Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик тақдири минбаъдаи рушди давлатдориро ба дасти хеш гирифта, тавонист асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии сохти идоракунии давлатро мустақилона поягузорӣ намояд.
Дар ин замина, қабули Конститутсия бо фарогирии меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи нахустин шоҳкориҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буд, ки минбаъд таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи давлатдориву давлатсозии миллии моро мунаввар сохт. Дар даврони истиқлолият бо назардошти рушди ҳаёти ҷомеа идоракунии маҳаллӣ ба таври зарурӣ рушду таҳким ёфта, худидоракунии маҳаллӣ дар низоми санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо назардошти салоҳияти худ ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар идоракунии давлатӣ мавқеи худро пайдо намудааст. Худидоракунии маҳаллӣ яке аз падидаҳои ҳуқуқӣ — конститутсионӣ буда, дар ин ё он сатҳ ва шаклу мазмун дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон арзи вуҷуд дорад. Ин падида дар низоми ҳуқуқии мо низ ба миён омада, мувофиқи муқаррароти қисми шашуми моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат мебошад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми беназирест, ки баробари ҳалли дигар масъалаҳо дар низоми идоракунии маҳаллӣ низ муносибатҳои навро ба вуҷуд оварда, ба рушди деҳот такони тоза мебахшад. Зеро ҳадаф аз ин пешниҳоди созандаи Президенти маҳбуби кишвар бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини дастрасии аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободонии мамлакат аст. Бояд зикр намуд, ки ин ташаббуси Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаву ватандӯсти кишвар ҳамовозии гарму самимӣ пайдо карда, то имрӯз аз тарафи онҳо бунёди садҳо иншоот сурат гирифтааст, ки қобили тавсиф аст.
Намунаи барҷастаи рушди деҳот тавассути заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаро мо дар кору пайкори соҳибкорони саховатпешаву сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидем, ки чӣ гуна дар фурсати муайяне ба ободкориҳои қобили таваҷҷуҳ даст ёфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон қисмати зиёди иншооти сохташударо дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор дода, зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилоят заҳмати созандаи мардуми шаҳри Кӯлоб намунаи ибрат хонданд. Албатта, ободии ҳар як гӯшаи диёр дар маҷмӯъ ободии кишвар буда, вусъати корҳои созандагӣ дар ҳама шаҳру деҳоти мамлакат, ки ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд, аз баракати рӯзгори оянда ва зиндагии пурсаодати мо башорат медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар шоҳроҳи тараққиёти устувор қарор дошта, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонем кишвари худро неруманд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам шинохтатар гардонем.
Комилҷон РАҶАБОВ,
донишҷӯи соли 4-уми факултаи
таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ