Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОИЛА-МАКОНИ АСОСИИ ТАРБИЯ

ОИЛА-МАКОНИ АСОСИИ ТАРБИЯ

by admin
371 views

Шоире мефармояд:

Ҳақиқат дар дили фарди бузург аст,

Ҳақиқат оини марди бузург аст.

Ҳақиқат худ ба худ осон наояд,

Ҳақиқат зодаи дарди бузург аст.

Аз ҷавоне пурсиданд: «Бадтарин дард чист?» Гуфт: «Дарди дандон ва доштани ҳамсари бад».

Пирамаде ин матлабро шуниду гуфт: «Дандонро метавон кашиду ҳамсарро талоқ дод. Бадтарин дардҳо дарди чашму доштани фарзанди бад аст. На чашмро метавон ҷудо намуд ва на фарзандро инкор кард».

Фарзанд меваи умри одамӣ буда, дилхушии оила, обруву эътибори пайвандон ва дилпурӣ ба фардои зиндагию идомаи наслҳо мебошад. Рисолати инсон он аст, ки оила барпо мекунад, фарзанд ба дунё меорад, онро тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба пайванди наслҳо нақш мегузорад. Ин аст, ки дар баробари ташаккули оила ва ҷомеаи инсонӣ масъалаҳои тарбияи фарзандони солим ҳамеша лозим ва муҳим будааст, зеро ки ин ба ҳастии инсон ва инкишофу маънавии он алақаманд мебошад.

Мо-тоҷикон мардуми бофарҳанг ҳастем ва фарзандонамонро бояд дар рӯҳияи баланди ахлоқи ҳамида тарбия намоем. Бузурге фармудааст, ки: «Фарзандҳоямонро мувофиқи замони худамон не, балки мувофиқи замони зиндагии ояндаи онҳо бояд тарбия намоем.»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки: «Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се омили иҷтимоӣ: оила, муассиса ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад, бешубҳа оила дар тарбияи фарзанд ҷойи асосиро ишѓол менамояд. Дар таълиму тарбияи фарзанд сатҳи маърифатнокии падарону модар низ нақши ниҳоят бузург мебозад».

Ҳамин тариқ, тарбияи фарзанд вазифаи мушкил ва бисёр муқаддас ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба он бояд муносибати ҷиддӣ дошта бошем, то фарзандонро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳанпарастию меҳнатдӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем.

Беҳрӯз САЙДУЛЛОЕВ,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment