Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМУСОҲИБА МАҲМАДУЛЛО ИБОДОВ: ДАР ИЛМ БОЯД ПРИНСИПИ БЕҒАРАЗӢ РИОЯ КАРДА ШАВАД!

МАҲМАДУЛЛО ИБОДОВ: ДАР ИЛМ БОЯД ПРИНСИПИ БЕҒАРАЗӢ РИОЯ КАРДА ШАВАД!

by admin
422 views

Ин навбат хостем, то бо яке аз олимони некноми ҷумҳурӣ, профессори кафедраи фалсафаи донишгоҳ устод Ибодов Маҳмадулло оид ба зиндагинома ва фаъолияти омӯзгории он кас мусоҳибае анҷом бидиҳанд. Фишурдаи мусоҳиба пешниҳоди хонанда мегардад.

Ибодов Маҳмадулло Орифович, олим, номзади илмҳои фалсафа (1977), доктори илмҳои фалсафа (1991), профессор (1992), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998) мебошад.

Аъзои Шӯрои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2013), вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси комиссияи доимии назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб «оид ба маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо ҷавонон ва оила» (1985 – 2014) ҳаст.

Маҳмадулло Ибодов 15-уми октябри соли 1948 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Мӯъминобод, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1969 факултети биологияи Унверситети давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1971-1975 муаллим, муаллими калони кафедраи фалсафаи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ. Солҳои 1975-1977 аспиранти Институти фалсафаи АИ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Солҳои 1978-1980 декани факултети забон ва адабиёти рус, коромӯз-тадқиқотчии Институти фалсафаи АИ Булғория (1980-1981), докторанти Институти фалсафаи АИ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1987-1989), мудири кафедраи фалсафа (1989-1993), ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ (1993-2000), ноиби ректор оид ба таълиму тарбия (2000-2005), ноиби ректор оид ба таълим (2005-2013), профессори кафедраи фалсафа (2013 то имрӯз).

Соли 1977 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Дар бораи асосҳои диалектикӣ-материалистии консепсияи дараҷаҳои сохтории низомҳои материалӣ» дар шаҳри Маскав рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 1991 бошад, рисолаи докториро таҳти роҳбарии яке аз олимони намоёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор В.А. Лекторский дар мавзӯи «Самтнокӣ ва прогресс дар таҳҳавулоти табиати зинда» (таҳлили методологӣ) дар шаҳри Маскав ҳимоя намудааст.

Ӯ дар рисолаи доктории хеш аввалин маротиба аҳамияти фалсафӣ ва методологии категорияи «самтноки»-ро дар раванди таҳаввулоти табиати зинда исбот намудааст.

Яке аз аввалинҳо шуда аҳамияти фалсафӣ ва ҷаҳонбинии «принсипи антропӣ»-ро барои фалсафаи илми муосир пешниҳод намудааст.

Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот бо роҳбарӣ ва дастурҳои ӯ 5 нафар оид ба масъалаҳои рӯзмараи фалсафаи муосир рисолаҳои номзадӣ Турева З., Гулаҳмадов Ш., Назаров Р.Н., Қурбонов А.Ш., Шамолов А., Қодиров К.Б., рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд.

Профессор Ибодов М.О. муаллифи бештар аз 60 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 9 монография ва 6 дастури ёрирасони таълимӣ ва 44 мақолаи илмӣ мебошад.

 Ассалому алейкум, устод. Чӣ ҳолу аҳвол доред ва ҳоло ба кадом корҳо машғул ҳастед?

— Шукри Яздони пок, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдати миллии кишвар дар иҳотаи фарзандон, пайвандон, ёру дӯстон ва ҳамкорон бо орзу ва умедҳои нек ба оянда қадам зада истодаем.

Дар қолаби як навиштаи кӯчак ҷавоб додан ба ин савол хеле мушкил аст. Дар шакли фишурда шарҳи ҳол чунин аст. Бештари вақти холигии худро ба корҳои илмӣ-таълимӣ сарф менамоям. Соли равон ду монография ва чанд мақолаҳоям рӯи чоп баромаданд. Мавзӯи фармоишии нав “Идеяи таҳаавулотгароии глобалӣ дар фалсафаи илм”-ро ҳамроҳи ҳамкорон профессор Мирзоев С.С. Абдуллоев Н., Камолов Ш., Ғаюров Л. пешниҳод намудем. Роҳбари илмии докторанти PhD Камолов Ш. ва унвонҷӯён Зайналов Қ. Раҷабовро ба ӯҳда дорам. Ба аспирантони курси якум барои супоридани имтиҳони номзадӣ аз фанни “Фалсафаи илм” дарс мегӯям. Дар курсҳои якуми магистрантҳои ҳамаи факултаҳо (зиёда аз 150 нафар) аз фанни “Тарих ва фалсафии илм” ва донишҷӯёни курси дуюми факултаи забонҳои хориҷӣ аз фанни “Фалсафа” дарс гуфта истодаам. Дар ҳолатҳои зарурӣ дар кафедраи фалсафа ба ҳамкорон, махсусан ба омӯзгорони ҷавон, ки аксарашро ташкил додаанд, ёрии амалии хешро дареғ намедорам.

Ёрии илмӣ-педагогии зиёда аз 10 солаи ман натанҳо барои ҳамаи омӯзгорони кафедраи фалсафа, балки барои кулли аспирантон, докторантон, унвонҷӯёни донишгоҳ, ки аз фанни “Фалсафаи илм” имтиҳони номзадӣ месупоранд, пайваста мерасид.

Дар ҳама дарсҳои номбурда шогирдонро дар рӯҳияи хушахлоқӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои муққадаси миллӣ тарбия намуда истодаем.

Шумо, ки фарзанди деҳқон ҳастед ва дар деҳа калон шудаед, бигӯед, ки чӣ гуна дар зиндагӣ фарзанди як деҳқон метавонад дар илм ва ё дигар соҳаҳо муваффақ шавад?

— Воқеан ҳам, даврони кӯдакӣ ва мактабии ман дар деҳаи Навобод (Панҷсола)-и хоҷагии ба номи Шаталови (ҳоло С. Зарипов) ноҳияи Кӯлоб гузаштааст.

Падар ва модарам деҳқон (колхозчӣ) буданд ва аз саҳар то бегоҳ дар саҳрои колхозӣ меҳнат мекарданд. Дар он давра шароит ва зиндагӣ осон набуд. Заминҳои ботлоқи хушкшудаи пӯшидаи қамишзор буданд. Падарон каланд мекарданд, модарон ва мо фарзандон аз қафо алаф чида тоза мекардем. Оби тозаи ошомиданӣ набуд, аз ҷӯйҳои ифлос об менӯшиданд ва бисёриҳо ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор мешуданд. Чунин аҳвол дар мавсими пахтачинӣ низ идома меёфт. Дар ин давра мушкилоти дигари экологии тағйирнопазир аз он иборат буд, ки ҳавопаймоҳои (сомолётҳои) “АН-2” аз боло дорӯҳои заҳрнокро болои сари деҳқонон (колхозчиён) пош медоданд ва мардум дар замин пахтачиниро идома медоданд. Инро бадбахтии экологии ҳамон давра гуфтан мумкин аст. Бегоҳ бо ҳамроҳии падару модарам аз саҳро бармегаштем, он вақт (солҳои 1955-1962) барқ набуд, ҳама ҷо торик, танҳо фонусҳои (лампаҳои) карасинӣ буду бас.

Шабона паси ҳамин лампаҳои торик, ки дӯди ғализ доштанд, нишаста дарс тайёр мекардем. Саҳаргоҳон ҳангоми ба дарс рафтан нақлиёт набуд, роҳҳо сангфарш нашуда буданд, дар баҳорону замистон то зонӯ лойолӯд мешудем. Мо талабагон ба мӯзаҳои резинӣ ба дарс рафта меомадем. Баъди дарс боз ба кори саҳро ба ёрии падару модар мерафтем. Ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ он давра нигоҳ накарда, мо супоришҳои муаллимон, вазифаҳои хонагиро ҳамеша иҷро мекардем ва бо баҳои хубу аъло мехондем.

Соли 1964 пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Ильичи хоҷагии С.Зарипов мақсад гузоштам, ки ба Донишкадаи савдои шаҳри Самарқанд ба хондан меравам. Вале қиблагоҳам маслиҳат доданд, ки касби савдогариро ташвишаш бисёр аст, биё ба Университети давлатии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рав ва касби муаллимиро интихоб намо. Бо дуои падар ба факултаи табиатшиносӣ, ихтисоси биологияи Университет дохил шудам ва онро соли 1969 бо дипломи аъло хатм кардам.

Пас аз хатми Университитет (1969) ба сабаби нарасидани офитсерон маро ба хизмати 2-солаи командири взвод даъват намуданд. Баъди хизмати ҳарбӣ, моҳи августи соли 1971 бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор омадам. Дар донишгоҳ аз августи соли 1971 то имрӯз — 48 сол дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, доктори фалсафа, профессор, декани факулта, мудири кафедра, ноиби ректор оид ба тарбия ва 13 сол ноиби ректор оид ба таълим ва ҳоло прафесори кафедраи фолсафа кору фаъолиятро давом дода истодаам. Ифтихор аз он дорам, ки имрӯзҳо обрӯ ва эътибори донишгоҳи азизам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд гашта истодааст.

Имрӯз Шуморо ҳамчун як олими тавоно дар доираҳои илмӣ мешиносанд ва ба шахсиятатон эҳтиром мегузоранд. То ба ин сатҳ расиданатон кӣ бештар кӯмакатон кардааст?

Қабл аз ҳама бо мадади Яздони пок ва баъдан дастгирии падар ва модари деҳқонзодаам. Дар давраи донишҷӯӣ (солҳои 1964–1969) падар ва модари деҳқонзодаам кӯмаки ҳамаҷониба менамуданд. Иловатан ҳар сол маро ба ноҳияи Шаҳритӯс ба ҷамоварии пахтаи маҳиннах мебурданд ва дар ҷамъбасти ин маърака маблағи муайян пайдо карда, баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе барои худ сару либос харидорӣ менамудем.

Дар давоми таҳсил дар аспирантури Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1975-1978) 90 рубл идрор мегирифтам ва шабона дар як анбор бор фароварда, ба ман 100 рубли дигар ҳақ медоданд. Новобаста ба чунин вазъияти душвори зиндагӣ як сол пеш аз муҳлат (соли 1977) рисолаи номзадиямро ҳимоя намуда, ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргаштам.

 Солҳои 1987-1989 таҳсилро докторантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ собиқ СССР идома дода, соли 1991 рисолаи доктории хешро ҳимоя намуда, ба шаҳри Кӯлоб баргаштаам. То соли 1990 дар вазифаҳои гуногуни маъмурӣ кор ва фаъолият менамудам.

Соли 1980 аз Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мактуб оид ба иштироки олимони донишкада ва донишгоҳҳо дар озмун барои ноил гаштан ба роҳхати кор дар кишварҳои хориҷӣ ворид гардид. Ман дар ин озмун барои фиристодан ба шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғория ноил гардида, моҳи октябри соли 1980 вориди сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри София гардидам. Ба ман роҳхати коромӯз-тадқиқотчиро ба Пажӯҳишгоҳи АИ Булғория дар шаҳри София супориданд. Ҳамин тавр, аз октябри 1980 то августи 1981 дар Пажӯҳишгоҳи номбурдаи шаҳри София кор ва фаъолият доштам. Барои ман аз нигоҳи илмӣ-фалсафӣ ва ҷаҳонбинӣ як университети дигар буд.

Чунон ки мебинед, дар ҳамаи зинаҳои тайкардаи ҳаёт ва фаъолияти хеш мустақилона, содиқона бо масъулияти баланд ва завқи бепоён ба касби худ кор карда, то ба имрӯз омада расидем.

Собиқаи зиёди кори омӯзгорӣ доред. Бигӯед, ки касби омӯзгориро чӣ тавр дарёфтед ва кадом корҳои мушкилро дар ин самт пушти сар кардаед?

 Ба ин саволи шумо ман дар саволи қаблӣ ҷавоб додам. Аввал бо розигии Яздони пок ва баъдан қиблагоҳам Сафаров Ибодулло, ки маро аз сафари Донишкадаи савдои шаҳри Самарқанд баргардониданд, даст ба дӯо бардоштанд, ки писарам касби муқаддаси омӯзгориро интихоб намоед. Мушкилоти пуштисар кардаамро дар ин роҳ аллакай дар саволи қаблӣ иброз доштам .

Шумо, ки 7 сол ноиби ректор оид ба тарбия ва 13 сол ноиби ректор оид ба таълим кор кардаед, нахуст дар бораи тарбия ва баъдан дар бораи таълим чанд ҳарф мегуфтед.

 Моҳи декабри 1993 буд, ректор академик Каримов С.К. маро даъват карда, пешниҳод намуданд, ки Шумо минбаъд ҳам вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва ноиби ректор оид ба тарбияро пеш мебаред. Ин давраи идомаи ҷанги шаҳрвандӣ буд, бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, ғоратгариҳо, азҷумла донишгоҳро гирифта буданд. Бо назардошти чунин ҳолати ташвишовар, маъмурияти донишгоҳ лозим шуморид, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии тарбиявӣ-сиёсӣ дар байни донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон аз ҳисоби профессорон ва омӯзгорон гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ ташкил карда шавад. Бо гурӯҳи мазкур профессорон Ғуломов И.Н., Акбаров Р.А, Саидов Р.С., Азизов С.А., дотсентон Иброҳимов Г.И., Табаров М.Т., Азамов Х.С., Юнусов С.С., Мирзоев С.С., Мирзоев Ғ.М., Саидҷаъфаров Ш.С. ва дигарон шомил буданд. Дар машварати аввалини гурӯҳи мазкур масъалаи пешниҳоди мудири шуъбаи таълим ба миён гузошта шуд ва номзадии дотсент Иброҳимов Г.И. якдилона қабул гардид. Дар ҷаласаи мазкур мо ҳама ба хулосае омадем, ки бо сабаби коста гардидани обрӯи омӯзгор, мо пайваста баланд бардоштани “Идеали омӯзгор”-ро тарғибу ташвиқ намоем. Омӯзгоронро вазифадор намоем, ки барои шогирдон намунаи ибрат, ҳамдард, ғамхору дилсӯз бошанд. Вале дар он давра фаъолияти омӯзгорон вазнин буд. Дар фасли зимистон барқ намешуд, боми қариб ҳамаи синфхонаҳо мечакид, мизу курсиҳо, тахтаҳо таъмирталаб буданд. Маводҳо ва лавозимоти таълимӣ намерасиданд, вале мо рӯхафтода намешудем, тавассути сабру таҳаммул ва талошҳои маъмурият, устодон, кормандон ва донишҷӯён мо ин рӯзҳои сангинро паси сар намудем, ба рӯзҳои нек низ расидем. Ин давра солҳои 1993-2000 буд.

Соли хониши 2000-2001 фаро расид ва ректор академик Каримов С.К. маро даъват намуда гуфтанд, ки акнун мо бояд диққати ҷиддиро ба ташкилӣ ва рушду нумӯи раванди таълим диҳем ва маро ба вазифаи ноиби ректор оид ба таълим ба Вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар он шароите, ки ҳоло зикр кардем, ташкилӣ, такмил ва рушди раванди таълим кори осон набуд. Дар биноҳои таълимӣ оддитарин шароит барои раванди таълим муҳайё набуд, китобҳои дарсӣ намерасиданд, лабаратория, озмоишгоҳҳо ва ғайра кӯҳна шуда буданд. Нақшаҳои таълимӣ пай дар пай тағйир меёфтанд, омӯзгорон маоши ночиз мегирифтанд, донишҷӯён бо як дафтари “энсиклопедӣ” ба дарс меомаданд. Китобхонаи донишгоҳ қариб ки холӣ буд ва дигар мушкилоте, ки шарҳи пурраи онҳо навиштани мухтасари алоҳидаро талаб менамояд. Вале новобаста ба ин ҳолат бо дастгирии ҳамагон раванди таълим дар донишгоҳ мушкилиро убур карда, ба як низоми муайян дароварда шуд. Дар ин ҷода саҳми маъмурияти донишгоҳ, Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ қабли қайд мебошад. Дар ҷаласаҳои онҳо мавриди арзёбӣ қарор додани усулҳои навини таълиму тарбия, таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илмӣ–педагогии ҳайати омӯзгорон, баррасии масъалаҳои педагогӣ ва психологии мактабу маориф ва амсоли онҳо барои таълими минбаъдаи раванди таълим саҳми муносиб гузошта буд.

Имрӯз боиси ифтихор ва хушнудии ҳайати донишгоҳ аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ҳозиразамони маъмурӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ қомат афрохтааст, ки дар он кафедраҳо, синфхонаҳо бо асбобу анҷомҳои замонавӣ, марказҳои таҳлилӣ, маркази интернет, китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Аммо дараҷаи сифати таълим ва тарбия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Оид ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш 10-уми сентябри соли 2019 дар кушодани боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуданд.

Барои донишҷӯён ва магистрантҳои имрӯза тамоми шароитҳои моддӣ-техникӣ ва иттилоотӣ таъмину муҳайё мебошад, вале мутаассифона шавқу завқ ба китобхонӣ, ба дарс, масъулияти ҷиддӣ нисбат ба аз худ намудани талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ, иҷрои корҳои мустақилона, супоридани рейтингҳо ва амсоли онҳо мутобиқи талаботи рӯз ба роҳ монда нашудааст.

Дар ин вазъият вазифаи омӯзгор аз он иборат аст, ки ба касби хеш натанҳо чун воситаи пешбурди зиндагӣ муносибат намояд, ҳамчунин кӯшиш намояд, ки фанни таълимии худро чун муттахасис донад, завқи онро дар зеҳни шогирдон ҷой дода тавонад ва маҳсули кори худро боадолатона талаб намояд.

 Ба назари таҳлилгарон донишҷӯёни имрӯза аз мутолиа хеле дур шуданд. Онҳо китобхонаҳои зебои бехонандаро далел меоранд. Ба фикри Шумо чаро эътимоди донишандӯзон нисбат ба хондан аз байн рафтааст?

 Дар илми фалсафа ин ҳолатро бегонашавӣ меноманд, ки сабабҳои иҷтимоӣ-таърихӣ, психологӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳоро дорад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муносибати хонандагон, донишҷӯён бамаротиб нисбат ба дарс, китобхонӣ ва ҳурмату эҳтироми муаллим коста гардида буд.

Мутаассифона, ин иллати номатлуб дар мафкураи ҷомеа як давраи муайян идома ёфта буд, ки хушбахтона, солҳои охир ҳалли худо ёфта истодааст.

Сабаби дигар дар он аст, ки олимон ва коршиносони маъруф ҷомеаи имрӯзаро “иттиллотӣ-технологӣ”номгузорӣ намудаанд, ки дар он истифодаи воситаҳо ва дастгоҳҳои иттилоотӣ-техникӣ, аз қабили китобхонаи электронӣ, интернет, почтаи электоронӣ, видеокамераҳо, телефонҳои электронӣ (мобилӣ), низомҳои радиотехникӣ ва амсоли инҳо ба мадди аввал гузошта шудааст. Донишҷӯёни имрӯза аз ин воситаҳои зикргардида пурра бархӯрдор буда, тавҷҷӯҳи онҳо ба мутолиаи китоб дар китобхона паст гардида истодааст.

 Ба назари Шумо ҳоло соҳаи маориф кадом мушкилот дорад ва шумо мехоҳед, ки онҳо ислоҳ шаванд?

Масъалаи асосие, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маорифи ҷумҳурӣ гузоштаанд, ин баланд бардоштани дараҷаи сифати таълиму тарбия мебошад.

Таёр намудани мутахасисон барои соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ мутобиқи талаботи бозори меҳнат, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Мутобиқ гардонидани раванди таълим ва таёр намудани кадрҳои баландихтисосро ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти илмии касбӣ боз ҳам ташкил додан лозим аст.

Ба андешаи мо, пай дар пай ва бемаврид иваз шудани нақша ва барномаҳои таълим, ҳамчунин китобҳои дарсӣ ба шиддату самаранокии раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Дар гузашта нақшаҳои таълимии “Бакалавр” 4+1 “Мутахассис” то 5 сол амал карда, баъдан мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ тағйир дода шуда буданд. Раванди таълим бошад, бонизом ва бе мушкилот мегузашт. Чунон ки маълум аст, норасогии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи забони англисӣ, чинӣ (хитоӣ), олмонӣ, русӣ эҳсос карда мешуд. Ҳамчунин, эҳтиёҷот ба мутахасисони болаёқат дар соҳаи радиофизика, радиоэлектроника, информатика-барномасоз, технологияҳои информатсионӣ ва риёзиёт, ки тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад, ҷой дорад. Дар таърихи фалсафа омадааст, ки аҳамияти риёзиётро ҳанӯз дар Юнони Қадим Арасту, Пифагор, Эвклид ва дигарон гузошта буданд. Дар даромадгоҳи Академияи Афлотун шиори зерин навишта шуда буд: “Касе риёзиётро намедонад, даромадан манъ аст”.

Дар лаборатория ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқи донишкада ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ воситаҳои техникӣ-таълимӣ ва асбобу анҷомҳо аз давраи Шуравӣ мерос мондаанд, бисёри онҳо корношоям гаштаанд. Хуб мешуд, ки барои аз нав таҳҷизонидани онҳо чораҳои судманд андешида шавад. Аз сабаби камбудии маблағ донишкада ва донишгоҳҳо имкони харидорӣ намудани онҳоро надоранд. Дар ин ҷо иҷозати дастгоҳҳои Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илм лозим аст.

Дар ҳамаи мактабҳои олӣ теъдоди муайяни донишҷӯёни оиладор таҳсил менамоянд ва қисми зиёди онҳо иҷоранишин мебошанд. Хуб мешуд, ки барои онҳо хобгоҳи алоҳида ташкил карда шавад.

Масъалаи дигар, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Иддае аз ҷавонони сустиродаи мо бо роҳу воситаҳои гуногун ба ин гурӯҳҳое, ки на дин, на мазҳаб ва на миллат доранд, шомил мешаванд. Аз ин рӯ, масъулини соҳаи маорифи ҷумҳуриро лозим аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои низоъандоз, ифродгаро ва террористӣ диққати боз ҳам ҷиддӣ диҳанд.

Омӯзгори имрӯзарао чӣ гуна дидан мехоҳед?

— Чунон ки маълум аст, бузургмардони олам омӯзгорро “хуршеди оламтоб” номида, назди ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Омӯзгор тарғибгари илму дониш, ахлоқи ҳамида, фарҳангу фазилати инсонӣ мебошад. Вай тамоми ҳастии хешро ба шогирдон ва соҳиби маърифату илм гардонидани онҳо мебахшад. Чунин хислатҳоро мо дар симои устоди донишгоҳ педагог ва методисти маъруфи ҷумҳурӣ, профессор Ғуломов Ислом мебинем. Устод Ғуломов Исломро аз давраи аввали ба донишгоҳ ба кор омаданам (соли 1971) мешиносам. ӯ дар давоми таҷрибаи зиёда аз 50-солаи педагогии хеш ҳачун омӯзгори покфиҷдон, хушахлоқ, хайрхоҳ, серталаб ва дорои дигар фазилатҳои инсонӣ кор карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум, агар гӯем хато намекунем “Идеали омӯзгор” гардидааст. Орзӯи онро дорем, ки дигар омӯзгорон аз устод Ғуломов И.Н. сабақ омӯхта, пайравии ӯро намоянд.

Мегуфтед, ки муносибат ба илм чӣ гуна бояд бошад?

— Талаботи асосӣ дар фаъолияти илмӣ идеяҳои худро пешниҳод ва чоп кардан лозим аст. Дар мунозираи илмӣ ба хусусиятҳои шахсии мусоҳиб кордор шудан ҷоиз нест. Натиҷаҳои мусбат ва манфии тадқиқоти худро ба саҳми ҷамоаи илмӣ расонидан лозим аст.

  Агар барои асоснок намудани кори илмӣ-тадқиқотӣ истифода аз натиҷаҳо ва хулосаҳои илмии муаллифони дигар лозим мешавад, дар поварақ овардани иқтибос ҳатмист. Забони илм бояд ба принсипҳо ва талаботи илми мантиқ ҷавобгӯ бошад. Баъзан забони муоширати илмӣ натанҳо дар соҳаҳои ҳамшафат, инчунин дар ҳамон як соҳаи илм мушкилфаҳм аст.

Дар илм бояд принсипи беғаразӣ риоя карда шавад. Бояд, ки ҳақиқат мақсади асосии ҳар як олим бошад. Дигар паҳлӯҳо, аз он ҷумла, самараи пулию молӣ, обрӯ ва шарафёбӣ дуюминдараҷа мебошанд.

Агар олим боварӣ ҳосил кард, ки идея, консепсия, назарияи эътимодбахш нестанд, бояд мардонавор аз онҳо даст кашад ва дигар талабот низ ҷо доранд.

Устоди азиз, ба назари Шумо барои ҳимояи рисолаи номзадӣ чанд сол лозим аст, то муҳаққиқ онро дифоъ кунад?

— Дар давраи Шӯравӣ барои номзади илми шудан ҳатман як сол зинаи коромӯзиро мегузашт ва баъдан 3 сол дар зинаи аспирантура таҳсил менамуд.  Дар он давра аксари тадқиқотчиён дар 3 сол рисолаи номзадӣ ҳимоя намояд. Ҳоло бо истифода аз имкониятҳои иттилоотӣ-технологӣ (китобхонаи элетронӣ, интернет ва амсоли инҳо) тадқиқотчӣ метавонад дар 2 сол рисолаи номзадии хешро ҳимоя намояд. Албата, агар муҳақиқ масъулиятшинос ва завқи кори илмӣ бурданро дошта бошад. Роҳи дигар ин бурдани кори илмӣ дар зинаи коромӯзӣ мебошад. Муҳаққиқ метавонад дар 2 ва зиёд сол рисолаи худро аз рӯи принсипи “Бо кӯшишу тавон, шавад ҳамоғӯши кон” ҳимоя намояд.

Ба фикри Шумо кадом омилҳоро сабаби паст шудани ахлоқи ҷомеа мегардад?

— Масъалаи мазкур муракаб ва гуногунҷабҳа мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки пойдор набудани ҳамҷурии (диалектикаи) инсон ва ҷамъият дар ҳар замона боиси коста гардидани маънавист, қабл аз ҳама ахлоқ мегардад. Ба андешаи мо инсони имрӯза бештар ба соҳибкорӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва дигар соҳаҳои корчалонӣ ва амсоли онҳо бештар ҷалб шудааст. Вай ғолибан барои ба даст даровардани фоида (пул), чизҳои арзишнок ва молу мулки арзишманд майл дорад. Вале ӯ аз бархӯрдоршавӣ аз фарҳанги солими маънавӣ, азҷумла ахлоқи ҳамида худро дар канор мегирад. Ин яке аз омилҳои асосии паст шудани ахлоқи ҷомеа ба шумор меравад. Омилҳои дигар чунин мебошанд:

— афзоиши беадолатии иҷтимоӣ;

— бекорӣ, қаллобӣ, қонуншиканӣ, тамаъҷӯӣ;

— паст шудани сатҳи зиндагӣ;

— паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ;

— бедиққатӣ ба ҳуқуқу манфиатҳои шахс;

— паст будани сифати таълиму тарбия;

— хавфи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби террористӣ ва ифротӣ.

Мақсад фақат барои паст задани дастовардҳои миллӣ, расонидани зарар ба маънавиёти ҷомеа, барангехтани низои миллӣ, тағйири сохти қонунӣ (конститутсионӣ) ва дигар амалҳои номатлуб мебошад, ки албатта ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Таманиёти Шумо ба наврасон, донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон чист?

— Аз даргоҳи Яздони пок ба ҳамагон сиҳативу саломатӣ, аз бар кардани донашҳои замонавӣ, иқболу обрӯ, мувафаққияту комёбиҳои бенуқсро дар зиндагию таҳсил, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифатро таманно дорам. Ҳамагон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, аз падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаро зери хатар монда истодааст, худро эмин нигоҳ доранд, муҳофизони ҳақиқии кишвари биҳиштосои худ бошанд.

Ташаккур, барои суҳбати самимӣ.

— Сипосгузорам.

Мусоҳиб

Ҷаҳонгир РУСТАМШО

Related Articles

Leave a Comment