Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

by admin
789 views

 

Мардуми шарафманди тоҷик имсол 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони муосир мебошад. Миллати тоҷик ҳанӯз аз бомдоди таърих ҳамчун миллати соҳибватан ва давлатсоз буда, намунаҳои нахустини ҷомеаи мутамарказ ва давлатҳои муқтадирро доштанд. Вале дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайдарҳами аҷнабиён мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии давлатдории миллии худ маҳрум монданд.

Дар ин муддати тӯлонӣ маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо сулолаву давлатҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт.

9-уми сентябри соли 1991 мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва соҳиби давлати миллии худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз китобҳои пурарзишашон – «Уфуқҳои Истиқлол» қайд намудаанд: «Истиқлолият на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид».

Мутаассифона, барорбари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари мудохилаи бадхоҳони миллат кишвари тозабунёди мо ба гирдоби шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Ин ҷанги хонумонсӯз боиси хисороти азими иқтисодӣ, фалаҷ гаштани ҳамаи соҳаҳо, гуруснагии мардум ва бадтар аз ин ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Хушбахтона, бо азму талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомуш гардида, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату дӯстӣ дар саросари кишвар ҳукмрон гашт ва Тоҷикистони азиз ба масири рушду инкишофи хеш равона гардид.

Аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон муҳимтарин дастоварду комёбии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди муассисаҳои нави таълимию фарҳангӣ, беморхонаҳову марказҳои саломатӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, сохта ба истифода додани роҳҳои мошингард ва нерӯгоҳҳои барқии обӣ шаҳодати рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамаи ин маҳз баракати Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон саҳми Пешвои миллат бениҳоят бузург аст ва ин то абад дар таърихи кишвар ҳамчун намунаи олии хизмати содиқона ба халқу Ватан боқӣ хоҳад монд.

Истиқлолият – ин неъмати бебаҳо ва арзишмандтарин сарвати миллати тоҷик мебошад. Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон бояд шукргузор аз ободию  осоиштагии кишвар бошанд ва тамоми саъйу талоши худро баҳри таҳкими Истиқлолият, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хизмат намудан ба халқу Ватан ва зебову гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз равона намоянд.

Бедилҷон ШАРИФОВ,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи иқтисод ва идора

 

Related Articles

Leave a Comment