Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

by admin
163 views

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Aммo барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз камину хатар, пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд.

Асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Э. Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ  наҷот ёфт.

Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодию соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат мутаҳид сохт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд.

Талошҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.

Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асоси давлатдории моро эҳё намояд.

Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қавии Ӯ Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Дар замоне ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домани Худованд мезад, дар лаҳзае, ки садои тиру туфанг нолаи модарон ва гиряи кудаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чосусӣ, номардию туҳмат гӯлугир намуда буд, ӯ маъсулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ба дили мардум ҷо кард.

Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми руҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ҳамчун «Порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд.

Зери сарварии Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд шуд.

Зери роҳбарии Пешвои миллат ин ба вуҷуд овардани зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ. Манзур аз ин сохторҳо, пеш аз ҳама бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳби умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра.

Ба Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт то соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эхё намояд ва ҷомеаи моро аз бӯҳронҳои шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 90% то 30% коҳиш ёфт.

Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ баргузор шуданд. Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухороӣ….

Ҳамчунин чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг унвони баландтарин қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Ин талошҳои Пешвои миллат боис гашт то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо кунад.

Сиёсати «Дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Пешвои миллат гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ боло бурд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмиллалӣ мебошад.

Ҳамзамон боиси шодмонии бениҳоят аст, ки кишвархою созмонҳои зиёди муътабар низ ин ҷаҳду талошҳои милливу байналмиллалӣ, саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар бунёди давлати пойдори демократӣ, балки дар таҳкими рукнхои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадр мекунанду ба ҷоизаҳои бонуфузи хеш сазовор медонанд. Аз ҷумла, сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ- Ҷомеаи Аврупо гардидани Пешвои миллат далели бебаҳси ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Имрӯз пеши роҳи давлату миллати мо сӯи биниши заминию фаҳмиши замонӣ, ободкорӣ, имрӯзу бунёдкории фардо, ифтихори даркори миллию ҳастии сазовори байналмиллали, хулоса ҷониби истиқлоли воқеии давлату иқболи воқеии миллат мебошад ва ин роҳи кушода далели дигари муътамаду санади дигари собитиест, ки оғозгару таҳкимбахши Сулҳу Ваҳдат Эмомолӣ Раҳмонро шоиставу боиста ба сифати Асосгузори Сулҳу Ваҳдат- Пешвои барҳаққи ин Миллати созанда ва ин Давлати поянда манзуру муаррифӣ мекунанд.

Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд. Ҳар амалеро подоши сазоворест. Подоши ҷаҳду талошҳои фидокорона ва хидмату заҳматҳои садоқатмандонаи Призиденти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки мардуми арҷуманду сарбаланди тоҷик унвони баланди Асосгузори  сулҳу ваҳдат Пешвои миллатро ба ӯ сазовор ва шоиста донистааст.

Муродова Гулчеҳра, н.и.с,

мудири кафедраи ҳуқуқ ва сиёсатшиносии

ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Турахонов Умархон донишҷӯи курси 3-юми

факултаи таърих, ҳуқуқ ва м\б-и ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment