(Навқалам)
Омӯхтам аз ту устодам ҳамеша илми дунё,
Бикардам ман дуоят умр бинӣ ҳамчу дарё.
Ҳамеша дарду ашку ғам зи дунёят шавад дур,
Шавад боғи ҳаётат мисли хуршеду маҳу нур,
Ҳамеша бош, устодам ту хушҳолу ту зебо,
Нигаҳбонат Худо бошад дар ин дунёву ухро.
Зи аввал то ба имрӯз ман гирифтам аз ту ман таълим,
Чи сон гӯям, миннатдорам зи устод ҳамчу иқлим.
Дар ин дунё, ки ман будам, бе устод ман кӣ шудам?
Нашояд кас шавад олим, нагирад з-он устод илм,
Хушо ҳастӣ устодам, миёни мо толибилмон,
Ба ҳақ гӯям, ки ҷои туст ҳамеша дар дилу дар ҷон.
Фарзона МАҲМАДАЛИЕВА,
донишҷӯи соли 2-юми aакултаи
молиявию иқтисодӣ