Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМУСОҲИБА ХУРСАНД АЪЗАМОВ: ДОНИШҶӮЁН ОМӮЗГОРИ СОХТАРО АЗ ОМӮЗГОРИ ҲАҚИҚӢ ФАРҚ КАРДА МЕТАВОНАНД…

ХУРСАНД АЪЗАМОВ: ДОНИШҶӮЁН ОМӮЗГОРИ СОХТАРО АЗ ОМӮЗГОРИ ҲАҚИҚӢ ФАРҚ КАРДА МЕТАВОНАНД…

by admin
463 views

Хостем, то бо яке аз олимони шинохтаи ҷумҳурӣ номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аъзамов Хурсанд оид ба зиндагинома, фаъолияти омӯзгорӣ ва баъзе аз масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва ҳаёти сиёсӣ мусоҳибае анҷом диҳем. Фишурдаи мусоҳиба пешниҳоди хонандагон мегардид.

АЪЗАМОВ Хурсанд Саидович. 7-уми декабри соли 1943 дар деҳаи Пуштаи Зардолуҳои ҷамоати Айлонии ноҳияи Балҷувони (собиқ ноҳияи Сарихосор) дар хонадони хизматчӣ таваллуд шудааст. Муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1993), дотсент (1990), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995) мебошад. Хатмкардаи факултаи таърихи Унивеоситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1972) ҳаст. Таҳсил дар мактаби 8-солаи №16 ба номи Алишери Навоӣ ва мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳозира ноҳияи Вахш), донишҷӯ (1964-1972), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1964-1967), ассистенти кафедраи таърихи СССР-и УДТ (1972-1974), инструктори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи комитети партиявии ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе (1974-1975), омӯзгор, муаллими калони кафедраи таърихи КПСС (1975-1986) ва ҳамзамон ректори Университети марксизми-ленинизми назди комитети партиявии вилояти Кӯлоб (1983-1987), мудири кафедраҳои коммунизми илмӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва сиёсатшиносии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1986-2002), мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2002-2004), ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2004-2008), декани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008-2009), раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб (2009-2011), мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011-2013). Аз соли 2013 дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебоша. Дар мавзӯи «Чорабиниҳои Партияи коммунистии Тоҷикистон оид ба афзудани фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсии синфи коргар дар солҳои панҷсолаи нуҳум» (1983, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 4 монография, як дастури методӣ ва беш аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Бо медали ҷашнии «Бист соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» (1965), нишони нуқрагии «2700-солагии Кӯлоб» (2007), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», (1995), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ассалому алейкум, устоди гиромӣ. Чӣ ҳолу аҳвол доред ва барои иҷрои кадом корҳо имрӯзҳо бандед?

— Пеш аз ҳама шукронаи онро дорам, ки новобаста ба шароити ҷаҳони пур ҳаводиси муосир (кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусалаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, ҷаҳонро ба марҳилаи нави ҷанги сард кашонидан, хуруҷи радикализм, экстремизм ва терроризм) ман ба ҳамроҳии тамоми шаҳрвандони ватани азизамон дар фазои тинҷӣ ва оромӣ, сулҳу субот зиндагӣ, кор ва фаъолият дорем. Ин фазои тинҷу ором, пеш аз ҳама натиҷаи кор ва фаъолият, ғамхориҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини истиқлолият, нигоҳ доштани ягонагии давлат ва ягонагии миллат ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Имрӯзҳо мувофиқи сарбории солонае, ки дорам, ба шогирдон аз фанни сиёсатшиносӣ дарс дода истодаам, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва фарҳангии донишгоҳ фаъолона ширкат меварзам ва берун аз дарс ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғулам. Масалан, соли гузашта китобе ба чоп расонидам, ки «Инсондӯстӣ ва таълимотҳои инсонпарварона» ном дорад ва боварӣ дорам, ки хонанда (алалхусус донишҷӯён) аз мутолиаи ин китоб бардошти хубе ба худ қабул мекунанд. Соли ҷорӣ бошад, китоби дигаре ба чоп расонидам, ки номаш «Аз таълимотҳои сиёсӣ ба илми сиёсӣ» ном дорад ва барои ҳамаи он донишҷӯёне, ки дарси «Сиёсатшиносӣ» мехонанд, аспирантҳое, ки дар ин соҳа рисолаҳои номзадӣ менависанд, махсусан барои омӯзгорони ҷавон аз фоида холӣ нест. Ҳоло аз рӯи мушкилоти » Радикализм, экстремизм, терроризм: таърих ва вазъи кунунӣ» тадқиқот бурда истодаам.

Дар ҳалқаи фарзандону набераҳо зиндагӣ чӣ ранге дорад?

— Маълум аст, ки дар шароити муосир тарбияи насли наврас, алалхусус фарзандону наберагон дар рӯҳияи риоя кардани одобу ахлоқи ҳамида аҳамияти махсус дорад. Ман омӯзгорам ва бояд дарк кунам, ки умри худро фақат сарфи ҷамоварии пулу моли дунё кардан, ба муқаддасоти миллӣ таваҷҷӯҳе накардан кори хуб нест. Ин тарзи рафтор ба кӯи худшиносиву худогоҳӣ роҳ намеёбад. Аз ин лиҳоз, ман ҳамарӯза кӯшиш мекунам, ки барои фарзандон ва наберагони азизам ғизои маънавӣ диҳам. Эҳтиёҷоти моддӣ бошад, дар дараҷаи дуюм меистад. Фарзандонам ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ буда, се-чор забони хориҷиро медонанд. Соҳиби фарзандони хубам ва онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ватани азизамон кору фаъолият доранд.

Ҳоло дар ҳалқаи фарзандон ва набераҳо даврони пирӣ гузаронида истодаам. Ба фарзандону набераҳо (5 набераам дар мактабҳои олӣ таҳсил менамоянд) доимо таъкид менамоям, ки маҳз тавассути бештар хондану донистани таърих, забону адабиёт ва фарҳанги гузаштаву имрӯзаи халқи худ, дар натиҷаи дӯст доштани меҳани аҷдодӣ ва дигар арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ба инсон даст медиҳад, ки дунёи маънавии худро ғанӣ гардонад. Ба фикри ман шахс ҳамон вақт ба сарҳади худшиносиву худогоҳӣ мерасад, ки барояш ғановати маънавӣ аввалиндараҷа бошад. Дар зиндагӣ ба муваффақияту нокомиҳо инсон дучор мешавад. Агар сабрро пеша кунем, ба мурод мерасем. Агар волидон солимфикру ахлоқи ҳамида дошта бошанд, фарзандони хуб ба дунё меоранд, фарзандон, набераҳо дар навбати худ одамони намоёни ҷомеа мешаванд. Мо чунин мешуморем, ки барои дар оянда ободу зебо кардани Ватани азизамон тарбияи ҳарӯзаи ҷавононро дуруст бароҳ монем, ба қадри ғамхориҳои давлату ҳукумат бирасем, то ки дар оянда ҷавонон мутахасисони хубу бомаърифат шуда ба воя расанд.

Чӣ гуна касби омӯзгориро қабул кардед? Чӣ чиз ба ин сабаб шуд? Шарҳ медодед.

— Ман соли 1964 (баъд аз хатми синфи 11-ум дар мактаб-интернати собиқ ноҳияи Қурғонтеппа) ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шудам. Ҳамон сол 22-юми ноябр ба сафи Артиши ИҶШС даъват шудам. Он солҳо аз мактабҳои олӣ ба сафи артиш даъват мешуданд. Хизматро дар қисмҳои ҳарбии кишвари Красноярск, Новосибирск ва Иркутск адо кардам. Баъд аз адои хизмат соли 1967-ум дар Донишгоҳи номбаршуда таҳсилро дар гурӯҳи русии факултаи таърих (он замон факултаҳои таъриху филология ҷудо шуда, алоҳида амал мекарданд) таҳсилро додам. Баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун омӯзгор дар кафедраи таърихи СССР кору фаъолият кардам.

Аммо касби омӯзгорӣ ҳанӯз дар мактаби миёна дар дилам ҷой дошт. Сабаб ҳамин буд, ки дар мактаб вақте ки дар синфи 9-10-11 мехондам, муаллими таърихамон шодравон И. Абдуразоқов инсони комил ва таърихшиноси босавод буданд. ӯ воқеаҳои таърихӣ ва мазмуну мундариҷаи онро чунон ширин, бо завқ, бо як ҳиссиёти ба худ хос ва асоснок нақл мекард, ки ҳамон фан дар дили талабагон, аз ҷумла ман ҷой мегирифт. Аксари хатмкрадагони синфи мо (аз 21 нафар) касби омӯзгориро бо ихтисоси таърих интихоб кардан (15 нафар).

Касби омӯзгориро барои он интихоб кардам, ки аввалан омӯзгор ба маънии омӯзонандаи ҳарф, калима, сухан, омӯзонандаи гуфтори нек, кирдори нек ва рафтари нек (Авесто), омӯзонандаи адаб ва хулқу атвори нек, омӯзонандаи одамият мебошад. Магар дуруст ба роҳ мондан ва анҷоми ин иқдомҳои неки дар боло зикргардида, кори хайр ва муқаддас нест? Омӯзгор (агар гап дар бораи омӯзгори ҳақиқӣ равад) дар ҳақиқат муқаддас аст ва аз ҳама дида кори хайрро анҷом медиҳад. Агар падару модари хуб, табиби ҳозиқ, ҳофизи хушилҳомро азизи мардумон хонед, боз ҳам ба ҳеҷ шакл омӯзгорро чун фарди азизтарини мардумон донистан меояд. Шайх Саъдӣ фармудаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Бесабаб нест, ки дар шароити кунунӣ маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Тоҷикистон ва сарвари давлатамон нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгор таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ба назари Шумо чӣ гуна омӯзгорро шогирд ҳамчун идеал қабул мекунад? Дар маҷмуъ омӯзгори мактаби олӣ ба назари Шумо бояд чӣ гуна бошад?

— Пеш аз ҳама, омӯзгор бояд рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек дошта бошад. Ин се калимаи пурмуҳтаворо авлоду аҷдодони мо 2800 сол пеш дар китоби муқаддаси «Авесто» бесабаб ворид накардаанд. Дар ин калимаҳо маънавиёт, арзиши ҳақиқии инсон, ботину зоҳири ӯ муайян мегардад. К. Маркси бузург навишта буд: «… есть люди, которые мало имеют, но многое значут, а богатство человека в том, что он нужен людям.»

Одамоне ҳастанд, ки молу мулк, сарвати бисёре ба даст овардаанд, аммо дар назди ҷомеа, одамон ҳамчун шахс ягон арзише надоранд. Инсонҳои дигаре низ ҳастанд, ки соҳиби сарватҳои бисёр нестанд, аммо барои ҷомеа одамони арзишманд ба ҳисоб мераванд. Магар бузургони мо аз Рӯдакӣ то Айнию Бобоҷон Ғафуров сарватманд буданд? Молу мулки бисёр доштанд? Не! Аммо барои одамон ва ҷаҳониён ҳаққи бе ниҳоят калони маънавӣ ва инсонӣ доранд.

Маҳатма Ганди як инсони хоксор буд, ба ҷуз як-ду либос дигар ҳеҷ чиз надошт, сари лучу пои луч мегашт, хонаю дари худро надошт, аммо амалӣ гаштани таълимоти ӯ ва талошҳои ҳамарӯзаи ӯ Ҳиндустонро аз сиёсати 200-солаи мустамликаи Англя халос кард. ,Кишвари Ҳинд мустақилият ба даст овард. Тамоми умрашро барои озодии касби худ бахшид.

Таърих нишон медиҳад, ки омӯзгор бояд пеш аз ҳама ҷиҳатҳои мусбии ҳаётро пеша кунад. Аз фанне, ки дарс медиҳад, дониши мукаммал ва ҳаматарафа дошта бошад. ӯ бояд нисбат ба донишҷӯ хайрхоҳ бошад, муносибати падарона дошта бошад, пеш аз ба дарс омадан бояд дарк кунад, ки дар синф фарзандони миллат нишастаанд, садҳо ҷуфт чашми фарзандони халқ ба ӯ духта шудааст ва ӯ бояд тарзе дарс гузарад, ки дар дили донишҷӯ ҷой гирад. Омӯзгор бояд нисбат ба донишҷӯ хайрхоҳ бошад ва аз рӯи адолат ғамхорона муносибат кунад. Ба донишҷӯ дар мавридҳои муайян гузариш карда, фазои ҳамдигарфаҳмиро ҷорӣ кунад ва нисбат ба ӯ хусумат, қастгирӣ надошта бошад. Инҳо яке аз хислатҳои беҳтарини омӯзгор мебошанд. Маҳз ҳамин хел омӯзгорро шогирдон ҳамчун идеал қабул мекунанд. Чи тавре ки гуфтем, вожаи омӯзгор эҳтиёҷе ба шарҳ надорад, онро ҳама медонанд. Омӯзгор касест, ки ба ҳама мактабиёну донишҷӯён дарс медиҳад, илм меомӯзонад, дониш ёд медиҳад, тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, омӯзгори ҳақиқӣ касест, ки ихлоси амал дорад. Падару модар низ бояд чун муаллим тарбиятгар бошанд. Омӯзгори ҳақиқӣ он касест, ки ин корҳоро беҳтару хубтар аз дигарон анҷом дода метавонад.

Обрӯи омӯзгор дар кадом ҳолат мерезад? Чӣ сабабҳост?

— Амалҳои баде, ки дар боло зикрашон рафт, агар омӯзгор амал кунад, обрӯяш мерезад. Масалан, агар омӯзгор дарси хуб надиҳад, рафтору гуфтор ва сару либосаш ба омӯзгор монанд набошад, вақти барои дарсро ба сафсата гузаронад, албатта обрӯяш мерезад.

Донишҷӯ аз дарси якум нисбат ба омӯзгор хулосаи худро мебарорад. Махсусан, агар омӯзгори ҷавоне, ки навакак ба ин кор шомил шудааст, фаъолияти омузгории худро аз ҳамин хел ҳиллаю найрангҳо оғоз кунад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар назди донишҷӯ обрӯ намегирад. Донишҷӯён омӯзгори сохтаро аз омӯзгори ҳақиқӣ фарқ карда метавонанд.

Рафтори хуб, кирдори хуб, дарси хуб, дониши мукамал, муносибати хуб, эҳтироми худ ва донишҷӯён -омилҳои муҳими обрӯ ва эҳтироми омӯзгор аст. Бидуни ин сифатҳо омӯзгор обруяшро аз даст медиҳад.

Мегуфтед, ки кадом инсонҳо дар зиндагӣ бештар муваффақ мешаванд?

— Албатта, ҳаёт аз ҷабҳаҳои гуногун ва ниҳоят мураккаб иборат аст ва инсон қобилияти омӯхтани ба пуррагӣ аз худ кардани ҳамаи онро надорад. Аз он давраҳое, ки аввалин сохти давлату давлатдорӣ пайдо шуд, наздик ба 6,5 ҳазор сол гузашта ва дар ин давра ҳазорон файласуфон, таърихшиносон, сотсиологҳо, мутафаккирони соҳаҳои гуногуни илм кору фаъолият кардаанд, асарҳои барҷаста эҷод кардаанд, хазинаи маънавӣ, моддӣ, илмӣ-техникии ҷаҳонро ғанӣ гардонидаанд, дар омӯхтани илми гузаштаву ҳозира муваффақ гаштаанд. Аммо олимони имрӯза бар он ақидаанд, ки ҳамаи он сирру асрор ва кашфиёте, ки дар гузашта анҷом шудааст, ҳамаги 3-4 фоизи онро дар бар мегираду халос. Зиёда аз 96 фоизи сирру асрори табиат то ҳол маълум нашудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи он донишҳое, ки мо дорем, ин хусусияти мутлақ не, балки нисбиро доранд. Нисбат ба фаҳмиш дар зиндагӣ муваффақ будани инсонҳо ба маънои нисбӣ ҳаст. Инсонҳое ҳастанд, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ва дар соҳаҳои касбу ҳунар ва ғайраҳо муваффақиятҳои калон ба даст овардаанд. Муваффақият дар натиҷаи сабру тоқат, меҳнату машаққат, истеъдод, ақлу фаросат, кӯшишу ҷонбозиҳои калон ба даст меояд. Сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадаст. Фақат дар натиҷи талошу ҷонбозиҳо, иродаи қаввии мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат, мақсаду маароми инсонпарварона, миллатдӯстии онҳо мо ба ин комёбиҳои бузург ноил гаштем.

Ҳар инсоне, ки вазифаи бардӯшдоштаашро содиқона анҷом медиҳад, албатта дар зиндагӣ муваффақ мешавад.

Шумо солҳои 1964-1967 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом додаед. Бигӯед, ки чаро имрӯз ҷавонон ихтиёрӣ кам ба хизмати ҳарбӣ мераванд?

— Дар даврони Шӯравӣ ба ҳар ҷавоне, ки синну солаш ба хизмати ҳарбӣ рост меомад, дарҳол аз комиссариатҳои ҳарбӣ даъватнома меомад. Дар баробари гирифтани даъватномаи даъватшаванда падару модар ва хешу табор масъулияти ҷиддӣ ҳис мекарданд, худро дар назди Ватан қарздор мешуморидаанд.

Онҳо фарзандонашонро ба як хушиву хурсандӣ ба сафи артиш гусел мекарданд. Чи тавре ки падари азази ман шодравон Саидов Аъзам маро 22-юми ноябри соли 1964 аз ноҳияи Восеъ то ба шаҳри Душанбе гусел карда буданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи саволе, ки шумо гузоштед, дар ин ҷо ман пеш аз ҳама бемасъулятии волидонро мебинам. На ҳамаи падару модар фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зарурияти ҳимояи он тарбия кардааст, ки ин камбудии ҷиддӣ мебошад.

Дуюм сабаб ин нисбатан паст будани ҷаҳонбинӣ, маданияти масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрвандии баъзе ҷавонон аст. Мо имрӯзҳо мебинем, ки аксари ҷавонон бо як рӯҳияи баланд, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ворид гашта истодаанд, аммо як қисми ҷавонон аз хизмат мегурезанд, барои ба хизмат нарафтан «як бало» карда, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Инчунин, бояд гуфт, ки солҳои пеш (давраи ҷангӣ ва аввалҳои баъдиҷангӣ) вазъи сарбозон дар артиши навбунёд он қадар хуб набуд: хурока, муносибат, тартибот ва ҳоказо. Дар мафкураи як қисми волидон, ҷавонон воҳимаҳои ҳамон солҳо боқӣ мондааст. Аз дигар тараф дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ эҳтимол тарғиботу ташфиқот суст ба роҳ монда шудааст.

Солҳои 1983-1987 вазифаи ректори Университети марксизми-ленинизми назди комитети партиявии вилояти Кӯлоб бар ӯҳда доштед. Аз таърихи КПСС хизматчиёни давлатиро дар минтақаҳо ҷамъ карда, дарс додаед. Оид ба ин каме равшанӣ меандохтед.

— Дар ин солҳо ман номзади илми таърих будам ва вазифаи мудири кафедраи «Комунизми илмӣ»-ро ба ӯҳда доштам. Ҳамзамон, ректори Университети марксизм-ленинизми назди комитети партиявии вилояти Кӯлоб будам. Дар он солҳо дар университет кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, мақомотҳои ҳизбию қудратӣ таҳсил мекарданд. Муҳлати таҳсил 2 сол буд. Баъд аз ду сол онҳо диплом мегирифтанд (дипломро аз Москва мефиристонданд). Он замон нуфузи баланд дошт. Барои кадрҳои роҳбар ин масъала ҳатмӣ буд ва ниҳоят таҳсили ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт, вазифаи ректори Университетро КМ тасдиқ мекард. Дар Университети марксизм-ленинизм якчанд факултетҳо оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Шӯравӣ ва Ҳизби Комунист буд. Дарс дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб чор маротиба дар як моҳ, дар бинои комитети партиявии вилоят мегузашт ва зери назорати қатъии котиби ҳизбӣ оид ба идеалогия буд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Данғара низ филиал доштем ва дарс бо иштироки кадрҳои роҳбарикунандаи ноҳия, аз ҷумла котибони 1, 2 ва 3-юми комитети партиявии ноҳия дар бинои комитети партиявӣ мегузашт.

Маърӯзакунандагон асосан аз ҳисоби олимони донишгоҳ буданд ва дарсҳо (лексияҳо) ду маротиба дар як моҳ мегузашт. Моро хуб пешвоз мегирифтанд, ҳурмат мекарданд. Ҳамаи баромадҳо бо забони рӯси буд. Ман бо худ 2 нафари лектор (суханрон) мегирифтам, котиби идеологии комитети партиявии вилоят бо мошини хизматии худаш маро гусел мекард. Мо, аз ҷумла худи ман чандин маротиба оид ба мушкилоти рӯзмараи сиёсати дохилӣ ва хориҷии КПСС дар назди шунавандагони Университет баромад кардаам. Ман аз он ифтихор дорам, ки дар якчанд лексияву баромадҳои ман роҳбари яке аз хоҷагиҳои бонуфуз, пешқадам, шахсияти бофарҳангу масъулиятшинос, шунавандаи Университет, сарвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст, ки волоияти фарҳанги ин шахсияти бузургро нишон медиҳад.

Дар бораи вазъи имрӯзаи илми тоҷик чӣ назар доред?

— Дар бораи вазъи имрӯзаи илми тоҷик Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд баромадҳояшон суханҳои пурмуҳтаво гуфтаанд. Имрӯзҳо мактабу маориф, илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфта истодаанд. Дар натиҷаи бо суръати баланд инкишоф ёфтани илми тоҷик, забони тоҷикӣ аз нав ҷон гирифт, таввасути софкории адибону олимон, заҳмати пайвастаи онҳо хеле суфтаву равон гашт.

Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати мо қувват гирифт ва дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт. Дастовардҳои навини илмии моро дар саросари дунё эътироф кардаанд. Адибону олимони асили мо бо офаридаҳои ҷолибашон исбот карданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони бузурги худ мебошанд. Аҳолии хурду калон сар то сар мактабхону саводнок гардидаанд, шумораи мактабҳои олӣ ҳамчун марказҳои илмӣ ба 40 адад расид. Ҳазорон мактабҳои ибтидоӣ, миёна барои толибилмон дарҳои худро боз карданд. Илми тоҷик имрӯзҳо бомуваффақият инкишоф ёфта истодааст.

Дониши донишҷӯи имрӯза Шуморо қонеъ мекунад?

— Ман солҳои 2009, 2014, 2015 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар (он вақт Қурғонтеппа) ба номи Н.Хусрав, соли 2016-ум дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва солҳои 2017-2019 дар Донишгоҳи давлатии ба номи С.Айнӣ дар факултаҳои таърих ва ҳуқуқ ба ҳайси раиси аттестатсияи давлатӣ кору фаъолият кардам. Дар ин донишгоҳҳо ҳамчун раиси аттестатсияи давлатӣ аз онҳо имтиҳон гирифтам ва аз сатҳи дониши гуманитарии онҳо бохабарам. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз фанни сиёсатшиносӣ дарс мегӯям. Ман ба сатҳи дониши донишҷӯёне, ки ба онҳо кор бурдаам, фақат аз рӯи таърих ва сиёсатшиносӣ баҳо дода метавонам. Дониши донишҷӯён бо ақидаи ман аз фанҳои номбаршуда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, ғайр аз донишҷӯёни Донишгоҳи Хоруғ. Ман дар онҷо сатҳи баланди дониши донишҷӯёнро нафақат мушоҳида кардам, балки дар амал санҷидам.

Новобаста ба он, ки як қисми донишҷӯён нисбатан дониши хуб доранд, аммо қисми зиёди онҳо ҳоло низ дониши сустро доро мебошанд. Барои мувофиқ гардидани дониши шогирдон ба талаботи имрӯза, мо ҷамеашиносон бояд кӯшишу ғайрат ва меҳнати бисёр ба харҷ диҳем.

Таманиёти Шумо!

— Таманиёти ман чунин аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки 14-уми октябри соли 1924 мо ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ба ҳайати Ҷумҳурии ӯзбекистон ворид гаштем. 16-уми октябри соли 1929 чун ҷумҳурии алоҳида ба ҳайати ИҶШС дохил гардидем. Ман мехостам, ки дар баробари ҷашнҳои бонуфузи дорои аҳамияти бузург, ки ҳамасола ҷашн мегирем, рӯзи 16-уми октябр низ ҷашн гирифта шавад. Ин сана аҳамияти калони таърихиву сиёсӣ дорад. Дар бораи аҳамияти таърихии ин сана Пешвои маззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари барҷастаи худашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» суханҳои пурмуҳтаво гуфтаанд.

Гап дар он аст, ки дар арафаи инқилоби октябр ҳолати сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми мо ба харобӣ расида буд. Аз фишорҳои бераҳмонаи бадхоҳони қудратманди дохиливу хориҷӣ халқи тоҷик рӯ ба таназзул оварда буд. Мавқеи таърихию иҷтимоии ӯ аз ҳар ҷиҳат суст мешуд. Илму адабиёт ва забони пурмояву ширадори тоҷикӣ дар шаҳрҳои бостонӣ шукӯҳу шаҳомати худро аз даст медод. Ҷабру ситами аҷнабиён кишварро хароб, мардумро пажмурда ва ноумед сохта, косаи сабрашро лабрез менамуд. Ба ин маъно метавон гуфт, ки Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз байн рафтани сулолаи Сомониён 16-уми октябри соли 1929 боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб тоҷиконро соҳиби худ кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд.

Барои мардум майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳо ободу бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародарони олимони русу русизабонҳо ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм машҳур шуданд. Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Чи хеле ки яке аз шахсиятҳои бузурги мо Устод Айни гуфтанд: «Ҳукумати Шӯравӣ ба мо ҳар чизе, ки барои зиндагии як миллат лозим буд, дод!»

Related Articles

Leave a Comment