Home АНДЕША ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

by admin
186 views

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ироаи Паёми ҳамасолаи худ ва маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки воқеаву таҳаввулоти мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳифзи тамоми арзишҳову истиқлолияти давлати кӯҳанёдамонро аз даст надиҳем.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъ печидаи сиёсию ҳарбӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси қувваҳои мусаллаҳи худ шуруъ намуд, вале барои бунёди ӯ заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне ташкил ва ба низом даровардан аз сифр шуруъ шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, ки дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ, паради ҳарбӣ баргузор гардида, он рӯз расман санаи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳаларо паси сар намудаанд, ки давраи аввали бунёди артиш, бунёди навъҳои қувваҳои мусаллаҳ ба таҳкиму тақвият бахшидани омодагии ҷангии он аз он ҷумлаанд.

Айни ҳол, дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон се навъи қувваҳо фаъолият доранд: қушунҳои хушкигард, қушунҳои зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

То соли 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат, бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу суббот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардидаанд.

Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд.

Ба ҳамин тартиб аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дар дохили кишвар дар ҳамаи гарнизонҳо, маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васъи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ташкил карда гузаронида мешавад.

Иштироки бомуваффақияти қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар доираи системаи мутаҳидаи мудофиаи зиддиҳвоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», дар доираи қувваҳои муштараки зудамалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ, қувваҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастиҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин машқҳои муштараки низомии дигар тасдиқи гуфтаҳои болост.

Умуман, дар давоми 27-соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир (снайпер) он парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз соли 1996 то соли 2019 барои сохтмони иншооти аҳамияти ҳарбидошта наздикии 160 млн. сомонӣ харҷ гардидааст.

Манзили истиқоматии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Умуман талаботи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳо ва иқдому ташабусҳое, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ба куллӣ хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегардад.

Раҷабалӣ АЗИМОВ,

саромӯзгори кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва методикаи таълими он,

генералӣ мустаъфӣ.

 

 

 

Related Articles

Leave a Comment