Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО МУНОСИБАТИ СОЛИМ

МУНОСИБАТИ СОЛИМ

by admin
299 views

Марде хӯроки саҳариашро ҳамроҳи оилааш тановул кард ва барои кор рафт. Дар роҳ ба хотираш расид, ки калидҳояшро дар хона фаромӯш кардааст. Ба хона баргашт ва вақте ки мехост калидҳояшро аз болои миз гирад, дид, ки боли миз ва шоша (экрани) телевизион чанг гирифтааст. Пас бо оромӣ аз хона баромад ва оилаашро амр кард, то калидҳоро аз болои миз биорад. Ҳангоме ки завҷааш дохили хона шуд ва хост калидҳоро гирад, чашмаш ба болои миз афтод, ки шавҳараш бо ангуштонаш дар болои миз, ки чанг гирифта буд, навиштааст: “Дӯстат медорам оилаам!” Пас, калидро гирифту ҳангоми баромадан чашмаш ба шоша (экрани) телевизион, ки он ҳам пур аз чанг буд, афтод, ки дар он низ бо ангуштонаш навиштааст: “Дӯстат медорам, рафиқи ҳаётиам!”. Пас, баромад ва калидҳоро ба шавҳараш тақдим карду ба сӯяш табассум кард. Табассум маънои онро дошт, ки номаатро аллакай хондам ва пас аз ин ба тозагии хона аҳамият хоҳам дод.

Мантиқ: Ҳамеша ва дар ҳама кор бо нармӣ ва хушгуфторӣ муомила кунед, зеро дар Қуръон дар сураи “Наҳл” омадааст: “Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд…”

 

Related Articles

Leave a Comment