Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ШЕРИ ҚАФАСӢ

ШЕРИ ҚАФАСӢ

by admin
222 views

Давлати РАҲМОНИЁН

Бар шери қафас хории тан мемонад,
В — аз хории ҷон наъра задан мемонад.

Шере, ки даруни панҷара зода шудаст,
Шоҳест, ки бе гӯру кафан мемонад.

То зинда бувад, қафас барояш ватан аст,
Рӯзе, ки бимирад, аз Ватан мемонад.

Кас гӯр надидаст, ки шере хуфтаст,
Ин мурда ба каргасу заған мемонад.

Дил дар қафаси сина қиёмат дорад,
Шери қафасӣ бар дили ман мемонад!

 

 

Related Articles

Leave a Comment