Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДАР ҶУСТУҶӮИ ИНСОФ

ДАР ҶУСТУҶӮИ ИНСОФ

by admin
297 views

Пойлучу мӯйпареш, пиёдаву овора гирди ҷаҳонро дунболи инсоф гаштам. Он гоҳ, ки аз манзил берун шудам, садои ғавғои муштарӣ бо ронандаро шунидам, ки аз инсоф сухан меронданд.

Хеле хушҳолона ҷонибашон тохтам, фикр кардам, ки дур нарафта кофтаниямро ёфтам, аммо чун ба наздашон расидам, фикрам ғалат баромад. Вазъияти нохубу ҷайби бепуламро дида, ноинсофона аз нақлиёташ берунунам кард. Дар роҳ даву ғалтон ҷониби донишгоҳ меомадам. Ёдам омад, ки дар синфхона муаллимам аз адлу инсоф ва одаму одамгарӣ дарсам медод, аммо имрӯз ноодамияш авҷ гирифта, пешаш мӯҳтоҷам карду инсофашро фурӯ бурда, дар зорию кӯмакталабиям куру кар гаштаву аз муҳтоҷи намебарорадам.

Самти ҳаракатамро иваз кардам. Дар бозгашт аз бозор убур мекардам, ки садои марди кафшфурӯш бозам дошт: “Ҳой беинсоф ба ҷонат раҳм кун! Биё ба пойҳоят кафши мулоиму мусоид пушон!”

Воҳҳҳҳ, ин садо инсофро ба гӯшам расонд. Ёфтам наёфтаамро ба худ андешида қафо гаштам, вале ҳангоме, ки нархи кафшҳои ба поям мусоиду нармро фаҳмидам, замини сарду аз хору хаси пӯстосебдиҳандаро мулоимтар донистам. Вай надонист, ки маҳз ин қиматии дар савдо маро водор кардааст, пойлуч ба дунболи инсоф бошам.

Ёдам омад, ки ба номам каме маблағ дорам. Ҷониби бонк давидам. Навбат дар дараҷаи олӣ меистод. Ба ман гуфтанд, ки шиносномаатро деҳ, гузашта шин, боадолатона пулҳоятонро хоҳем дод. Аз шунидани калимаи дар амал ноёби “адолат” хурсанд гашта, як дараҷа хастагиям кам шуд. Аз дур соату соатҳо нигоҳ кардаму гӯш андохтам, то номамро шунида, маблағамро гирифта, паи корам шавам, аммо дидам, ки муштариёни беинсоф шиносномаҳои хешро болотар мегузоштанду аз они ман то чанд охиртар мешуд. Хайр, майлаш боз як беинсофӣ.

Масъули беадолатро дидам, ки ба зиёдии муштариён эътибор надода, аввал кори шиносҳои хешро ҳал мекард ва бо забони худ бехиҷил баён мекард, ки агарчӣ бонк шабонарӯзӣ аст, аммо аз сабаби кор доштанам барвақттар меравам. Аз зангҳои телефонияш маълум буд, ки кори баромадааш як дилхушии оилавӣ будааст, ки табъи чандинҳои дигарро барои табъи сафеди худ сиёҳ мекунад. Дилам таҳ зад. Ҳалқам хушк гашту хурданд мехостам, аммо маблағи доштаам фақат нисфи пули шартномаи донишгоҳро мерасонду халос. Медонистам, ки агар пардохт накунам, ҷазоямро мебинам. Ба дилам тасаллои дурӯғ додам, ки гуруснагӣ фоидаи зиёд дорад.

Қадам-қадам инсоф меҷӯстам. Ҳангоме, ки аз пушти хонаҳои истиқоматӣ мегузаштам, сӯҳбати аз инсофи занҳоро шунидам. Дарҳол ворид шудаву иҷозати як шаб монданро кардам. Магар ҳаво ҳам он рӯз беинсоф шуда, ки зуд ба торикӣ расиду имкони ба хобгоҳ расиданро аз ман гирифт.

Дари хонаеро куфтаму ворид шуданро хоҳиш кардам. Беинсофхоназан гуфт: “Туро намешиносам, бовар кардан даркор нест!” “Магар инсоф танҳо баҳри шинохтаҳоят будааст”, — гуфтаму пас гаштам.

Ҳеҷ сухане ҳақиқат набудааст. Ҳама гуфтори беамал доранду халос. Аз шахсони ҳақиқии инсофдор фақат ҳайкалу расмҳо боқӣ буд. Он гоҳ, ки дари бозор нишаста будам, ба ҷуз адлу инсофу ҳақиқат дигар ҳама чизро дида тавонистам. Дурӯғ, фисқу фасод, ҳилаю найранг, фиребкорӣ, эҳсосрабоӣ арзонӣ борида буд.

Аробакаши фартутеро дидам, ки барои бурдани бор ба чанд километр роҳ нарх гузошта буду муштарияш норизоёна “инсоф ҳам даркор, арзонтар гӯй!” мегуфт, аммо худаш дар нархи арзон бори гаронро бехиҷолат бор кардаву мағрурона қадам мезад.

Савдогарон ҳама бо дурӯғ молҳои ночизи хешро ба қимматӣ мефрухтанду аз номи Худои пок баҳри фоидаи хеш истифода карда, кафолати баландсифатӣ медоданд.

Боз хеле беинсофиҳои васфношуданӣ ҳам буд. Ошиқписареро дидам, ки ба духтар шикваомез мегуфт: “Солҳост, ки думболат сарсонам, магар дар вуҷуди ту аз раҳму инсоф хабаре нест?” Аммо чун фаҳмид, ки духтар дилбохтааш гаштааст, дилдорию вафоӣ накард. Номардию беинсофӣ пеша карда, ҷои оне, ки даркаш кунад, таркаш кард. Воҳ, аламҳои беинсофӣ.

Корафтодагони зиёдеро пушти дари шифохона мушоҳида кардам, ки ба ҳангоми ёрии табибон ба наздикони худашон арзи шикоят мекарданд, аммо чун шиносҳои худро дида, умеди ҳарчи зудтар бароварда шудани ҳоҷаташонро карданд, аз инсофи бечора пурра фаромӯш карданд. Дидам, ки ҳама баҳри худ талош мекунад.

Мурдаеро дидам, ки наздиконаш барояш зор мегирянд, раҳмам омаду дилсӯз шудам, аммо вақте фаҳмидам, ки ин гиряҳои шодӣ барои ба мерос гирифтани амволи майит будааст, қаҳрам омаду дилсард гаштам.

Бо дӯстон бипайвастам, то андаке ҳам бошад, зи ғам кам кунам, аммо беинсофон ба дардам зам карданд. Куҷост ҳақиқатҷӯёни афсонавие, ки мисли онҳо будан орзуям буд? Кӣ дидааст онҳоро? Ҳеҷ кас, ҳама дар хаёл буд. Ҳақиқати талх ҳамин аст, ки пои ҳақиқат зи миён бардошта шудааст…

Дунёро аз баландие нигаристам, фисқу фасод, фаҳшу ноадолатӣ, бераҳмию хунхорӣ рӯи замин рехта шудаву ҳақиқаткорони адолатҷӯ мисли гавҳароти дурахшону ноёб ҷо-ҷо ҷило медоданд. Хостам ба онҳо наздиктар шавам, аммо дар замини аз нопокиҳо пур роҳ рафтан бароям мушкил буд.

Он рӯз ман дар ҷустуҷӯи ҳақиқату инсоф сахт монда шудам, аммо ҳанӯзам боз наистодам. Умеди гавҳароти ноёби ҷилонок чун нур ба ҷисмам қувват мебахшиду маро сӯи хеш медавонд.

Даву ғалтон бо дили пурармон, ки “эй кош чунинҳо зиёд мебуданд”, гӯён роҳ мепаймудам. Ба ногаҳ кӯҳансолмарде бозам дошт, ки “Куҷо равонӣ?” Гуфтам: “Ҷӯёи ҳақиқату ташнаи инсоф равонам.” Гуфт: “Агар заррае аз инсоф огоҳӣ дорӣ, боз исту марав, зеро ман умри хеш дар дар ҷустуҷӯи ҳақиқат поён кардам. Нест он инсофе, ки меҷӯӣ ва ҳақиқате ки мегӯӣ.”

Дунё дар доштани ин ду фақир гаштааст. Он пиронсол охирин ва боинсофтарин нафаре буд, ки он рӯз дидам. Фаҳмидам, ки дар набарди миёни адлу фиреб адолат мағлуб гаштааст. Магар қаҳрамонона ҷангида, ки агарчи худаш нест, номаш ҳарҷо гӯшрас аст.

Моҳинави ҚУРБОНМАД,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment