Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

by admin
75 views

5-уми октябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор эҳдо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Нахуст, ноиби аввали ректор номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин суханронӣ карда, оид ба мақому манзалати забони тоҷикӣ баромад кард.

Сипас, номзади  илмҳои филолологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Ҷаҳонгир Рустамшо дар мавзӯи «Пешвои миллат-ҳимоятгари забони тоҷикӣ», саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Озодамо Кенҷаева дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ-рукни асосии давлатдории миллӣ», Бозоров Хушбахт, номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзӯи «Омӯзгор-сарвару саркори инсон» суханронӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ва факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг бо шеъру сурудҳо табъи тамошобинонро шод намуданд.

 

Related Articles

Leave a Comment