Адаб ҳусни инсон аст. Оре шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунару фарханг бархӯрдор аст. Аслан ин қабила одамон фурутану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд.
Бешубҳа, ҳар ҷо, ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумуъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки субот бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст, ки Луқмони Ҳакимро пурсидаанд, то адабро аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: “Аз беадабон. Ҳарчи аз эшон дар назарам нописанд омад, пархез кардам.” Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад.
Мутаассифона, на хама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеь ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар мадди аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад.
Фирдавси ШЕРАЛӢ,
донишҷӯи соли 3-юми
факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг