Home ДАСТОВАРҲО ҶОЙИ СЕЮМ ДАР ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2019»

ҶОЙИ СЕЮМ ДАР ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2019»

by admin
295 views

Аз санаи 16 то 18-уми январи 2020 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» баргузор гардид. Озмун дар байни вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе (аз ҳар як вилоят ва минтақа 1 нафар иштирокчӣ дар маҷмӯъ 5 нафар) гузаронида шуд. Озмуни мазкур дар 7 давр гузаронида шуд, ки чунин даврҳо мебошанд: муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст додан ба 10 савол ва маҳорати кор дар компютер.

Ҳамаи иштирокчиён дар даврҳои зикршуда кӯшиш мекарданд шартҳоро пурра ва бехато иҷро намуда, холи баланд гиранд.

Аз вилояти Хатлон Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи география ва туризми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон омӯзгори фанни географияи Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Турсунзода Некрӯз ҳамчун иштирокчӣ ширкат варзид.

Турсунзода Некрӯз дар даврҳои шаҳрӣ ва вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дар байни тақрибан 45 000 омӯзгор аз ҳамаи ноҳияҳои вилояти Хатлон ғобил омада ба ин озмун роҳ ёфта буд. Дар даври ниҳоии озмун низ Турсунзода Некрӯз донишу маҳорати хуб нишон дод. Махсусан, дар давраи муаррифии таҷрибаи корӣ ӯ зикр намуд, ки муаллифи 5 дастури таълимӣ доир ба география мебошад. Ғайр аз ин шогирдонаш дар даври вилоятии олимпиадаҳо соҳиби 28 ҷойи ифтихорӣ ва дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, соҳиби 8 ҷои ифтихорӣ гардидаанд. Дар мавзӯи «Мамлакатҳои мутараққӣ» дарси конкурсӣ гузаронида, аз ҷониби ҳакамон баҳои хуб гирифт.

Дар ҷамъбаст омӯзгори забони англисии литсейи математикии № 1-и шаҳри Хуҷанд Каримова Дилафрӯз «Омӯзгорисоли Тоҷикистон-2019» шуда, Турсунзода Некрӯз ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Related Articles

Leave a Comment