Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР — ОЛИҲАИ ҲАЁТ

МОДАР — ОЛИҲАИ ҲАЁТ

by admin
413 views

Занро одатан чароғи хонадон меноманд, вале ӯ натанҳо чароғи хонадон, балки зебоибахшу равшангари рӯзгор ва сарчашмаи зиндагию маърифати ҳаёти мост.

Эмомалӣ РАҲМОН

Аз замонҳое, ки шеъру шоири арзи ҳастӣ намудааст, яке аз мавзӯъҳои марказии ашъори шоирон мавзӯи зан-модар ба ҳисоб меравад. Одитарин посух ин аст, ки зан сарчашмаи зиндагӣ, офарандаи насл дар рӯи замин пас аз Худованд, фариштаи осмонӣ, манбаи меҳру муҳаббати бепоёни инсонист.

Зан-модар шахси муқаддасест, ҳатто Темури хунхор дар пеши қудрату бузургии ӯ сари таъзим фуруд оварда буд. Тамоми бузургони олам офаридаи ин олиҳаи ҳаёт ба ҳисоб меравад. Вақте ки симои нуронии ӯро пеши назар меорем, аз чашмони ӯ, тамоми ҳастии ӯ нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи моро равшан месозад. Меҳри ҷонофарини модар ба мисли хуршеди олам аст, ба тамоми дунё саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар мисли чашмаи пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистон мегардонад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин калимаи “Модар” аст.

Аё модар, дилу ҷонам фидоят,

Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят.

Заминро саҷдагоҳ баҳри ту созам,

Ки як бори дигар гирам дуоят.

Зан-модар дар ҳақиқат сарчашмаи рӯзгори бани башар, дурдонаи офариниш, устоди нахустини зиндагии инсоният мебошад.

Ривоят мекунанд, ки Офаридгор накҳатро аз гул, нӯшро аз ангубин, гармиро аз офтоб, тароватро аз борон, равшаниро аз субҳ, зебоиро аз баҳору хушилҳомиро аз ҳазордастон ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳон равшану инсоният хушбахт гардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Зан-Модарро ситоиш намуда гуфтааст: “Модар азизтарин вуҷ уди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мешавад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намесозем, чун ӯ ҳангоми нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамроҳи мост”.

Беҳрӯз ФАЙЗУЛЛОЕВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи иқтисодиёт ва

технологияҳои итилоотии ДТМИК

 

Related Articles

Leave a Comment