Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО РИЗҚ

РИЗҚ

by admin
238 views

Аз олиме пурсиданд:

— Ахмақ соҳиби ризқу рӯзии зиёд асту боақл дар фақирӣ. Ҳикмати ин чист?

Олим ҷавоб дод:

— Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) барои шинохти хеш чунин кардааст. Агар ҳар як боақл соҳиби ризқ мешуд ва ҳар як беақл аз ризқ маҳрум мешуд, боақл фикри онро мекард, ки ақлаш ӯро ризқ додааст. Баръакси ин ҳолро бубинад, пас, зоти дигар будани ризқдиҳандаро дарк мекунад.

Мантиқ: Дар баробари ёфтани ризқ равиши зиндагӣ дуруст намегардад. Ҳамзамон танҳо ёфтани ризқ неъмат нест, балки хӯрдани ризқу ҳал кардани он ва инчунин ихроҷи он ҳам неъмат аст.

Related Articles

Leave a Comment