Home АНДЕША МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА МИР АЛИШЕРИ НАВОӢ – ПАЙВАНДГАРОНИ ДӮСТИВУ БАРОДАРИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИК ВА ӮЗБЕК

МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА МИР АЛИШЕРИ НАВОӢ – ПАЙВАНДГАРОНИ ДӮСТИВУ БАРОДАРИИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИК ВА ӮЗБЕК

by admin
466 views

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ин ду нобиғаи адабиёти классикии форс — тоҷик ва узбек дар адабиёти умумиҷаҳонӣ шоистаи ҷойи намоён буда, офаридаҳои беҳамто ва ҳамкориҳои созандаи онҳо дар роҳи тарбияи ахлоқӣ ва маънавии одамон нақши арзанда гузоштааст

Дар бораи зиндагӣ ва офаридаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дӯстиву пайвастагии ӯ бо Мир Алишери Навоӣ, дар баробари устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров, дар кишвари мо ва дар хориҷи Тоҷикистон донишмандони зиёде таълифоти илмии мӯбинона ба чоп расондаанд. Аз ҷумла донишмандони шинохта Е.Э.Бертельс, И. С. Брагинский, В. Державин, К.И. Чайкин, Аълохон Афсаҳзод, М.Муллоаҳмад, Д.Бобокалонова, И.Х. Каримова, М. Лутфуллоев, И. О.Обидов, М. Орифӣ, З. Ҳасанова, ва пажӯҳишгарони бисёре паҳлӯҳои гуногуни осори ин ду нобиғаи адабиётро мавриди таҳлил қарор додаанд.

 Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, ки дар замони худ бунёдгузорони мактаби адабии Ҳирот буданд, дар атрофи худ садҳо шогирдони боистеъдодро гирд оварда, ба мартабаи баланди илмӣ расондаанд, ки аз ҷумла адибони овозаманд Кошифӣ, Ҳотифӣ, Суҳайлӣ, Осафӣ, Комӣ, Алии Сафӣ,Абулғафури Лорӣ, Абулвосеи Низомӣ, Атоуллоҳи Машҳадӣ,, Ҳисомӣ, Дарвеши Равға, Аҳмади Пиршамснгар ва чанде дигарон буданд ва чуноне аллома Бобоҷон Ғафуров гуфтааст «дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ин ду нобиғаи замон намунаи дурахшон ва рамзи дӯстии халқхои узбеку тоҷик мебошад, ки обишхӯр дар сарчашмаи куҳансол дорад».

Бояд бо қаноатмандӣ ишора кард, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии бародаронаи халқхои узбеку тоҷик ривоҷу равнақи тозае гирифт. Дар партави ин сиёсат солҳои 2018 — 2019 дар кишварҳои дӯсту ҳамсоя як силсила чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуданд. 27 сентябри соли 2019 Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, дар шаҳри Душанбе боғи ба номи Алишер Навоиро ботантана ифтитоҳ намуда, бар пояи пайкараи ба тозагӣ бунёдгаштаи шоирон ва мутафаккирони бузург Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гулдастаҳо гузоштанд. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи марти соли гузашта дар чорбоғи ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд низ композитсияи пайкарнигории Навоӣ ва Ҷомӣ бунёд гашта буд. Ин нукта низ баёнгари арҷгузорӣ ба адабиёти ҳазорсолаи форс — тоҷик мебошад, ки чорбоғи Навоӣ дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёд гашта, дар ҳамҷаворӣ бо хиёбони Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ҷой гирифтааст.

  Донишмандони пуркор ҳанӯз ҳам дар пайи ҷусторҳои баландандеша ба паҳлӯҳои кашфнагардидаи осори ҳар ду нобиғаи беҳамтои адабиёти Шарқ нигариста, ба дарёфтҳои тозаву ҷолибе ноил гардидаанд, ки беҳтараш он бинишҳои нобро аз гуфтори худашон бишнавем. Ин аст, ки мо мехоҳем дар мавриди боғи ба номи Мир Алишери Навоӣ, ки гӯшаи чашмгири пойтахтамонро озин додааст ва дархӯри маъниҳои баланди фарҳангӣ мебошад, сухани фишурдаеро бозоварем.

Бояд арз кард, ки аз роҳи пурсишҳову кундуковҳои худ натиҷагирӣ намудаам, ки муаллифи ин чорбоғи (парки) зебое, ки ҳамзамон нақши мактаби тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, адабӣ, зебоишиносӣ, кишваршиносӣ, меҳанпарастӣ, шаҳрнишинӣ, хештаншиносиву тоҷикшиносӣ, арзишҳои бародариву ҳамсоягӣ бо ҳамдеворони Узбекистон ва як силсила арзишҳои дигарро иҷро мекунад, Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ будаанд. Ва хушнуд шудам, ки давлатбонуи аз ҳама пуркору серташвиш фурсат пайдо кардаанд то бунёди чорбоғе бо ин нозукиҳову оростагиҳо ва дорои маънии баланди маърифатиро тарҳрезӣ ва зери назорати шахсӣ гирифтаанд, ки дар роҳи татбиқи шоистаи дастури ояндасози Пешвои муаззами миллат — то рӯзи ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ободу сарсабз гардонидани шаҳру деҳоти кишвар, беҳсозии зиндагии маишии мардум, ин боғи зебо армуғони шоиста мебошад.

То ҷашни 30 солагии Истиқлоли кишварамон мо мардумони Тоҷикистон бояд ба пиндору кирдору гуфторамон низ тобиши нав бахшида, асолати миллии худро дубора дарёбем. Ва боғи фарҳангии ба номи Низомиддин Мир Алишери Навоӣ дар ин росто метавонад намунаи равшан бошад.

Пеш аз ҳама дар боғи Мир Алишери Навоӣ он чӣ моро бештар ба худ ҷалб кард ин аст, ки муаллифи боғ аз роҳи сайругашт дар чаманзор кӯшидааст зеҳнҳои мардумро ба амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» равона кунад. Ин қонун, ки бо хирадгароии Пешвои муаззами миллат соли 2011 тадвин гардида буд, ба бознигарӣ ва бозёбии арзишҳои беҳтарину куҳантарини халқи тоҷик — тарбияи фарзанд нигаронида шудааст. Дар ин маврид бояд қоил шуд, ки мо тоҷикон баъзе арзишҳои хуби миллии худро, зери таъсири падидаҳои носолими бегонапарастӣ, ки бештар аз роҳи расонаҳои хабарии электрониву наворҳои видеоӣ, таблиғоти шабакаҳои телевизионии бегона ва талошҳои мутаассибони ифротгаро ба зеҳнҳои ҷавононамон ҷой гирифтааст, то андозае аз даст додаем. Чуноне гоҳ – гоҳе ба чашм мехӯрад, эҳтироми фарзанд ба падару модару падаркалону модаркалон, эҳтироми наврасону ҷавонон ба калонсолону меҳтарон, рӯ ба китобхониву донишандӯзӣ овардан ва монанди он то андозае коста шудаанд. Ҳамин аст, ки дар гӯшаҳои чорбоғ муҷассамаҳои пурмаъно бо як ҳунари баланди пайкартарошӣ, ҷой гирифта, тамошогарро ба сӯйи худ ҷалб менамоянд. Дар яке аз он пайкараҳо намоди (образи) модару духтари болои нимкат нишаста бозтоб гардидааст, ки модар рӯйи дастонаш китоби кушода дар ҳолати хондани матлабе мебошад. Пайдост хониши модар диққати духтарашро ба худ ҷалб намудааст, зеро духтар сари худро ба тарафи модар моил намуда, ба китобхонии ӯ бодиққат гӯш фаро медиҳад. Яқин аст, ки модар саргузашти шахси хирадманде, ё панду андарзҳои бузургонро, дар ин маврид пандномаҳои Ҷомӣ ва Навоиро аз саҳифаҳои китоб барои духтараш мехонад. Дар тандиси дуюм пайкари падару писар офарида шудааст. Падари ҷавон рӯйи даст китоби кушода болои нимкат нишаста, аз писар маъниеро мепурсад. Писарак, ки рӯйи по воистодааст ангушти ишора ба саҳифаи китоб бурда, чизеро аз падар мепурсад.

Дар муҷассамаи дигар намоди бобокалон ва наберааш духтараки 10 — 12 сола, бознамоён шудааст, ки ҳар ду рӯйи нимкат нишастаанд. Набера китоби кушода рӯйи даст, дар ҳолати хондани матлабе қарор дорад ва бобо бо як ҷиддият ба китобхонии набера гӯш фаро медиҳад.

Тандиси чаҳорум пайкараҳои бобо, падар ва писарро инъикос намудааст, ки дар як дасти бобо асо ва дасти дигарашро набера дошта, ҳар се ба роҳ равонанд. Пайкари падари ҷавон ишора ба суханрониҳояш дорад, ки писари наврас бо тамоми ҳастӣ ҳушашро ба гуфтаҳои падар банд карда, ҳамзамон дасти боборо гирифтааст. Чеҳраи бобо, ки ба табассум моил аст, таҷассумгари ризоияти ӯ аз гуфтаҳои писар аст. Яъне падари солхӯрда бар он бовар аст, ки корҳои анҷом додаи ӯ барҳадар нахоҳанд рафт. Онҳоро писару набера идома хоҳанд дод. Дар як дасти пирамард ҷой доштани асо, дар самти чапи ӯ қарор доштани писараш ва дасти дигарро ба набера додан, ба гусаста нагаштани наслҳо, аз таҷрибаи бобоён баҳра гирифтан ва дар пирӣ асову такягоҳи падарону бобоён будан, ишора дорад.

Боғ бо осори шоирони бузург ҳамнаво мебошад. Абдураҳмони Ҷомӣ тарбияро дар ташаккули инсон дар ҷойи аввал гузоштааст. Мавлоно ба он бовар буд, ки аз роҳи тарбия метавон беҳтарин сифатҳои инсониро дар замири насли наврас ҷой дод: инсонгароӣ, эҳсоси дӯстӣ ва бародарӣ, фурӯтанӣ, ростгӯиву растагорӣ, саховатмандиву заҳматпешагӣ ва ҳамеша дареғ надоштани ёрии хеш ба нодорону нотавонон.

Равшан аст, ки ҳар як муҷассама ба ин чорбоғи ороста мазмуну мундариҷаи тарбиявӣ бахшида дархӯри андешаест, ки дар нигоҳи нахуст на ҳар кас метавонад ба фалсафаи дар он ниҳон буда дарбиравад. Аммо чун ба шарҳи мазмуну муҳтавои онҳо дар расонаҳои хабарӣ, яъне рӯзномаҳо ва радиову телевизион саҳифаҳо бахшида шаванд ва ҳамчунон раҳнамои фишурдае (буклет) таълиф гардад, мардум аз он хубтар баҳравар хоҳанд шуд.

Бояд гуфт мо дар офариниш ва нақши ин пайкараҳо ҷавҳари мардуми тоҷикро дармеёбем, ки китобнависӣ ва китобпарастии тоҷикон реша дар ҳазорсолаҳои фаротаърихӣ дошта, аз рӯзгори офариниши нахустин китоби ҷаҳониён, ҳанӯз аз таълифи «Авасто» сарчашма мегирад. Модари тоҷик ҳатто зери сари кӯдакони дар гаҳвора орамидаашон девони Ҳофиз ё Бедилро мегузошт. Дар чорбоғи ба номи Мир Алишери Навоӣ низ намоди китоб ва ҷойгоҳи китоб дар тарбия намудани фарзанд пеш аз ҳама чашмгир аст ва ба сайругашту истироҳати мардум маънии андешамандӣ бахшидааст. Рӯ овардан ба китоб, омӯзиши илмҳои замона ва забонҳои хориҷӣ, омӯзаву насиҳатҳоест, ки ҳамвора Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон таъкид медоранд.

Дар баробари ин чор муҷассамаҳои ёдшуда, рӯйи чаманҳои боғ пайкараҳои рамздори товус ва кӯзаи сафолин рехта шудаанд, ки на танҳо он чаманзоронро оро додаанд, балки дархӯри маъниҳое мебошанд, ки дар сурудаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ бозтоб ётаанд ва бо чашмони хушбин метавон рамзҳои онҳоро пай бурд. Товуси хушхиром, думи калону пурнақши худро кушодааст, вале он нақшу нигори аз думи товус таровида чаманзорро гулистон гардонидааст, зеро доман – доман гулҳои хурди сурху арғувонӣ, зарду бунафшу сафед рӯйи чаман аз нақшу нигори думи товус пареш хӯрдаанд. Кӯзаҳои ба як тараф моил шуда низ гӯёву шоирона офарида шудаанд. Аз кӯзаҳои хам гашта, ки маъмулан бояд об ҷорӣ шавад, гулҳои гуногуни зебо ҷорианд. Яъне об аст, ки ҳамаро сарсабзу хуррам мегардонад, шукуфтанҳову таровати гулҳо аз об аст. Ин манзара зеҳни бинандаро ба ҷойгоҳи об дар ободонии сарзамин ва ҳатман ба бузургдошти об, ки аз талошҳои даҳсолаи Сарвари давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бархостааст, равона хоҳад намуд.

Завқу салиқаи парвардаи муаллиф аз он низ намоён аст, ки дар фазои боғ мусиқии дилнишину ором пахш мегардад, хеле маҳину гӯшнавоз, на ба сони баъзан оҳангсароиҳои ба истилоҳ ҳангомахоҳу гӯшхарош. Ҳамчунон дар гӯшае қаҳвахонаи хурдакаки ҷавобгӯи замон бино шудааст, ки кас метавонад бо ҳамроҳи худ, ё бо оилаи худ чанде пеши мизи як пиёла чой, ё қаҳва нишаста суҳбатороӣ кунад.

  Пас аз омӯхтани тандиси Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Мир Алишери Навоӣ, ки аслан як асари фундаменталии баёнгари фарҳанговариву хирадгароии миллати тоҷик, донишсолории гузаштагонамон ва албатта дӯстиву ҳамзистии бародарвори мардумони тоҷику ӯзбек аст, бо муаллифи пайкара суҳбате муяссарам гашт. Тандисгари ботаҷриба ва шинохта, арбоби ҳунарии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Ҷӯраев Ғафурҷон ин тандисро ниҳоят бинишварона офаридаанд. Барои интихоби меъмори шоиста раиси шаҳри Душанбе бо қарори худ озмун эълон намуда будаанд ва лоиҳаи пешниҳодгардидаи ҳунарманди чирадасти хуҷандӣ аз ҳама бартар дониста шуда, муаллифаш сазовори офаридани ин пайкараи зебову гӯё гардидаанд. Аз дарёфтҳои эҷодии он кас ҳувайдо буд, ки пайкартарош шахси ворид дар адабиёти тоҷику узбек буда, аз андешаҳои тасаввуфии адабиётамон огоҳии басанда дошта будастаанд. Чунончи ҳайкалтароши мумтоз пайкари Абдураҳмони Ҷомиро дар зинаи ҳафтуми рамзии ирфон ва Алишери Навоиро дар зинаи шашӯм ҷой додааст, ки дар ин ҷо мартабаи устоду шогирд, ё пиру муридро дар сайри «ҳафт шаҳри» паймудаи соликон ва расидан ба водии мурод бозгӯ намудааст. Дар ҳақиқат ҳам солрӯзи Алишери Навоӣ соли 1441 мелодӣ мебошад, ки дар он замон Абдураҳмони Ҷомӣ 27 сол дошт ва дар роҳи тариқати тасаввуф миёни донишмандон овозаманд гашта буд. Чуноне донишманди шинохта Е. Э. Бертелс овардааст, соли 1469 шиносоии Навоӣ ва Ҷомӣ сурат гирифтааст ва соли 1469 Навоӣ ба тариқати «Нақшбандия» — и тасаввуф гароиш пайдо карда, Абдураҳмони Ҷомиро устод ва пири маърифати худ медонад. (Е. Э. Бертельс, «Навои и Джами», М., 1965, с. 117)

Ҳамбастагии онҳо чунон самимӣ буд, ки ноогоҳон гумон мекарданд онҳо падару фарзанд мебошанд. (Ончуноне дар осори Мавлоно Ҷомӣ омадааст, гоҳе аз ӯ чунин пурсиш сурат мегирифтааст:

Ин писар мешавад туро фарзанд,

Ё шогирди туст, ё хешованд?!

Ва Мавлоно посух медодааст:

Гуфтам ӯ аз турку ман тоҷик,

Лек дорем хешии наздик.)

Ин гуфтор дар баробари ишора ба пайванди наздики устоду шогирд, инро низ дар назар дорад, ки падари Алишери Навоӣ аз туркони чағатоӣ ва модараш аз қавм тоҷик будааст.

  Дар офариниши чеҳраҳои он ду мутафаккири бузург профессор Ғафурҷон Ҷӯраев як лаҳзаи ҷолиберо ҷой додааст, ки ба таърихи нигориши китоби «Хамса» и Алишери Навоӣ иртибот дорад. Мир Алишери Навоӣ асосан бо забони тоҷикӣ шеър месароид ва мехост ин шеваи нигориши худро давом диҳад, аммо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ӯ тавсия медиҳад, ки чун бо забони тоҷикӣ — форсӣ Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва чанде аз шоирони дигари порсигӯ «Хамса» навиштаанд, беҳтар мебуд ӯ достонҳои панҷгонаашро бо забони ӯзбекӣ (туркии чағатоӣ) биофарад. Навоӣ «Хамса» — ро ба поён расонда, бо як дили пурҳарос, истиҳолаву беҷуръатӣ навиштаҳояшро пеши дидори устод мегузорад. Ҷомӣ «Хамса» — ро сафҳагардон намуда, аз ҳунари баланди Навоӣ ба ваҷд меояд ва «офарин» хонда ба унвони ситоиш даст ба китфаш мегузорад. Ҳамин лаҳзаро пайкартарош дар асари худ бо маҳорати як эҷодкори нуктасанҷ бозтоб намудааст. Чуноне Навоӣ худ дар «Хамса» изҳор доштааст, зери ҳаяҷони зиёд лаҳзае бехуд мешавад ва дар ин фурсат хоб мебинад, ки ба ҳангоми сайри боғ шоири чирасухан Ҳасани Деҳлавӣ сӯйи ӯ мешитофтааст, то хабар диҳад, ки Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саноии Марвазӣ дар боғ нишастаанд. Навоӣ ба назди онҳо бошитоб омада мехоҳад дар пешашон худро ба зону афканад. Низомӣ, ки дар боло нишаста буд, аз ҷой бархоста ба назди Навоӣ равон мешавад, аммо ӯ дар ин лаҳза аз хоб бедор мешавад.

Мебояд ёдовар шуд, ки дар таҷассуми симоҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ низ ҷойгоҳи китоб ниҳоят равшану гӯёст. Ҷомӣ дар ҳолати нишастан ва хондани китоби таълифнамудаи Навоӣ қарор дорад ва Алишери Навоӣ бо вуҷуди сарвазири кишвар ва яке аз наздикони шоҳ Ҳусайн Бойқаро будан, бо як ҳаяҷони шогирдона интизори баҳогузории устод ба кори анҷом додаи шогирд, рӯйи по истодааст.

Аз гуфтаҳои боло метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки омӯзиши офаридаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии андешпешагони бузург — классикони адабиёи форс — тоҷик ва ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии шоистаи насли наврас нақши муҳим бозида, барои дарку даррафтан ба таърихи дӯстии бисёрасраи халқҳои бо ҳам бародари тоҷику ӯзбек, раҳнамои равшане мебошанд.

Ва бар он боварем, аз ин офаридаи камназир — боғи ба номи Мир Алишери Навоӣ шаҳриёну меҳмонони пойтахт баҳраҷӯӣ карда, дар роҳи тарбияи ҷавонон ба чунин усулҳои таъсирбахшу коромад пайравии ҷиддӣ хоҳанд кард.

                                                                                                                                         Зафар МИРЗОЁН,

                                                                                                        ховаршинос, профессори фахрии

                                                                                                       Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  

                                                                     Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Related Articles

Leave a Comment