Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ КИТОБ-САРЧАШМАИ ДОНИШ

КИТОБ-САРЧАШМАИ ДОНИШ

by admin
2628 views

Китоб ганҷи бебаҳое мебошад, ки бо пайдоиши он ҷаҳони маънавии инсон низ дигаргун мегардад.

Инсон тавонист,ки донишҳои маҳфузмондаи худро тавассути китоб дастраси дигарон созад. Китоб яке аз воситаҳое ҳаст, ки мероси адабии шоирону нависандагон ва осори илмии олимон ба мо омада расидааст.

Халқи тоҷик, ки аз қадимулаём бо китоб ҳамбастагии зич дошт, ҳамеша китобро дар мадди аввал мегузошт. Чун медонистанд, ки китоб омили рушду фарҳанг аст. Китобҳои таълифнамудаи осори халқи моро натанҳо дар Осиёи Миёна, инчунин дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон мутолиа мекунад. Бузургони мо чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ , Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абуали ибни Сино, Саъдӣ Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ шеъру ғазалиёт ва китобҳои таърихию илмии зиёде таълиф намудаанд, ки ифтихори халқи тоҷик мебошад.

Хондани китоб доираи тафаккури инсонро васеъ намуда, донишу заковат ва сухандонии инсонро зиёд мекунад.

Мо метавонем, китобро анису ҳамдам ғамхору дӯсти ҷонии инсон гӯем. Гарчанде китоб дӯсти безабони инсон бошад ҳам, лекин навиштаҳои дохили он ба инсон таассурот ва панду ҳикмати зиндагиро меомӯзад.

Шаҳло ОДИНАЕВА, 

донишҷӯи соли 2-юми факултаи физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment