Home ХАБАР ТАШРИФИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

ТАШРИФИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

by admin
208 views

24-уми сентябр раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ба донишгоҳ ташриф оварданд. Вохӯрӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ сурат гирифт. Дар вохурӣ устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумита оид ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа суханронӣ намуда,  оид ба дастовардҳои даврони истиқлол ҳарф зад. Қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва соҳаи илму маориф диққати махсус медиҳад.

Сипас, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом суханронӣ карда, ҳозиринро барои пойдории сулҳу суботи комил даъват намуд. Вохурӣ бо саволу ҷавоб хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment