Home Без рубрики ОЛИТАРИН ҲАДЯИ ХУДОВАНД ТУӢ, МОДАР!

ОЛИТАРИН ҲАДЯИ ХУДОВАНД ТУӢ, МОДАР!

by admin
81 views

Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, эй модар. Муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

Ба оғози эҳёи табиат фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндаги ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташабусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

Дили ту ганҷи меҳру вафост, ки баҳри мо фарзандон онро арзонӣ медорӣ. Ба номат саҷда меорам, модар, ки номат мисоли ту бузург аст: дил, аҳд, раҳм. Худовандо, бигузор ашки модаронро ҳаргиз касе набинад. Он ҳама ғаму ҳасратро зи онҳо дур бисоз, дуоямро мустаҷоб бигардон!

Рустам ҚАМАРЗОДА,

донишҷӯи соли 5-уми факултаи физика ва математика

 

Related Articles

Leave a Comment