Эдсон Брандао аз Нидерланд ба нашрияи Unilad гуфтааст, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст дар 53 – солагӣ чанд даҳсола ҷавонтар намояд.
«Одамон замоне мефаҳманд, ки ман 53 сол дорам, ҳайратзада мегарданд. Ҳамаи онҳо гумон мекунанд, ки ман 25 — солаам» — иқрор мешавад Эдсон.
Брандао тасдиқ менамояд, ки ҳеҷ гоҳ барои ҷарроҳии пластикӣ ба касе рӯ наовардааст. Симои зоҳирии ӯ натиҷаи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Вай парҳези махсусро риоя мекунад: хӯрокҳои бирёну консервшуда, ҳамчунин, қандро истеъмол наменамояд.
Мард ҳамаи инро якҷо бо тамринҳои тавонбахш ҳамсон медонад. Аз нӯшокиҳо ӯ нӯшидани оби минералиро афзал медонад ва ҳар рӯз то 2 литр об менӯшад. Брандао, инчунин, ёдовар мешавад, ки ҳеҷ гоҳ дар ҳаёташ на сигор кашидаасту на машрубот истеъмол намудааст.
Тарҷумаи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ