолиаи китоб ба субҳ мепайваст. Аз ин мутолиаҳо дурдонаҳои маърифатро ба даст меовард ва онҳоро дар ёдномаи худ сабт намуда, ҳифз мекард ва онҳоро ба шогирдон мерасонид. Баъзан сари масъалае рӯзҳои зиёд андеша мекард ва ҳалли масъаларо машғулияти доимии худ қарор медод.

Баробари таъсиси литсейи назди донишгоҳ ӯро чун омӯзгори асили математика, методист ва мубаллиғи ин фан ба кори таълими толибилмони боистеъдод ҷалб намуданд. Ӯ ки дар ин самт собиқаи зиёд дошт (солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқ дар МТМУ-и №8-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият карда буд) бо хонандагони хушзеҳн кор мебурд. Дар як муддати кӯтоҳ хонандагони ин даргоҳ тавассути меҳнатҳои пайгиронаи устод дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеъ пайдо намуд. Шогирдон сари масъалаҳое кор мебурданд, ки дар дараҷаҳои хеле баланд қарор доштанд.

Устод Туйчӣ Маҳмудов дар раванди кори хеш норасоиҳои таълимро дар мактаб ошкор намуда, барои бартараф сохтани онҳо ба навиштани дастури воситаҳои таълимии ёрирасон шурӯъ намуд. Нахуст дастури «Математикаро меомӯзем»-ро таълиф кард. Ин дастур воситае буд, ки дилхоҳ хонандаро ба омӯзиши ин фан ҷалб менамуд. Аксар маводҳои асосии курси математикаро дарбар гирифта, бо тартиби муназзам ва баёни оммафаҳм пешниҳод гардида буд. Баъдан муаллиф ба навиштани «Ребусҳои математикӣ», «Масъалаҳои шавқовари математикӣ», «Машқҳои такрорӣ аз математика», «Машқҳои такрорӣ аз алгебра», «Масъалаҳои олимпиадавӣ» ва ғайраҳо машғул гардида, барои алоқамандон ва дӯстдорони фан армуғонҳои беназирро эҳдо намуд.

Муддатҳои зиёд роҳбарии кафедраи методикаи таълими математикаро ба ӯҳда дошт. Дар самти пешбурди кори кафедра ҳамчун устод ва роҳбар корҳои методӣ, педагогӣ ва илмии зиёдро анҷом дод. Дар таҳияи барномаҳои кории фанҳои кафедра иштирок намуда, дар дастрас намудани маводҳои таълимӣ ҳиссаи сазовори худро мегузошт. Дар дастгирии устодони кафедра қувва ва вақти хешро дареғ намедошт.

Барои пешравии мутахассисони ҷавон ёрии худро дареғ надошта, ба онҳо роҳсипарӣ дар ҷодаи илмро меомӯхт. Дар дохилшавӣ ба аспирантура ва вобаста намудан ба роҳбарони илмӣ мусоидат мекард. Дар навиштани мақолаҳо, тартиб додани дастуру воситаҳои таълими аъзоёни кафедраро ҷалб сохта, барои роҳ ёфтани онҳо ба корҳои тадқиқотӣ пайгирона кӯшиш менамуд.

Устод Туйчӣ Маҳмудов дорои ҷаҳонбинии хеле васеъ буда, фарогири доираи васеи илмҳо мебошад. Сӯҳбатҳои устод ҳамеша дилнишин буда, касро ба олами рангини маърифат роҳнамоӣ мекунад. Дар симои ҳар як инсон ёфтани дӯстро меҳвари андешаҳои худ қарор медиҳад. Вақте ки китоби машҳури нависандаи даниягӣ Дейл Корнеги бо унвони «Оини дӯстёбӣ» рӯи кор омад, устод хеле хушҳол буд. Онро пайваста мутолиа намуда, нуқтаҳои ҷолиби онро ҳангоми нишастҳо ҳикоя мекард ва нашъа мебурд. Онро бо дурдонаҳои осори классикон муқоиса менамуд ва ҳамфикр будани ҳамаи гузаштагони давру замонҳоро эътироф месохт. Алалхусус, гуфтори Саъдии Шерозиро дар ҳамақидагӣ бо навиштаҳои Дейл Корнегӣ қайд менамуд.

Бандаи ҳалқабагӯш ар нанавозӣ, биравад,

Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш.

Устод гуфтори дигаронро низ дар боби илм, маърифат ва фарҳанг меписандад ва дар ҳар вохӯрӣ бардоштҳои онҳоро аз олами маънӣ пурсон мешавад.

Устоди гиромӣ ва олими некумазҳар Туйчӣ Маҳмудов дар тӯли умри бобаракати хеш, ки онро ба кори хайр-илм омӯхтан ва илм омӯзонидан-масраф намудааст ҳазорон шогирдонро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки онҳо дар навбати худ дар ибрати устод ин кори неку амали хайрро идома дода истодаанд.

Имсол устоди баркамоли мо, инсони хеле азизу меҳрубони мо ба синни мубораки 75 қадам ниҳодаанд. Мо шогирдон ин солгарди устодро барояш аз сидқи дил табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, зиндагии осудаҳолона, хотирҷамъӣ ва рӯзгори орифонаро таманно дорем. Умед бар он дорем, ки устод ҳамеша дар ҳалқаи шогирдон истода, ба онҳо роҳи росту маслиҳатҳои оқилонаро нишон диҳад.

                                                                                            Зафар ИМОМОВ,

                                                                                           декани факултети физика ва математика

                                                                                           Ҷонмуҳаммад НИЁЗОВ,

                                                                                          номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи

                                                                                         математика ва методикаи таълими он

                                                                                         Шамсиддин ШАРИПОВ,

                                                                           омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment