Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХИЗМАТИ МАОРИФЧИЁНИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБ ДАР СОЛҲОИ ҶБВ

ХИЗМАТИ МАОРИФЧИЁНИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБ ДАР СОЛҲОИ ҶБВ

by admin
244 views

Аз рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи маориф диққати хоса медиҳад. Аз ин рӯ, яке аз қонунҳои аввалини қабулкардаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (1993) буд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22.12.2005 дар суханронии худ дар машварати умумиҷумҳуриявӣ бо кормандони соҳаи маориф чунин изҳор доштанд:

«Муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ дорад». (“Омӯзгор”, 1 январи соли 2006)

Аз ин лиҳоз, омӯхтан ва тадқиқ намудани таърихи маорифи халқи Тоҷикистон, таҷрибаи таърихии ташаккулёбии он, аз ҷумла, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб барои наслҳои ҳозира ва оянда аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягонагии фронт ва ақибгоҳ дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германия гитлерӣ омили ҳалкунанда буд. Саҳми худро дар ин ғалабаи бузург на танҳо коргарон, колхозчиён, духтурон, олимон гузоштанд, инчунин системаи маорифи халқи Шӯравӣ, аз ҷумла, маорифчиёни вилояти Кӯлоб низ нақши бағоят калон бозид.

Дар соли хониши 1940-1941 бобати ташкил намудани мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи нопурра, вилояти Кӯлоб ба муваффақиятҳои барҷаста ноил гардида буд. Аллакай дар 13 ноҳияи вилоят 355 мактаби ибтидоӣ, 152 мактаби ҳафтсола ва 2 мактаби миёна ташкил ёфта буд. Дар байни ноҳияҳои вилоят, ноҳияи Ховалинг аз ҷиҳати шумораи мактабҳо ҷойи аввалро ишғол мекард. Дар ин ноҳия 77 мактаби ибтидоӣ ва ҳафтсола ташкил ёфта буд, яъне як сол пеш аз ҷанг дар 520 мактаби вилояти Кӯлоб 2174 муаллимон ва 45828 хонандагон таҳсил мекарданд. Муаллимону хонандагон тамоми солҳои ҷанг кӯшиш мекарданд, ки дар баробари таҳсил ба фронт ва хоҷагии халқ низ ёрии амалӣ расонанд.

Аз рӯзҳои аввали ҷанг то тамомшавии он муаллимони вилоят ахборотчиёни фаъоли кумитаҳои ҳизбӣ муҳсуб меёфтанд. Барои ҳарчи бештар дар байни аҳолӣ тарғиб намудани қарорҳои ҳизб ва давлат ташкилотҳои ҳизбии вилоят, пеш аз ҳама ба муаллимон ва талабагони синфҳои болоӣ такя мекарданд.

Солҳои ҷанг 848 нафар муаллимони вилоят ба сифати ташвиқотчӣ миёни мардум доимо кор мебурданд. Танҳо дар соли 1942 муаллимони ноҳияи Ховалинг дар байни колхозчиён дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 600 маърӯзаю баромад карданд. Дар ноҳия 72 нуқтаи ташвиқотӣ ва чойхонаи сурх кушода шуда буданд. Дар ин нуқтаҳои ташвиқотӣ 60 муаллим пайваста кор мекарданд. Дар ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) муаллимони ҷамоатҳои Сарчашма, Кодара ва Учқун дар корҳои ташвиқотӣ, оммавию сиёсӣ, дар клубҳо ташкилкардаи намоишҳои аёнӣ дар вилоят пешсаф буданд. Дар ин кор муаллимон Бобоқулов, Алиев О., Турсунов, Мирмадов ва дигарон ба муваффақиятҳои беҳтарин ноил шуданд. (Назаршоев М.Н., Абдуллоев М.Х., «Развитие народного образования в Кулябской области», Известия А.Н. Тадж. СССР, №2 (108): 1982)

Муаллимон, хонандагон, тамоми коркунони системаи маорифи халқ аз рӯзҳои аввали ҷанг cap карда, фаъолона ба ҳаракати умумихалқӣ «ёрдам ба фронт» ҳамроҳ шуданд. Аз тарафи муаллимон ва хонандагон ин ёрдам ҳаматарафа ва пурмаҳсул буд. Ба ғайр аз ҷамъ кардани пул ва чизу чора онҳо боз дар кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, харидани заёми давлатӣ, ёрӣ ба падару модар ва хешовандони ҷанговарони ба фронт рафта ва дигар корҳои давлатӣ фаъолона ширкат меварзиданд.

Дар баробари он, ки талабагон ва муаллимон дар хоҷагии қишлоқ кор карда, ҳиссаи меҳнати худро ба фронт мебахшиданд, боз онҳо дар қитъаи замини наздимактабӣ низ корҳои зиёдеро ба ҷо меоварданд. Онҳо дар қитъаи замини наздимактабӣ гандум, ҷав, наск, нахуд, картошка, пиёз ва ғайра парвариш мекарданд. Дар соли хониши 1941-1942 300 мактабҳои вилоят қитъаи замини наздимактабӣ доштанд, ки 611,16 гектар заминро дар бар мегирифт. (Султонов Ш., Интелегенсияи Тоҷикистони Советӣ, Душанбе, 1970. С. 9)

Соли хониши 1943-1944 қитъаи замини наздимактабӣ, ки дар онҳо фақат ғалладона кошта мешуд, 547,70 гектарро ташкил медод. Ҳамон сол дар 44,32 гектар замин картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намудҳои сабзавот кошта шуда буд (Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Ф 7, р-8, п-29, варақаҳои 97)

Ҳосиле, ки аз қитъаи замини наздимактабӣ ҷамъ оварда мешуд, барои таъмири мактабҳо, харидани чизҳои лозимӣ барои дарсхонии хонандагон ва барои дастрасии маводҳои хӯрокаи кӯдакони бепарастор хароҷот карда мешуд. Соли хониши 1942-1943 фақат дар ноҳияи Қизилмазор (н. Темурмалик) дар қитъаи замини наздимактабӣ 112 сентр гандум ҷамъ оварда шуда буд. Дар ноҳияи Ховалинг як қисми мактабҳо фермаи майдаи мурғпарварӣ доштанд. (Абдуллоев М.Х., Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ, Душанбе-2013, 200 с.)

Он солҳо қитъаи замини наздимактабӣ яке аз пояҳои моддии мактабҳо ба шумор рафта, кор дар онҳо бо тарбияи меҳнатии хонандагон пайваст карда мешуд.

Ба ҳар кадом чорабиниҳои ҳизбиву давлатӣ муаллимон ва хонандагони вилоят дар солҳои ҷанг бо меҳнати софдилона ва фаъолияти баланди ватандӯстона ҷавоб мегардонданд. Дар соли таҳсили 1942–1943 муаллимони вилоят барои сохтмони калоннаи танкӣ ба номи «Муаллими Тоҷикистон» зиёда аз 400 ҳазор пули нақд дода, заёми давлатӣ хариданд. Фақат як мактаби миёнаи ба номи Чкалови шаҳри Кӯлоб ба фронт 24 ҳазор сум кӯмак расонд ва барои ин кори ватандӯстонашон аз И.В.Сталин ба номи коллективи муаллимон ва талабагони мактаб номаи табрикӣ омад (Абдуллоев М.Х., Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ, Душанбе-2013, 200 с.)

Муаллимон ва хонандагони вилоят қарорҳои давлатро дар бораи баровардани заёми дуюми ҳарбии давлатӣ маъқул дониста, барои дар байни меҳнаткашон тарғиб намудани ин заём фаъолияти баланди сиёсӣ нишон доданд. Аксари муаллимони вилоят ба ин заём ба маблағи 1,5-2 музди моҳонаи худ обуна шуданд. Баъзе директорони мактабҳо ва коркунони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо ба маблағи то 10 ҳазор сум ба ин заём обуна шуданд.

Хонандагон таҳти роҳбарии муаллимони худ ба оилаҳои аскарони ба фронт рафта, ба падару модарони онҳо ёрии амалӣ мерасонанд, хонаҳояшонро таъмир намуда, барои зимистонгузарониашон ҳезум тайёр мекарданд. Хонандагони вилоят сару либос, ҷуроб, китобу дафтар ва дигар чизҳои лозимӣ гирд оварда, ба талабагони аз вилоятҳои ишғолкардаи фашистон кӯчонида шуда мефиристоданд.

Дар кори ёрӣ ба фронт ва хониши хубу аъло, махсусан комсомолони мактабҳои вилоят фаъолияти намунавӣ нишон медоданд. Онҳо на фақат ба ташкилотҳои пионерӣ роҳбарӣ мекарданд, балки тамоми хонандагонро ба корҳои хоҷагию сиёсӣ ҷалб мекарданд.

Солҳои ҷанг дар 64 мактаби вилоят ташкилотҳои комсомолӣ амал мекарданд, ки дар онҳо 809 аъзо буд. Комсомолон яке аз ёрдамчиёни беҳтарини муаллимон дар кори ба мактабҳо ҷалб намудани кӯдакон, тартиб додани рӯйхати онҳо ба шумор мерафтанд.

Ташкилотҳои комсомолии назди мактаби миёнаи нопурраи ба номи Пушкини ноҳияи Қизилмазор тамоми кӯдакони синну солашон расидаро ба мактаб ҷалб намуда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ягон хонанда бесабаб аз таълим дар мактаб дур намонад. Онҳо ба ташкилотҳои пионерии худ роҳбарӣ карда, мунтазам газетаҳои деворӣ мебароварданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мактабҳои вилоят 105 ташкилоти пионерӣ, 591 дастаи пионерӣ ва 173316 пионер буд. Ба онҳо 173316 пионер буд. Давомоти хонандагони мактабҳои вилоят 92,9%-ро ташкил дода, аз 43621 хонандагон 40536 нафарашон ба синфҳои болоӣ гузаронида шудаанд. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят натиҷаҳои боз ҳам хубтар ба даст омада, давомот дар ноҳияи Кӯлоб 96%, Кангурту Қизилмазор 95%-ро ташкил медод. Як қатор мактабҳои вилоят, аз қабили мактабҳои нопурраи миёнаи Чомбоғи ҷамоати Ховалинг (директор Мустафоев), мактаби қишлоқи Дараи Мирии ҳамин ноҳия (директор Халимов Ориф), мактаби колхози «Коммунистӣ» ноҳияи Даштиҷум (директор Раҳмонов Сироҷ), мактаби ибтидоии ҷамоати «Ғалаба»- и ноҳияи Шӯрообод (директор Ҳасанов) ва дигарон давомоти шогирдонро ба 100% расонида буданд (Абдуллоев М.Х., Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ, Душанбе, 2013, 200 с.)

Бояд гуфт, ки ҳатто дар солҳои душвортарини ҳаёти мамлакат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳукумати Шӯравӣ диққати худро аз кори маорифи халқ заррае ҳам дур намекард. Таҳлили натиҷаҳои соли хониши 1941-1942 дар мактабҳои вилояти Кӯлоб нишон дод, ки муаллимони вилоят ба душвориҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар кори таълиму тарбияи насли наврас ба комёбиҳои калон ноил гардиданд. Донишазхудкунии хонандагони вилоят дар соли 1940-1941 нисбат ба соли хониши 1939-1940 хеле баланд гардида, шумораи талабагоне, ки ду сол дар як синф таҳсил менамуданд 0,6 % кам шуда буд. (Назаршоев М.Н., Абдуллоев М.Х., Развитие народного образования в Кулябской области, Известия А.Н. Тадж. СССР №2 (108): 1982)

Солҳои хониши 1941-1942 маорифи халқи вилояти Кӯлоб дар мусобиқаи ҷумҳуриявии байни мактабҳо барои дурустар ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон, барҳам додани бесаводии калонсолон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекард. Ҳамон сол бо қарори Шӯрои комиссарони халқи ҷумҳурӣ ба маорифи халқи вилояти Кӯлоб Байрақи Сурхи Сайёри Шӯрои Комиссарони халқ ва Комитети Марказии Ҳизбӣ Коммунистии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маорифчиёни вилоят ба душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар кори таълиму тарбияи насли наврас рӯ ба пешравӣ овард.

Дар соли хониши 1944-1945 дар вилоят 574 мактаб, аз он ҷумла, 380 мактаби ибтидоӣ, 188 мактаби миёнаи нопурра ва 6 мактаби миёна амал мекарданд. Он солҳо мебоист 46288 нафар кӯдакони синну солаш ба мактаб мувофиқ таҳсил мекард. Лекин бо сабаби нарасидани муаллимон, таълимгоҳҳо, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳсор, қариб 6 ҳазор кӯдак аз таълим гирифтан дар мактаб берун монда буд. Дар мактабҳо 39126 нафар кӯдакон таҳсил мекарданд. Ҳамон соли хониш дар мактабҳои вилоят муаллимон ба кори таълиму тарбия машғул буд. Кам шудани шумораи муаллимон назар ба соли хониши 1940-1941 дар он аст, ки як қисми онҳо ба фронт даъват шуда буданд. Аз 1898 муаллимон 18 нафарашон маълумоти олӣ, 63 нафарашон маълумоти олии нопура, 710 нафар маълумоти миёна, 1088 нафар маълумоти миёнаи нопурра ва 13 нафар маълумоти ибтидоӣ доштанд. Он солҳо қариб 500 нафар муаллимон дар вилоят намерасиданд.

Мактабҳои вилоят дар бобати таъмин кардани хонандагон бо китобҳои дарсӣ, дастрас намудани асбобу анҷомҳои хониш, дафтар, қалам ва ғайра камбудиҳои калон доштанд. Масалан, ҳамагӣ аз 100% , 10 %-и дафтарҳо ва 30%-и қаламҳо ба вилоят ворид мешуданд. Ба вуҷуди ин дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарсазхудкунии хонандагони вилоят ба 93 % мерасид. Солҳои хониши 1943-1944 хонандагони 47 мактаби ибтидоӣ ва миёнаи нопурра фанҳои таълимиро 100 % аз худ карданд. Махсусан, мактабҳои ба номи «Чкалов»-и шаҳри Кӯлоб (директор Богомолов), ба номи «Сталин»-и ноҳияи Колхозобод (н. Восеъ, директор Амон Бобо), ба номи «Молотов»-и ноҳияи Кӯлоб (директор Умар Назаров) «Правда» -и ноҳияи Қизилмазор ва чанде дигарон намунаи ибрат буданд.

Кори мактабҳоро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷумани дуюми муаллимони ҷумҳурӣ, ки дар моҳи июли соли 1945 шуда гузашт, ҷамъбаст намуд. Дар маҷслиси ифтитоҳии анҷуман маърӯзаи Комиссарияти халқии маориф таҳти унвони «Вазъияти кори маорифи халқ дар ҷумҳурӣ ва чораҳои беҳтар намудани он» шунида, муҳокима карда шуд.

Анҷумани дуюми муаллимони аълочӣ дар ҳаёти мадани ҶШС Тоҷикистон воқеаи калоне гардид. Анҷуман қайд намуд, ки муаллимон ва хонандагони Тоҷикистон ба ҳамаи имтиҳоноти ҷанг бошарафона тоқат карда, дар кори умумии торумор намудани душмани манфур ва ғалаба бар фашистони истилогар ба қадри имкон ҳиссаи худро гузоштанд.

Ҳамин тариқ, муаллимони ҷумҳурӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро карда, ҳамаи дониш ва маҳорати худро барои тарбия ва таълими насли наврас сарф намуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои душвори ҷанг ҳам кӯшиш менамуд, ки то андозае ҷавонони синни мактабӣ аз таълим берун намонанд. Бинобар ин, миқдори мактабҳо дар ҷумҳурӣ ва вилояти Кӯлоб кам нагардид. Агар дар соли таҳсили 1940-1941 дар ҷумҳурӣ 2628 адад мактабҳо фаъолият карда бошад, пас соли таҳсили 1945-1946 ин шумора ба 2881 мактаб расид (Ҳотамов Н., Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (1941-1950). Душанбе 2010, саҳ. 38)

Маорифчиёни тоҷик, аз ҷумла собиқ вилояти Кӯлоб бо тамоми халқи советӣ китф ба китф истода, барои бар душман ғалаба кардан, мардонавор мубориза бурданд. Бисёр дастпарварони мактабҳои вилоят барои корнамоиҳои ҷангӣ дар фронт ва хизматҳои меҳнатӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.

Маҳмуд Абдуллоев,

доктори илмҳои таърих, профес-

сори кафедраи таърих ва ҳуқуқ

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment