Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО БОВАРӢ

БОВАРӢ

by admin
176 views

Бародарони Юсуф (а) вақте мехостанд Юсуфро ба чоҳ партоянд, Юсуф (а) лабханд кард. Бародараш Яҳудо пурсид:

— Чаро махандӣ? Ин ҷои ханда нест.

Юсуф (а) гуфт:

— Рӯзе дар фикр будам, ки чӣ касе метавонад ба ман изҳори душманӣ кунад, бо ин ки бародарони нерӯманде дорам. Инак Худованди мутаъол (ҷ.ҷ) ҳамин бародаронро бар ман мусаллат кард, то бидонам, ки набояд ба ҳеҷ бандае такя кард. (Сураи «Зумар», ояти 36)

Мантиқ: Ба ҳеҷ одам ба пуррагӣ бовар кардан нашояд.

Related Articles

Leave a Comment