Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДОНИШҶӮ БУДАН ШАРАФ АСТ

ДОНИШҶӮ БУДАН ШАРАФ АСТ

by admin
464 views

Гумон мекунам, ки донишҷӯ будан мақсад ва орзую умеди ҳар як ҷавони тоҷики солимақлу бошууру мақсаднок ва нақши ояндаи ҳаёту фаъолият мебошад. Калимаи «донишҷӯ» чӣ гуна калимаи фораму дилчасп, дар дилу хотираҳои насли ҷавон садои диққатҷалбкунанда, ҳаяҷоновар, инъикоси орзую умед садо медиҳад.

Зеро донишҷӯ шахсе мебошад, ки давраи бакамолрасиаш анҷом ёфтааст, аллакай ҷанбаҳои асосии ҳаёту фаъолиятро дониста, муайян карда ба ҳисоб меравад.

Солҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекардам, ҳамасола шоҳиди он мешудам, ки аз ҳисоби хатмкунандагони мактаби мо чанд нафар ва киҳо ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳуриамон ва хориҷи кишвар дохил шуда, ба номи пуршарафи донишҷӯ ноил гардидаанд.

Ин навигариро шунида, майлу хоҳиши ман барои донишҷӯ будан боз ҳам баланду устувор мешуд. Дар тайёр кардану ба номи пуршарафи донишҷӯ ноил гардидани хатмкунандагони мактабу хизмату заҳмати муаллимони мактаб хело калон аст.

Муаллимони мактаби деҳаи мо дар давоми соли таҳсил ва давраи таҳсил бо хатмкунандагони ба муассисаҳои олии касби дохилшаванда дарсҳои иловагию машварат мегузарониданд, ман ҳам дар ин корҳо бо завқи баланд иштирок мекардам.

Вақте ки соли 2019 ман ба ҳайати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шуъбаи таъриху ҳуқуқ ба ҳайати донишҷӯён дохил гардидам, бо мақсади ноил гардидан шодию хурсандиам ҳадду канор надошт.

Дар давоми таҳсил ба муҳити педагогии донишгоҳ шинос шудам. Эҳсос намудам, ки омӯзгорони донишгоҳ дар муассиса ба муаллимони мактаб нисбат ба донишҷӯён серталабанд, муносибату муошираташон хеле ҷиддӣ аст. Онҳо кушиш менамоянд, ки шогирдонашон аз фанни таълиммедодагиашон донишҳои васею мукаммали касбӣ гирифта, ба касби ояндаашон хуб тайёр шаванд. Донишҷӯён натанҳо объект, балки субъекти ҷараёни таълим бошанд, яъне фаъол бошанд фаъолиятнокӣ нишон диҳанд.

Вазъияти субъективии донишҷӯ ба он алоқамандии зич дорад, ки ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дар асоси принсипи ҳамкории омӯзгору донишҷӯ, хонандаю муаллим ташкил ёфтааст, ки вазъият омӯзгор-хонанда-донишҷӯ аст.

Танҳо ҳангоми гузаштани машғулиятҳои лексионию амалӣ, семинарӣ аз фанни педагогика аз ҷониби устод Расулов Давлатмурод дар мавзӯъҳои «Мақсад ва вазифаҳои системаи тарбия», «Моҳият ҷараёни таълим» фаҳмонидани донишҷӯ ҳамчун объект ва субъекти тарбия дар бораи ин мафҳумҳо дониш гирифтам, зарураташонро дарк кардам. Минбаъд кӯшиш намудем, ки натанҳо объекти раванди таълим, балки субъекти он низ бошем.

Дар давоми соли таҳсили 2020-2021 дар байни донишҷӯёни курсҳои якуми факултаи таърих, таъриху ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ донишҷӯёни ба категорияи «объект» (ғайрифаъол) дохилбуда кам набуданд. Онҳо бе тайёрӣ ба дарс меомаданд, натанҳо баҳоҳои «хуб» ва «аъло», ҳатто дар машғулият баҳои «қаноатбахш» ҳам намегирифтанд.

Нигина ЛАТИПОВА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment