Home Без рубрики АНДАР БАЁНИ ШУКРОНА

АНДАР БАЁНИ ШУКРОНА

by admin
388 views

Шукрона калимаи тоҷикӣ буда, маънояш шукрона кардан, миннатдорӣ изҳор намудан ва дигар мафҳумҳое, ки боиси эътирофи эҳтиром гардидаанд, мебошад. Ҳар як инсон бояд шукронаи Худовандро кунад, зеро ки Худованд инсонро офарид ва ба ӯ ду чизи муҳимтарин ато намуд: яке нафс ва дигаре ақл. Агар инсоният болои нафси худ ғолиб ояд, дар ҳаёт муваффақ мешавад. Агар нафс болои ақл ғолиб ояд, инсон заифу нотавон мегардад.

Худованд ҳама чизро бо ду ҷуфт офарид ва инсонро низ бо ду ҷуфт: яке мард ва дигаре зан, аммо ақл ва нафсро ба онҳо гуногун дод. Худованд ба мард нуҳ ақл ва як нафс дод ва ба зан бошад нуҳ нафс ва як ақл ато фармуд.

Мо бояд инсонҳо ақлҳои хешро хуб истифода барем ва аз ҳад зиёд ба фирефтаи нафс дода нашавем ва ба воситаи ақламон донишу хиради хешро сайқал диҳем. Дар ҷомеа мавқеи хуберо касб намуда, баҳри халқу ватани азизамон содиқона хизмат намоем. Бояд мо шукр аз он кунем, ки дар чунин сарзамини тинҷу осоишта умр ба сар мебарем. Аз ин лиҳоз, мо миллати тоҷик бояд гирди Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем.

Бахтовар БОБОЕВ,

донишҷуи соли 4-уми

факултаи филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment