Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОРЗУҲО НАМЕМИРАНД…

ОРЗУҲО НАМЕМИРАНД…

by admin
520 views

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

         Зиндагиро орзу ширин намуд.

Бе умеду орзу зиндагӣ маъное надорад. Ин орзӯҳоянд, ки моро ба зиндагӣ дилгарм месозанду ба мо нерӯи ба пеш ҳаракат карданро медиҳанд. Шахсе, ки орзую умеде надорад, ҳама чиз барояш якрангу бемаъност, чун ин орзу аст, ки зиндагии моро рангин месозад. Ба ақидаи ман дар дунё шахсе нест, ки орзуе надошта бошад ва барои расидан ба он талош накунад. Вақте инсон орзуе дорад, ӯ кӯшиш мекунад, ки бо кадом роҳе набошад, онро амалӣ кунад ва ин кӯшиш ӯро аз торикиҳо ба рӯшанӣ мебарад. Орзӯ он чизе нест, ки ту дар бистари хобат ба он фикр карда хоб кунӣ, балки барои он талош бояд кард. Баъзеҳо бо каме ба сарашон омадани сахтӣ аз орзӯҳояшон даст мекашанд. Онҳо дилшикаста шуда, мегуянд «Орзӯҳоям барбод рафт, дигар орзӯе доштан намехоҳам». Вале ин фикр хато аст, чунки орзӯҳо намемиранд, балки моро то рӯзи охирин ҳамроҳӣ мекунанд ва аз мо талабгори онанд, ки онҳоро тарк накунем ва барои расидан ба онҳо мубориза барем.

Хонандаи азиз, агар ту ҳам орзуе дошта бошӣ, аз он даст накаш, чунки шояд барои ба он расидан фақат як қадам монда бошаду ту ширинии зиндагиатро дарёбӣ.

Салтанат РАҲИМОВА,

донишҷӯи соли 4-уми

факултаи филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment